Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон

Похожее изображение

Тибқи Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид аз соли 1985 инҷониб ҳар сол 15 март Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон таҷлил мегардад. Дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ин сана аз  соли 2011 инҷониб ҷашн гирифта мешавад. Аз ҷумла, дар Тоҷикистони азизамон низ  дар ин рӯз чорабиниҳои зиёд гузаронида мешаванд, ки онҳо ба тарғиби ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои истеъмолкунандагон нигаронида шудаанд, ки ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии истеъмолкунандагон дар харид ва интихоби молу маҳсулот мусоидат менамояд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар кишварамон бисёре аз шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ ҳамчун истеъмолкунанда воқиф нестанд. Надонистани ҳуқуқи худ боис мешавад, ки онҳо дар мағозаю марказҳои савдо, бозорҳо ҳангоми харид фирефта шаванд. Давлат тавассути қонунҳои амалкунанда ҳуқуқи шаҳрвандони худро ҳамчун истеъмолкунанда барои харидани моли дорои сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар кафолат медиҳад. Инчунин шаҳрвандонро аз харидории ашёи пастсифате, ки ба вазъи иқтисодии онҳо созгор нест, ҳимоя мекунад. Бо ин мақсад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» қабул карда шудааст.

Дар ин қонун ҳуқуқҳои асосии истеъмолкунандагон, ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо аз ҷониби давлат, ҳимоя аз хавфи харидории моле, ки ба ҳаёт, саломатӣ, бехатарӣ таҳдид мекунад ва ё ба поймол кардани ҳуқуқҳои қонунии шаҳрванд сабабгор мешавад, ба таври ройгон бартараф кардани нуқсони мол ё иваз кардани он, ҷуброн кардани арзиши мол ва ё мутобиқан паст кардани нархи он, барқарор кардани хисороти маънавие, ки дар натиҷаи истифодаи моли номатлуб ба миён омадааст, ахбори пурраву дақиқ дар хусуси моли харидашаванда ва тарзи хизматрасонии он ва ба истеъмолкунанда ҳуқуқано нишон дода шудааст.

Дар ҳолати пайдо шудани даъво дар вақти харидорӣ ва ё баъд аз харид намудани молу маҳсулот миёни фурӯшанда ва харидор  муроҷиати истеъмолкунанда метавонад тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ба роҳ монда шавад. Қонуни мазкур муносибатҳоро вобаста ба тартиби пешниҳод ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии онҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо, муассисаҳо, корхонаҳо сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ирсол гардидаанд, танзим менамояд.

Бояд зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба мақомоти дахлдор  супориш доданд, ки барои мукаммал гардонидани низоми идораи давлатии санитариву фитосанитарӣ, стандартизатсия, сертификатсия ва назорати байторӣ тағйироти сохтории зарурӣ амалӣ намуда, ҷиҳати пешгирии воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Аз ин лиҳоз, ба истеъмолкунандагон тавсия дода мешавад, ки дар вақти харидорӣ намудани ин ё он намуди маҳсулот, пеш аз ҳама, ба санаи истеҳсол, муҳлати истеъмолӣ ва тарзи нигоҳдории он эътибор дода, ҳамзамон аз фурӯшандагон ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сифат ва бехатарии маҳсулотро талаб намуда, гирифтани чиптаи хазинавиро фаромӯш насозанд. Зеро саломатии ҳар як шахс дар дасти худи ӯст.

 

Салоҳудинов М.,
корманди мақомоти Ваколатдор оид ба
ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон