Баргузории тренинг дар доираи татбиқи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020

20190423_133300Рӯзҳои 23-27 апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар якҷоягӣ бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар доираи татбиқи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №678 аз 3 декабри соли 2012 тасдиқ шудааст, барои шахсони тамос аз вазорату идораҳо тренинг гузаронида шуд.

Тренинг аз ҷониби коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ гузаронида шуда, дар он 26 нафар намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии тренинг баланд бардоштани савияи дониши шахсони тамоси вазорату идораҳо вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

20190423_121022Дар доираи барномаи тренинг бо истифода аз усулҳои интерактивӣ таҳлили қонунгузории миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба салоҳият, ваколатҳо ва масъулияти вазорату идораҳои бо фаъолияти иштирокчиёни тренинг алоқаманд, баланд бардоштани фарҳанги амалисозии уҳдадориҳои байналмилалӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон дар низоми СММ, тартиби ҷамъоварии маълумот вобаста ба иҷрои тавсияҳои кумитаҳои СММ ва ғайраҳо мавриди омӯзиши иштирокчиён қарор дода шуда, ҷиҳати шавқовар ва мақсаднок гузаронидани дарсҳо машғулиятҳо бештар амалӣ гузаронида шуданд.

Дар интиҳо натиҷаҳои тренинг аз ҷониби коршиносон ҷамъбаст гардида, ҷиҳати такмил додани донишҳои касбии иштирокчиён дар самти амалисозии уҳдадориҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.

Дар оянда низ гузаронидани чунин тренингҳо ба нақша гирифта шудааст.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

Вохӯрӣ бо Марк Мудӣ — мудири Шуъба оид ба корҳои Осиёи Марказии Котиботи давлатии ИМА ва ҳайати ҳамроҳонаш

Копия IMG_1262Санаи 26 апрели соли ҷорӣ кормандони масъули мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Марк Мудӣ — мудири Шуъба оид ба корҳои Осиёи Марказии Котиботи давлатии ИМА ва ҳайати ҳамроҳонаш вохӯрӣ анҷом доданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои иҷроиши нақшаи амали машваратҳои сиёсӣ, ки аз натиҷаи муколамаи Тоҷикистон бо ИМА қабул гардидааст, матраҳ гардиданд. Аз ҷумла, оид ба масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон дар самтҳои озодии эътиқод ва дин, дастрасӣ ба иттилоот, фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ мулоқот сурат гирифт.

Ҷаноби Марк Мудӣ зимни суханронии худ қайд намуд, ки иҷрои нақшаи амал метавонад мавқеи ИМА-ро нисбат ба Тоҷикистон вобаста ба рӯйхати кишварҳои боиси нигаронӣ, тағйир диҳад. Зимни мулоқот масъалаҳои рафтани занон ва ноболиғон ба масҷид, дастрасӣ ба иттилоот, рушди ташкилотҳои ҷамъиятӣ баррасӣ гардид.

Дар охир ҳайати Тоҷикистон ба ҷаноби Марк Мудӣ ва ҳамроҳонаш барои ташриф миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки чунин вохӯриҳо ҷиҳати густариши муносибатҳои судманди Тоҷикистон ва ИМА мусоидат хоҳанд кард.

Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо иброз доштанд.

 Хадамоти матбуотии ВҲИҶТ