Ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар Паёми Пешвои миллат

*Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, дастурест, ки ҷомеаро ба фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд.

Президенти мамлакат дар Паёми худ 22 декабри соли 2017  таъкид доштанд, ки «Таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат, ки шарти асосии солимии мардум мебошад, яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад».

Нисбат ба ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони кишвар дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд, ки аз ҷумла, ин қабули қонун мебошад, ки ҳанӯз 15 майи соли 1997 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» қабул гардида, сипас Қонуни мазкур дар таҳрири нав 9 декабри соли 2004 мавриди амал қарор гирифт, ки он муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон, фурӯшандагонро ҳангоми фурӯши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) ба танзим дароварда, ҳуқуқи истеъмолкунандагонро ҳангоми хариди моли дорои сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар, гирифтани маълумот оид ба мол ва истеҳсолкунандагони (иҷрокунандагони, фурӯшандагони) он, ҳимояи давлатӣ ва ҷамъиятии манфиати онҳоро муқаррар ва тарзи татбиқи ин ҳуқуқҳоро муайян мекунад.

Тибқи моддаи 3-и қонуни зикргардида истеъмолкунанда ҳуқуқ ба маърифатнокӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, ба маълумот доир ба мол (кор, хизматрасонӣ) ва ҳамчунин доир ба истеҳсолкунандагони (иҷрокунандагони, фурўшандагони) он, ба бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ), ба интихоби озоди мол (кор, хизматрасонӣ), ба сифати муносиби мол (кор, хизматрасонӣ), ба ҷуброни пурраи зараре (зиёне), ки бинобар нуқсони мол (кор, хизматрасонӣ) расидааст, ба суд ва дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои худ муроҷиат намояд, ба таъсис додани иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон, ба пешниҳод кардани таклифу дархостҳо оид ба беҳтар кардани сифати мол ба истеҳсолкунанда барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои худро дорад.

Бо назардошти ин гуфтаҳо соҳибкорону истеҳсолкунандагони ватани маҳбубамонро зарур аст, ки дастгириҳои давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ, алалхусус ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дарк намуда, кӯшиш намоянд, ки имкониятҳои мавҷударо баҳри истеҳсоли молу маҳсулоти босифат ва дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир равона намуда, тавонанд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ баҳри истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда фаъолияти худро ба роҳ монанд.

Корманди мақомоти
Ваколатдор  оид  ба ҳуқуқи инсон
Салоҳудинов М.