Наврӯз таҷаллии расму оинҳои миллӣ

NAVRUZ-2019Наврӯз ҷашни табиат, кайҳон ва инсон буда, замони пайдоиши он таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Иди Наврӯз ҷашни оғози баҳор ва соли нави мардуми форс мебошад. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои рӯзи нав ва тоза, рӯзи нахустин, аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе, ки соли нав аз он оғоз мегардад, омадааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷашни Наврӯз гуфтаанд: «Ҷашни Наврӯз барои миллати фарҳангдӯсту тамаддунсоз ва хуршедпарвари мо дар ҳамаи давру замон муқаддас буд. Аҷдоди мо, ҳатто, дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ, ки аҷнабиён Наврӯзи Аҷамро мамнӯъ эълон карда буданд, онро чун иди зиндагисоз ва ҷавобгӯи орзуву ормонҳои деринаашон бо ҳар роҳу восита ҳифз менамуданд ва гиромӣ медоштанд».

Дар баъзе аз матнҳои куҳан аз ҷумла «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ, Таърихи Табарӣ, «Ал-тафҳим», «Осор-ул-боқия»-и Умари Хайём шоҳ Ҷамшед ба унвони поягузори ҷашни Наврӯз муаррифӣ шудааст. Падидоварии Наврӯз дар Шоҳнома ривоят шудааст, ки Ҷамшед дар ҳоли гузаштан аз Озарбойҷон, дастур дод, ки то дар он ҷо барои ӯ тахте гузоранд ва худаш бо тоҷи зарин бар рӯи тахт бинишаст. Бо расидани нури Хуршед ба тоҷи заррини ӯ ҷаҳон нӯронӣ шуд ва мардум шодмонӣ карданд ва он рӯзро Наврӯз номиданд.

Баргузории ҷашни Наврӯз дар замони Сосониён чанд рӯз (на кам аз шаш рӯз) тӯл мекашид ва ба ду давра тақсим мешуд. Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи омма панҷ рӯз буд. Дар ҳар яке аз рӯзҳои Наврӯзи омма табақае аз табақоти мардум (деҳқонон, рӯҳониён, сипоҳиён, пешаварон ва ашроф) ба дидори шоҳ меомаданд, шоҳ ба суханони онҳо гӯш медод ва барои ҳалли мушкилоти онҳо дастур медод.

Дар даврони Шӯравӣ бошад, таҷлили Наврӯз мамнӯъ буд ва он ҷашни динӣ дониста мешуд. Аммо бо номҳои ҷашни кишту кор ва ғайра мардум онро ид мекард ва ҳамин шуд, ки ҷашнҳое мисли Наврӯз то андозае «дар қавс» монданд. Зеро Наврӯз сар то по пур аз арзишҳои миллист.

Хурсандиовар аст, ки пас аз истиқлолият, аниқтараш соли 2010 бо пешниҳоди давлатҳои ҳавзаи Наврӯз Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид  қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд ва ҳар сол он дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷашн гирифта мешавад.

Дар воқеъ, Наврӯз хуҷастатарин дастовардҳои фарҳангиву маърифатии инсоният буда, падидаест сафобахшу саодатбор, ки инсонро ба роҳи некӯиву хайрхоҳӣ, зебоиву зебопарастӣ, бунёдкорӣ, ободиву созандагӣ, ба сӯи офариниш ва эҳёву парастиши муқаддасоти инсонӣ раҳнамоӣ мекунад. Инчунин Наврӯз таҷаллии донишу хирад, маърифату фазилат ва расму оинҳои миллати мост.

М.Салоҳудинов,
корманди мақомоти
Ваколатдор оид ба  ҳуқуқи
инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Бознашр аз рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», №13 (9595), 28.03.2019