Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Модар

Копия 20190307_093936

Имрӯз дар мақомоти  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба «Рӯзи Модар» бо иштироки У. Бобозода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Р. Ҳабибулозода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, С. Ғуломов — Роҳбари дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони мақомот мизи мудаввар баргузор гардид.

Чорабиниро Умед Бобозода ифтитоҳ намуда, сараввал бонувони мақомотро бо иди Модарон табрик намуда, қайд намуданд, ки мардуми соҳибфарҳанги мо аз қадимулайём ба қадру мартабаи волои модар арҷ мегузоранд ва ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми ӯ то ба имрӯз яке аз суннатҳои миллии мо ба шумор меравад. Ин аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Барномаҳои давлатии «Тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015», «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» ва ғ. қабул гардида, нақши занро дар ҷомеа мбаланд мебардоранд.

Раҷабмо Ҳабибулозода аз муборизаи занҳо баҳри баробарҳуқуқӣ ёдовар шуда, аз ҷумла зикр намуданд, ки ҳуқуқи зан дар санадҳои асосии ҳуқуқии байналмилалӣ аз қабили Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, Паймонҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ  ва оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дарҷ гардида, санади махсус яъне Конвенсия дар бораи барҳам додани табъиз нисбати занон қабул гардидааст. Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ин санадҳоро ба тасвиб расонида,  қонунгузории миллиро ба онҳо мутобиқ намудааст.

Сипас аз ҷониби Раҷабов Ш. — сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи ВҲИ ҶТ дар мавзӯи “Модар — нуру зиёи ҳаёт ва асоси бахту нишоти зиндагӣ” маърӯза карда шуд.

Дар маърӯза қайд гардид, ки ғамхорӣ, дар ҳаққи зан — модар ва ҳар чӣ бештар ҷалб намудани он ба корҳои ҷомеа ҳамеша дар мадди назари давлат ва ҳукумати мамлакат аст. Ҷашни расмии давлатӣ эълон гардидани Рӯзи Модар яке аз ин иқдомҳои ҳукумати кишвар баҳри боз ҳам баланд бардоштани мақоми Зан – Модар дар ҷомеа мебошад.

Инчуни аз суханони  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ карда шуд, ки дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ гуфта буданд: «Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем. Дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ин самт амалӣ гардида, барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд.

Барои мисол метавон аз ду соҳаи иҷтимоӣ – маориф ва тандурустӣ ёдовар шуд, ки солҳои охир дар ин сохторҳо шумораи занону духтарон бамаротиб афзоиш ёфтааст…»

Дар охири ҷамъомади тантанавӣ У. Бобозода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бонувонро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, ба аҳли хонаводаи ҳар яки онҳо бахту саодат, ободиву осоиштагӣ ва хушҳоливу хушрӯзиро таманно намуд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Модар дар Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе

Иштирок6 марти соли 2019 кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобохонов С.С. ва Салоҳиддинов М.М. дар доираи ҳамкориҳои судманд бо Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Модар иштирок намуданд. Дар чорабинӣ инчунин намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, васоити ахбори омма  ва дигарон ҳузур доштанд. Корманди мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Бобохонов С. дар чорабинӣ суханронӣ намуда, аз номи мақомот модарон ва бонувонро ба ин ҷашни фархунда табрику муборакбод намуд.

Ҷиҳати ҳамкориҳои пурсамару судманд, заҳматҳои пайгирона баҳри дастгириву кӯмакҳо ба шахсони имконияташон маҳдуд ва ниёзманд ва ба муносибати Рӯзи Модар ба директори Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе Зарипова Муҳаббат сипосномаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тақдим карда шуд.

Маркази матбуотии ВҲИ ҶТ

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАЪИН НАМУДАНИ БОБОЗОДА УМЕД

герб

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи
инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Бобозода Умед

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Бобозода Умед Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
4 марти соли 2019
№1226

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АЗ ВАЗИФАИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОЗОД НАМУДАНИ АЛИЗОДА З.

герб

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи
инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Ализода З.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ализода Зариф бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
4 марти соли 2019
№1223