Иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар пешвозгирии 84 нафар ноболиғи баргардонидашуда аз Бағдод

081DF8E3-A691-414C-A08D-8D2B08B97655_w650_r0_sСанаи 30 апрели соли 2019 Раҷабмо Ҳабибулозода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти давлатӣ дар пешвозгирии 84 нафар ноболиғи аз Бағдод ба Тоҷикистон баргардонидашуда иштирок намуд.

Қобили қайд аст, ки баргардонии ноболиғон бо ҷаҳду талош ва дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир гардид.

Шаби 30-юми апрел, зимни пешвозгирии кӯдакон дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар суҳбат бо гурӯҳи калони хабарнигорон қайд намуд, ки ба кӯдакон кӯмаки зарурии тиббиву равонӣ расонида мешавад. Баъдан агар хешовандон майл дошта бошанд, кӯдакон ба тарбия ва парастории хешовандон супорида мешаванд. Кӯдакони бесаробонмонда мавриди ғамории ҳамаҷонибаи давлат қарор мегиранд.

Ҳамчунин ба хабарнигорон бори дигар таъкид карда шуд, ки ҳангоми пахши хабару маводҳо вобаста ба кӯдакони ба Ватан баргардондашуда ҳуқуқи онҳо ба дахлнопазирии шахсӣ эҳтиром карда шавад.

Ногуфта намонад, ки масъалаи ҳарчи зудтар ба Ватан баргардонидани ҳамаи кудакон – шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамроҳ бо волидон ва оилаҳои гумроҳшудаи худ ҷиҳати пайвастан ба сафи ДИИШ ва дигар нерӯҳои террористию экстремистӣ вориди сарзамини Ироқ шудаанд, мавриди пайгирии ҷиддии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт қарор дорад.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ