Вохурии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо намояндагони Комиссари олии САҲА оид ба ақаллиятҳои миллӣ

Нац меншРӯзи 12 апрели соли 2019 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вохурии Умед Бобозода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо намояндагони Комиссари олии САҲА оид ба ақаллиятҳои миллӣ баргузор гардид. Дар вохурӣ намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Комилов К. ва намояндагони САҲА – Мушовири калон – Андрей Ханжин ва Мутахассис оид ба лоиҳаҳо – Михаэл Ангерманн иштирок намуданд.

Зимни вохурӣ У.Бобозода ба меҳмонон оид ба фаъолияти  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маълумоти муфассал дода, иброз намуд, ки мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллӣ яке аз самтҳои фаъолияти мақомот муайян шудааст. Махсусан қайд гардид, ки аз ҷониби кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, намояндагиҳо ва қабулгоҳҳои ҷамъиятии он дар маҳалҳо оид ба ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллӣ ба таҳсил, ҳифзи саломатӣ, меҳнат, таъминоти иҷтимоӣ ва дигар ҳуқуқҳои онҳо пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.

Зикр гардид, ки ҷиҳати андешидани тадбирҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдакони мансуб ба ақаллиятҳои миллӣ аз ҷониби мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мониторинги вазъи риояи ҳуқуқи онҳо, аз ҷумла қирғизҳо ва лӯлиҳо дар муассисаҳои таълимӣ ба нақша  гирифта  шуда, то имрӯз дар муассисаи таҳсилоти ибтидоии №111 ва муассисаи таҳсилоти умумии асосии №96 шаҳри Ҳисор мониторингҳо гузаронида шуданд. Зимни мониторинг маълум гардид, ки дар муассисаҳои мазкур ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани кӯдакони ақаллиятҳои миллӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар охири мулоқот меҳмонон аз У. Бобозода барои пазироии самимӣ ва гирифтани ҷавобҳои муфассал ба саволҳои худ изҳори миннатдорӣ намуда, саҳми мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро дар ҳимояи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

У. Бобозода низ изҳор намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқ ва озодиҳои инсон пайваста талош мекунад ва дар ин робита мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон омода аст, ки минбаъд низ ҳамкориҳоро барои пешрафт ва таҳкими ҳуқуқи инсон тақвият бахшад.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ