Санҷиши фаъолияти шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Screenshot_20190419-144226

Ҷиҳати иҷрои банди 146 Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2019, 16 апрели соли 2019 фаъолияти шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Дар рафти санҷиш оид ба масъалаҳои муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, вазъи муҳити зист, таъмини бехатарии экологӣ,  пешгирии ифлосшавӣ ва вайроншавии муҳити зисти ноҳияи мазкур диққати махсус  дода шуд.

Screenshot_20190419-144207Санҷиш нишон дод, ки дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 636 нуқтаҳои партовпартоӣ мавҷуд мебошанд. Ташриф ба нуқтаҳои партовпартоии маҳаллаҳои 92, 84 ва 102 нишон дод, ки онҳо дар ҳолати қисман қаноъатбахш қарор доранд. Дар ин партовгоҳҳо ҷойҳои махсус барои нигоҳдорӣ ва интиқоли лампаҳои люминессентӣ ва дигар лампаҳои каммасрафи симобдори аз истифода баромада ва зарфҳои пластикӣ  ташкил карда шудааст.

Ҳамзамон бо мақсади ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, безараргардонӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои люминессентӣ ва дигар лампаҳои каммасрафи симобдори аз истифода баромада дар ҳудуди ноҳия Корхонаи воҳидии давлатии “Нақлиёти махсуси партовҳои сахти маишӣ” фаъолият дорад.

Дар ҳудуди ноҳия вобаста ба иншоотҳои истеҳсолие, ки ба муҳити экологӣ зарар расонад 2 корхона воқеъ мебошад, хусусан ҶДММ “Дасти дуои модар” ва ҶДММ “Ду то”, ки ба истеҳсоли арматур машѓул мебошанд. Айни ҳол бо сабаби муфлисшавӣ яке аз онҳо фаъолият намекунад ва барои аз ҳудуди ноҳия баровардани корхонаи истеҳсолии ҶДММ “Ду то” корҳо идома доранд ва аз суханони масъулин рӯзҳои наздик бояд ба ҷои безарар кӯчонида шавад.

Бинои мақомот декабри соли 2018 ба истифода дода шуда, бошад ҳам мутахассисон то ҳол бо телефонҳои корӣ таъмин нестанд, ки имкони муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро тавассути телефонҳои мобилӣ маҳдуд менамояд. Ин ҳолат ба он сабаб шудааст, ки дар ин давра ягон муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар шуъба ба қайд гирифта нашудааст. Дафтарҳои баҳисобгирии омории муроҷиатҳои хатии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод нагардиданд.

Дар самти пешгирии ифлосшавӣ ва вайроншавии муҳити зист як қатор камбудиҳо низ ҷой доштанд, аз ҷумла ҳолатҳои саривақт тоза накардани партовгоҳҳо, партофтани партовҳои сохтмонӣ дар назди биноҳои истиқоматӣ ва саривақт тоза накардани дохили ҷуйборҳо, махсусан ҷуйборҳои биноҳои истиқоматии ҳудуди минтақаи 71-72 воқеъ дар кӯчаҳои Гипрозем 5,7, 8 ва Баламин -2 ошкор шуда, ба муддати тӯлонӣ аз ҷониби шахсони вобасташуда тоза карда нашудаанд.

Screenshot_20190419-144217Аз ҷониби мутахассисони шуъбаи мазкур дар се моҳи соли ҷорӣ гарчанде 67 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, шахсони ҳуқуқвайронкунанда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба хазинаи давлат 79267 сомонӣ ворид гардида бошад, ҳам то ҳол вазъи муҳити зист дар маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия ба талабот ҷавобгӯй набуда, беҳбудиро талаб менамояд.

Соли ҷорӣ аввалин маротиба дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва қарори  Раиси шаҳри Душанбе аз 25 феврали соли 2019  баҳри вусъат додани корҳои  ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳо ва боғҳои фарҳангу фароғатии  шаҳр, ҳамзамон ҷиҳати ташвиқу тарғиби таҷрибаи пешқадами онҳо ва  тарбияи ҳисси  зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, фарҳанги шаҳрдорӣ, ҷалби бештари сокинон ба корҳои ободонию сабзазоркунӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ озмуни шаҳрии гулҳо «Сайри гули лола» дар шаҳри Душанбе баргузор  гардид, ки дар ин самт шуъба корҳои назаррасеро ба анҷом расонидааст.

Дар охир ба кормандони шуъбаи мазкур кӯмаки методӣ расонида шуда, баъзе камбудиҳо дар ҷояшонон бартараф карда шуданд.

Ҳ. Давлатов,
корманди мақомоти Ваколатдор
оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон