Мониторинги фаъолияти кӯдакистонҳо дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе

kudakiston 1Бо мақсади муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ тибқи Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ва дар доираи амалисозии Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 мониторинги фаъолияти як қатор кӯдакистонҳо гузаронида шуд.

Аз ҷумла, чунин мониторингҳо аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи ВҲИ ҶТ рӯзи 29 март дар Ширхоргоҳ-кӯдакистони №4 н. И. Сомонӣ, рӯзи 5 апрел дар Ширхоргоҳ-кӯдакистони №96 н. Сино, рӯзи 9 апрел дар Ширхоргоҳ-кӯдакистони №1 ноҳияи Шоҳмансур ва рӯзи 10 апрел дар Кӯдакистони №72 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе гузаронида шуданд.

Зимни санҷишҳо дар муассисаҳои томактабӣ пеш аз ҳама ба ҳолати санитарию гигиении дохил ва зоҳири муассиса, мутобиқати инфрасохтори он ба эҳтиёҷоти кӯдакони дорои маъюбият, шароити таълиму тарбия, омӯзиши забонҳо, ҳифзи саломатии кӯдакон, таъминот бо хӯроки босифат ва ғизонок, муносибат бо кӯдакон ва монанди инҳо аҳамияти хосса дода мешавад.

Дар ин раванд гурӯҳи корӣ дар якҷоягӣ бо роҳбарияти муассисаҳо аз синфхонаҳо, ҳуҷраҳои хоб, ошхона, анбори маводҳои хӯрока, ҳуҷраи тиббӣ, толори варзишӣ, майдончаҳои варзишӣ дидан намуда, бо мураббиён, ҳамшираи тиб, ошпазҳо ва худи кӯдакон суҳбату пурсишҳо мегузаронанд.

kudakiston2Қобили зикр аст, ки дар ҳамаи муассисаҳои дар боло зикршуда кӯдакон аз муносибати мураббиён бо онҳо, таъминоти кофии хӯрока, муносибат байни якдигар, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, шароит ва хизматрасонӣ дар муассисаи таълимӣ изҳори қаноатмандӣ менамоянд. Гуфтаҳои кӯдакон аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳбарият ва мураббиён корҳои таълиму тарбияро дар байни кўдакон хуб ба роҳ мондаанд.

Ҳар дафъа пас аз анҷоми санҷиш аъзои гурӯҳи корӣ бо роҳбарияти муассисаҳо суҳбатҳои ҷудогона доир намуда, натиҷаҳои пешакии санҷишро баён ва ҷиҳати тақвият додани фаъолият дар таъмин намудани беҳтарин манфиатҳои кӯдак тавсияҳои дахлдорро пешниҳод намуданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тасмим гирифтааст, ки дар Маърӯзаи ояндаи худ масъалаи ҳуқуқи дастрасии кӯдаконро ба таҳсилоти томактабӣ ва вазъи кӯдакон дар чунин муассисаҳоро мавриди баррасӣ қарор диҳад.

Содиқов А.,
Сардори шуъбаи ҳифзи
давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки
Дастгоҳи ВҲИ ҶТ

Натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар семоҳаи якуми соли 2019

Мачлиси самохаи якуми 2019Рӯзи 11 апрели соли ҷорӣ дар мақомоти  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2019  маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор  гардид.

Сараввал У.Бобозода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомот дар ин давра сухан ронда, қайд намуд, ки нишондиҳандаҳои фаъолияти мақомот дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2018 беҳтар гардидааст. Чунин раванд бояд идома дода шуда, дар самти амалисозии нақшаҳои дар мақомот амалишаванда чораандешӣ карда шавад.

Ҳамчунин аз рӯи барнома ҳисоботи роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомот оид ба қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, такмили қонунгузорӣ, баргузории санҷишу мониторингҳо, иштирок дар семинару машваратҳо, иҷрои нақшаҳои корӣ ва дигар масъалаҳо шунида шуд.

Сипас  фаъолияти  воҳидҳои  сохтории  мақомот ва кормандони он  мавриди таҳлил ва муҳокима  қарор гирифта, аз ҷониби роҳбарият  ҷиҳати тақвият додани корҳо ва иҷрои пурраи барномаи амали мақомот барои  соли 2019 дастурҳои  мушаххас дода шуд.

Бо дарназардошти баррасии ҳисоботҳо фаъолияти мақомот дар семоҳаи якуми соли 2019 қаноатбахш ҳисобида шуд.

Хадамоти матбуотии  ВҲИ ҶТ

Санҷиш дар Мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе

Копия Копия 20190403_104743Тибқи “Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019” рӯзи 3 апрели соли ҷорӣ аз ҷониби корманди мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар якҷоягӣ бо намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқи тарбиятгирандагон дар Мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе санҷиш гузаронида шуд.

Мактаби мазкур муассисаи таълимии таҳсилоти умумии тарбиявӣ буда, дар он кӯдаконе ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд, ки тартиботи ҷамъиятиро риоя накарда, ба баъзе корҳои ғайриқонунӣ даст задаанд.

Мақсади асосии мактаб аз он иборат аст, ки кӯдакони мазкур таҳти назорати омӯзгорону мураббиён ба таълиму  тарбия фаро гирифта, дар руҳияи солим ба воя расанд. Аз ин рӯ тарбиятгирандагон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, зебопарастӣ, ба меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб шудан ва дар муҳити оила зиндагии хушбахтона намудан тарбия карда мешаванд.

Дар вақти санҷиш бо роҳбарон ва кормандони мактаби мазкур вобаста ба вазъи риояи ҳуқуқҳои кӯдакон, шароити нигоҳдорӣ, ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ, таъминот бо ғизо, муносибат бидуни зӯроварӣ, муошират бо хешовандон суҳбатҳо доир гашта, бо шароити синфхонаҳо, шароити кори омӯзгорон, бо маводу китобҳои дарсӣ, асбобҳои аёнӣ, таъмин будани хонандагон, иштироки онҳо дар дарсҳо диққат дода шуд.

20190403_102045Аз суҳбат бо хонандагон маълум гардид, ки муносибати муаллимон бо онҳо хуб аст. Онҳо аз устодон ва тарзи таълимдиҳии онҳо розӣ буданд ва касе аз вайрон шудани ҳуқуқҳояш шикоят надошт.

Дар вохӯрӣ бо хонандагони муассиса оид ба ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати кӯдакон, дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакон, қонунугузории миллӣ ва санадҳои байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, ки ҳуқуқҳои кӯдакро танзим менамоянд, пешгири ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, инчунин дар бораи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, тартиби муроҷиат ба ӯ маълумот дода шуд.

Аз натиҷаи санҷиш ба масъулини муассисаи мазкур ҷиҳати бозҳам беҳтар намудани фаъолият тавсияҳои лозима дода шуд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

Иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар иҷлосияи 30 Кумитаи СММ оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо

photo_46189Рӯзҳои 3-4 апрели соли ҷорӣ дар шуъбаи Женевагии СММ иҷлосияи 30 Кумитаи СММ оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо баргузор гардид, ки дар он  Гузориши дуюми даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар иҷлосияи мазкур Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон — У.Бобозода низ иштирок намуд.

Конвенсияи СММ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо 18 декабри соли 1990, аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ қабул шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон онро соли 2000 ба имзо расонид ва аз соли 2002 ин санад дар Тоҷикистон қувваи қонунӣ пайдо намуд.

Маърӯзаи якуми Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсияи  мазкур 16 апрели соли 2012 мавриди баррасӣ қарор гирифта буд.

мухочирон макола

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

Гузаронидани машғулияти таълимӣ дар маҳфили омӯзишии “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат”

mashguliyat

Санаи 28 марти соли ҷорӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҶТ – Ҳабибулозода Р. бо даъвати Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар маҳфили омӯзишии “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат” дар мавзӯи “Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо” машғулияти таълимӣ гузаронд.

Дар машғулияти таълимӣ 40 нафар ҷавонони фаъолу ташаббускор аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Зимни гузаронидани машғулияти таълимӣ аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҶТ – Ҳабибулозода Р. вобаста ба таърих ва ташаккули ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҶТ, заминаҳои ҳуқуқии ҳуқуқи инсон дар ҶТ, санадҳои байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон батасвибрасида, механизмҳои миллӣ ва байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҶТ ҳамчун механизмҳои иловагии ҳифзи ҳуқуқи инсон ба ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба ҳолат ва дурнамои сиёсати ҳуқуқии ҶТ, аз ҷумла ислоҳот дар самти такмили қонунгузории ҶТ, қабул гардидани стратегия, консепсия ва барномаҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон, таъсисёбии Комиссияҳои назди Ҳукумати ҶТ оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи иносн ва оид ба ҳуқуқи кӯдак, амалисозии Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва 17 ҳадафи Ҳадафҳои рушди устувор, ки аз ҷониби СММ қабул гардидааст, Нақшаҳои миллӣ оид ба татбиқи тавсияҳои Кумитаҳои СММ, инчунин таҳия гаштани Стратегияи рушди ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2030 ва ғайраҳо ҳамчун иқдомҳои муассири давлату ҳукумати ҶТ оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон арзёбӣ гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур аз ҷониби Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар доираи Грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкилотҳои ҷамъиятии дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон фаъолияткунанда бо мақсади баланд бардоштани фаъолнокии сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон дар ҷомеа ташкил карда шудааст.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

Наврӯз таҷаллии расму оинҳои миллӣ

NAVRUZ-2019Наврӯз ҷашни табиат, кайҳон ва инсон буда, замони пайдоиши он таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Иди Наврӯз ҷашни оғози баҳор ва соли нави мардуми форс мебошад. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои рӯзи нав ва тоза, рӯзи нахустин, аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе, ки соли нав аз он оғоз мегардад, омадааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷашни Наврӯз гуфтаанд: «Ҷашни Наврӯз барои миллати фарҳангдӯсту тамаддунсоз ва хуршедпарвари мо дар ҳамаи давру замон муқаддас буд. Аҷдоди мо, ҳатто, дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ, ки аҷнабиён Наврӯзи Аҷамро мамнӯъ эълон карда буданд, онро чун иди зиндагисоз ва ҷавобгӯи орзуву ормонҳои деринаашон бо ҳар роҳу восита ҳифз менамуданд ва гиромӣ медоштанд».

Дар баъзе аз матнҳои куҳан аз ҷумла «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ, Таърихи Табарӣ, «Ал-тафҳим», «Осор-ул-боқия»-и Умари Хайём шоҳ Ҷамшед ба унвони поягузори ҷашни Наврӯз муаррифӣ шудааст. Падидоварии Наврӯз дар Шоҳнома ривоят шудааст, ки Ҷамшед дар ҳоли гузаштан аз Озарбойҷон, дастур дод, ки то дар он ҷо барои ӯ тахте гузоранд ва худаш бо тоҷи зарин бар рӯи тахт бинишаст. Бо расидани нури Хуршед ба тоҷи заррини ӯ ҷаҳон нӯронӣ шуд ва мардум шодмонӣ карданд ва он рӯзро Наврӯз номиданд.

Баргузории ҷашни Наврӯз дар замони Сосониён чанд рӯз (на кам аз шаш рӯз) тӯл мекашид ва ба ду давра тақсим мешуд. Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи омма панҷ рӯз буд. Дар ҳар яке аз рӯзҳои Наврӯзи омма табақае аз табақоти мардум (деҳқонон, рӯҳониён, сипоҳиён, пешаварон ва ашроф) ба дидори шоҳ меомаданд, шоҳ ба суханони онҳо гӯш медод ва барои ҳалли мушкилоти онҳо дастур медод.

Дар даврони Шӯравӣ бошад, таҷлили Наврӯз мамнӯъ буд ва он ҷашни динӣ дониста мешуд. Аммо бо номҳои ҷашни кишту кор ва ғайра мардум онро ид мекард ва ҳамин шуд, ки ҷашнҳое мисли Наврӯз то андозае «дар қавс» монданд. Зеро Наврӯз сар то по пур аз арзишҳои миллист.

Хурсандиовар аст, ки пас аз истиқлолият, аниқтараш соли 2010 бо пешниҳоди давлатҳои ҳавзаи Наврӯз Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид  қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд ва ҳар сол он дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷашн гирифта мешавад.

Дар воқеъ, Наврӯз хуҷастатарин дастовардҳои фарҳангиву маърифатии инсоният буда, падидаест сафобахшу саодатбор, ки инсонро ба роҳи некӯиву хайрхоҳӣ, зебоиву зебопарастӣ, бунёдкорӣ, ободиву созандагӣ, ба сӯи офариниш ва эҳёву парастиши муқаддасоти инсонӣ раҳнамоӣ мекунад. Инчунин Наврӯз таҷаллии донишу хирад, маърифату фазилат ва расму оинҳои миллати мост.

М.Салоҳудинов,
корманди мақомоти
Ваколатдор оид ба  ҳуқуқи
инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Бознашр аз рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», №13 (9595), 28.03.2019