Мизи мудаввар бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз
Имрӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар роҳбарият ва кормандони мақомот иштирок намуданд.
Чорабиниро Умед Бобозода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо Иди байналмилалии Наврӯз табрик намуд. Қайд гардид, ки халқи тоҷик Наврӯзро дар тӯли чандин ҳазор сол аз гузаштаҳо ба мерос гирифта, то ба ин рӯз онро ҷашн мегиранд ва шукрона аз он бояд кард, ки дар Тоҷикистон ҷашни Наврӯз дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таҷлил карда мешавад.
Сипас Раҷабмо Ҳабибулозода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак аз арзишҳои таърихию фарҳангии Наврӯз ёдовар шуда, иштирокчиёнро бо ин иди аҷдодӣ табрику таҳният намуд.
Барои иштирокчиёни мизи мудаввар Бобохонв С. – муовини сардори шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Наврӯз мероси ниёгони мо ” маърӯза намуд.
Инчунин кормандони мақомот оид ба хусусиятҳои хос ва аҳамияти фархангии Наврӯз ва суннатҳои фархундаи он суханронӣ намуданд.
Хадамоти матбуотии ВҲИ