Ҷавонон ояндаи миллат

123Мусаллам аст, ки дар шароити дигаргунсозиҳои ҷаҳонӣ муқаррар кардани чаҳорчӯбаҳо ва меъёрикунонии муносибат нисбат ба қишрҳои муайяни ҷомеа, бахусус ҷавонон тақозои замон ва талаботи ҷомеаи мутамаддин мебошад. Чун давлати Тоҷикистон ҷавон асту қувваи асосии меҳнатиро ҷавонон ташкил медиҳанд, муайян кардани ҷабҳаҳои фаъолият ва дурнамо нисбат ба ҷавонон мувофиқи мақсад арзёбӣ мегардад.

 Ҷавонони саодатманди кишвар имрӯз дар ҳама соҳаҳои ҳаёти мамлакат бо дастовардҳои назаррас ва муваффақиятҳои калон фаъолона ширкат варзида, барои баланд бардоштани ному мақоми кишвари соҳибистиқлолиамон собитона қадам мезананд.

Ҳамаи инро баинобат гирифта, Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароити арзандаро барои зиндагии созандаву фаъолияти шоистаи насли ояндасозу ватанпараст фароҳам овардаанд.

Имсол низ бо мақсади дар фазои сулҳу дӯстӣ ва дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани иди ҷавонон Нақшаи чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, илмию маърифатӣ, оммавию варзишӣ ва солимгардонӣ бахшида ба таҷлили «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон – 23 май» бо сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мувофиқа бо Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2019 тасдиқ гардида, дар доираи он садҳо чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва маърифативу варзишӣ доир гардида истодаанд.

Ташкил ва баргузории чорабиниҳо имкон медиҳад, ки сатҳи маърифтнокии ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарастӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ, ва омода будан барои муҳофизати ватани хеш баланд гардад.

Дар асл, ватандӯстӣ  дар ҷомеаи башарӣ  яке аз воситаҳои  муҳими тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум бахусус  ҷавонон  баҳисоб рафта, метавонад дар ташаккули  арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷомеа  нақши  калидиро фароҳам орад. Бо дар назардошти ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ин самти муҳими  иҷтимоӣ  низ  беш аз пеш  таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст»

Чун ҷавононро ояндасози миллат ва таҳкимбахши пояҳои истиқлолият унвон кардаанд, мебояд ҳамчун фарзандони ҳамин  сарзамини аҷдодӣ Тоҷикистони азизро боз ҳам ободу зебо намоянду ҳифзи марзу буми онро ба ҷо оранд.

Чунончӣ, дар Паёми имсолаи хеш Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд: “Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Пас, бояд коре кунем, ки тафаккури истиқлолхоҳиву ватандӯстӣ дар рӯҳу равони ҳар як узви ҷомеа, махсусан ҷавонон реша гирад. Истиқлолият неъмати бузургест ва танҳо ҳамон вақт ба қадри он мерасем, ки агар ҳар кадоми мо, ҳамчун шаҳрвандони ин Ватан, сарфи назар аз миллат, нажод ва мазҳаб, худро соҳиби ин истиқлол ва соҳиби ин марзу бум бидонему барои пойдории он ба ҳама гуна фидокорӣ омода бошем.

Мо ҷавонони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон низ аз он ифтихор мекунем, ки Ватани азизи зебо дорем, сулҳу осудагӣ дар фазои Тоҷикистон танинандоз аст.

Пас, ҷавонон бояд ба қадри ҳамаи ғамхориҳои давлат расида, кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки дар оянда ин давлати биҳиштосоро чун гавҳараки чашм нигоҳ доранд ва тавонанд онро дар сатҳҳои баландтарин муаррифӣ намоянд.

Маҷидов П.Б.,
сармутахассиси шуъбаи
ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои
кӯдаки Дастгоҳи ВҲИ ҶТ