Аёдат ва суҳбати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо ноболиғони ба ватан баргардонидашуда

ВХК kharangon 1Субҳи 2 майи соли равон Раҷабмо Ҳабибулозода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар якҷоягӣ бо намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба осоишгоҳи Харангон дар ноҳияи Варзоб, ки айни замон макони зисти кӯдакон гаштааст, ташриф оварда, аз аҳволи онҳо аз наздик шинос шуд.

Зимни ташриф Р. Ҳабибулозода сараввал бо роҳбарияти муассиса ва ҳайати духтурону мураббияҳо мулоқот намуда, баъдан рафти гузаронидани ташхис, тарзи муносибат ва шароити моддиву маишии кӯдакон аз наздик шинос шуд.

Бори дигар таъкид карда шуд, ки масъалаи мазкур зери назорати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати воридсозии кӯдакон ба ҷомеа ва ҳаёти муқаррарӣ бояд тамоми имкониятҳо истифода шаванд.

kharangon 2Шиносоӣ бо шароити будубоши кӯдакон нишон дод, ки нисбати онҳо муносибати ғамхорона таъмин карда шудааст. Таъминоти онҳо бо сару либос, ғизои солим ва доруворӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, ҳамаи кӯдакон аз ташхиси пурраи тиббӣ гузаронида шуданд. Мутахассисони равоншинос бо онҳо кор карда истодаанд.

Дар охир Р.Ҳабибулозода бо чанде аз кӯдакон суҳбат намуд. Маълум гардид, ки кӯдакон тадриҷан ба ҳаёти муқаррарӣ ворид шуда истодаанд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ