Ҳуқуқ ба ҳаёт ва ҷазои қатл номувофиқанд

хукми катлҲуқуқ ба ҳаёт ҳуқуқи асосӣ ва бунёдии (табии) инсон ба шумор меравад.

Моддаи 3 Эъломияи ҳуқуқи инсон эълон медорад, ки «Ҳap инсон ба ҳаёт, ба озодӣ ва ба дахлнопазирии шахсӣ ҳуқуқ дорад».

Мувофиқи моддаи 6 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ҳуқуқ ба ҳаёт ҳуқуқи ҷудонопазири ҳар як инсон буда, тавассути қонун ҳифз карда мешавад ва ҳеҷ кас худсарона аз ҳаёт маҳрум карда намешавад. Дар кишварҳое, ки ҷазои қатлро бекор накардаанд, ҳукми қатл метавонад танҳо барои ҷиноятҳои вазнинтарин бароварда шавад. Инчунин дар ин модда омадааст, ки ҳукми қатл барои ҷиноятҳое, ки аз тарафи шахсони то 18 сола содир карда шудааст, бароварда намешавад ва нисбат ба занони ҳомила ба иҷро расонида намешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 январи соли 1999 Паймони мазкурро ба тасвиб расонидааст.

Аз мазмуни ин санади байналмилалӣ бармеояд, ки истифодаи ҷазои қатл дар ҳолатҳои ҷудогона роҳ дода мешавад.

Дар моддаи 1 Протоколи дуюми иловагӣ ба Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ омадааст, ки ягон шахси таҳти тобеияти давлати иштирокчии Протоколи мазкур мавриди қатл қарор дода намешавад ва давлати иштирокчӣ ҳамаи чораҳоро оид ба аз байн бурдани ҳукми қатл меандешад. Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол Протоколи мазкурро тасдиқ накардааст.

Ҳаминро бояд қайд кард, ки қонунгузории баъзе давлатҳо ҳуқуқ ба ҳаётро кафолат дода, имконияти истифодаи ҷазои қатлро пешбинӣ менамоянд.

Дар моддаи 18 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Ҳеҷ кас аз ҳаёт маҳрум карда намешавад, ба истиснои ҳукми суд барои ҷинояти махсусан вазнин». Яъне ин моддаи конститутсия имконияти истифодаи ҷазои қатлро барои ҷинояти махсусан вазнин пешбинӣ менамояд.

 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бошад ҷазои қатлро дар шакли паррондан ҳамчун чораи истисноӣ танҳо барои ҷиноятҳои одамкушӣ (қисми дуюми моддаи 104), таҷовуз ба номус (қисми сеюми моддаи 138), терроризм (қисми сеюми моддаи 179), генотсид (моддаи 398), биосид (моддаи 399) муқаррар намудааст.

Бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» аз 15 июли соли 2004 № 45 татбиқи ҷазои қатл боздошта шуда, дар давраи боздоштани татбиқи ҷазои қатл ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати бисту панҷ сол муайян карда шуд, яъне ба сифати алтернативаи ҷазои қатл ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ карда шуд. Баъдтар бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2005 № 86  ба Кодекси ҷиноятӣ ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ҳамчун алтернативаи ҷазои қатл ворид карда шуд.

Ҷазои қатл дар собиқ давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ Арманистон, Озорбойҷон, Украина, Гурҷистон, Молдовия, Латвия, Литва, Эстония, Туркманистон, Узбекистон, Қирғизистон бекор ва он ҳамчун ҷазои бераҳмона ва ғайринсонӣ ҳисобида шудааст. Дар давлатҳои дигар (Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Тоҷикистон) ба ҷазои қатл моратория эълон карда шуда, дар Ҷумҳурии Беллорус бошад ба истифодаи он роҳ дода  мешавад.

Ба Тоҷикистон аз ҷониби давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар доираи Шарҳи умумии даврӣ ва Кумитаи ҳуқуқи инсон аз натиҷаи баррасии Гузориши дуюми миллии даврии Тоҷикистон доир ба татбиқи Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ вобаста ба бекор кардани ҷазои қатл ва ба тасвиб расонидани Протоколи дуюми иловагии Паймони байналмилалӣ оид ба ҳукуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ барои солҳои 2014-2016 тавсияҳо пешниҳод гардиданд. Масъалаи мазкур ҳоло мавриди омӯзиши гурӯҳи корӣ қарор дорад.

Қобили тазаккур аст, ки ҳаёт неъмати аз ҳама арзишноки инсон ба ҳисоб меравад ва маҳрум намудани он боиси қатъ гардидани ҳастии фард, шахсият, аъзои ҷомеа  мегардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сӯи ҷомеаи инсондӯстона ва демократӣ қадамҳои устувор мегузорад ва боварӣ ҳаст, ки ҷазои мазкур  ғайримақбул гардида, аз қонунгузорӣ хориҷ карда мешавад.

М. Ашӯров – сардори шуъбаи ҳифзи
давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва
сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба
ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон