Рӯзи байналмилалии фарҳанг

фарҳангДар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аксари давлатҳои дунё 15 апрел ҳамчун «Рӯзи байналмилалии фарҳанг» ҷашн гирифта мешавад. Таҷлили ин сана бо ба имзо расидани Шартнома дар бораи ба ҳифзи муассисаҳои илмию бадеӣ ва осори таърихӣ дар соли 1935 аз ҷониби 21 сарони давлатҳо дар Вашингтон алоқаманд мебошад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки мардуми тоҷик аз қадим миллати соҳибтамаддун ва бофарҳанг буда, бо таърихи бою гузаштаи пурғановати хеш миёни дигар халқиятҳо шинохта шудааст. Ҳамзамон имрӯз дар замони ҷаҳонишавӣ ба ҳам омадани тамаддунҳо метавонад мардумонро наздику дӯст гардонад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳамияти бузургу рисолати беназири фарҳанг ишора карда, зимни суханронӣ ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр намуда буданд, ки «Фарҳанги миллӣ ба сифати пояи устувори маънавиёт ва таҳкими аркони давлатдорӣ арзиши ниҳоят бузург дошта, ҳифзи он ва ба ояндагон ба мерос гузоштани ин ганҷинаи маънавии халқи азизамон вазифаи давлат ва тамоми шаҳрвандони кишварамон ба шумор меравад».

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» қабул гардида, он барои пурра намудани фазои солими иттилоотӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, маърифатии шаҳрвандон, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати дастёбии озодона ба сарчашмаҳои мероси таърихию фарҳангӣ мусоидат менамояд.

Бояд зикр намуд, ки донистани таъриху тамаддуни халқи худ, бархурдор будан аз суннатҳо ва расму оини фарҳангии мардуми хеш, омӯзишу дарки мероси бойи гузаштагони илму адаби миллатамон моро ба рушду пешрафти давлат ва ҳифзу нигаҳдошти анъанаҳои миллӣ равона месозад.

Аз таърих хулоса баровардан мумкин аст, ки маънои фарҳанг тарбия, арҷгузорӣ ва инкишофро дошта, амалан татбиқ гардидани арзишҳои умумибашарӣ ва маънавиро ифода мекунад. Олимон дар бобати фарҳанг чунин хулоса намудаанд, ки фарҳанг тарзи ҳаёт аст ва дар ин услуб он эҷодиёти бошууронаи худи зиндагӣ мебошад.

Салоҳудинов М.,
корманди мақомоти
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон