Иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар муаррифии барномаи нави таълимӣ

Иштироки ВХКСанаи 26 апрели соли ҷорӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак – Ҳабибулозода Р.Ҳ. дар маросими муаррифии Барномаи нави таълимии фарогир оид ба таҳрезии графикӣ ва дастгирии шуғл барои ҷавонони дорои маъюбият иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни суханронӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҶТ қайд намуд, ки Ҳукумати ҶТ барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии кӯдакони маъюб, фароҳам овардани шароитҳои мусоиди солимгардонӣ, омодагии касбӣ ва фароғативу истироҳатии онҳо чораҳои муассир меандешад.

Аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонидани Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои маъюбон ҳамчун иқдоми тозаи Ҳукумати ҶТ дар ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдошта мебошад.

Инчунин зикр гардид, ки ВҲК ҶТ низ дар Стратегияи фаъолияти худ барои солҳои 2018–2020 мусоидат ба таҳсили босифат дар муҳити фарогирро чун самти афзалиятноки фаъолияти худ интихоб намудааст.

Қобили зикр аст, ки чорабинии мазкур аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Ирода”, ки дар самти солимгардонӣ ва тавонбахшии кӯдакони дорои аутизм фаъолият менамояд, доир карда шуд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ