Мониторинги фаъолияти кӯдакистонҳо дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе

kudakiston 1Бо мақсади муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ тибқи Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ва дар доираи амалисозии Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 мониторинги фаъолияти як қатор кӯдакистонҳо гузаронида шуд.

Аз ҷумла, чунин мониторингҳо аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи ВҲИ ҶТ рӯзи 29 март дар Ширхоргоҳ-кӯдакистони №4 н. И. Сомонӣ, рӯзи 5 апрел дар Ширхоргоҳ-кӯдакистони №96 н. Сино, рӯзи 9 апрел дар Ширхоргоҳ-кӯдакистони №1 ноҳияи Шоҳмансур ва рӯзи 10 апрел дар Кӯдакистони №72 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе гузаронида шуданд.

Зимни санҷишҳо дар муассисаҳои томактабӣ пеш аз ҳама ба ҳолати санитарию гигиении дохил ва зоҳири муассиса, мутобиқати инфрасохтори он ба эҳтиёҷоти кӯдакони дорои маъюбият, шароити таълиму тарбия, омӯзиши забонҳо, ҳифзи саломатии кӯдакон, таъминот бо хӯроки босифат ва ғизонок, муносибат бо кӯдакон ва монанди инҳо аҳамияти хосса дода мешавад.

Дар ин раванд гурӯҳи корӣ дар якҷоягӣ бо роҳбарияти муассисаҳо аз синфхонаҳо, ҳуҷраҳои хоб, ошхона, анбори маводҳои хӯрока, ҳуҷраи тиббӣ, толори варзишӣ, майдончаҳои варзишӣ дидан намуда, бо мураббиён, ҳамшираи тиб, ошпазҳо ва худи кӯдакон суҳбату пурсишҳо мегузаронанд.

kudakiston2Қобили зикр аст, ки дар ҳамаи муассисаҳои дар боло зикршуда кӯдакон аз муносибати мураббиён бо онҳо, таъминоти кофии хӯрока, муносибат байни якдигар, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, шароит ва хизматрасонӣ дар муассисаи таълимӣ изҳори қаноатмандӣ менамоянд. Гуфтаҳои кӯдакон аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳбарият ва мураббиён корҳои таълиму тарбияро дар байни кўдакон хуб ба роҳ мондаанд.

Ҳар дафъа пас аз анҷоми санҷиш аъзои гурӯҳи корӣ бо роҳбарияти муассисаҳо суҳбатҳои ҷудогона доир намуда, натиҷаҳои пешакии санҷишро баён ва ҷиҳати тақвият додани фаъолият дар таъмин намудани беҳтарин манфиатҳои кӯдак тавсияҳои дахлдорро пешниҳод намуданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тасмим гирифтааст, ки дар Маърӯзаи ояндаи худ масъалаи ҳуқуқи дастрасии кӯдаконро ба таҳсилоти томактабӣ ва вазъи кӯдакон дар чунин муассисаҳоро мавриди баррасӣ қарор диҳад.

Содиқов А.,
Сардори шуъбаи ҳифзи
давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки
Дастгоҳи ВҲИ ҶТ