Омодагиҳо ба Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзўи “Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва дурнамо”

Конфронс

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019», ки аз 29 декабри соли 2018, №593 тасдиқ шудааст, моҳи майи соли ҷорӣ баргузории конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзўи “Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва дурнамо” пешбинӣ гардидааст.

Аз ин лиҳоз, дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои дар сатҳи баланд баргузор намудани конфренсияи мазкур як қатор корҳо ба сомон расонида шуд, аз ҷумла:

  • санаи баргузории конфренсия 21-22 майи соли 2019 ва ҷойи баргузории он меҳмонхонаи “Ҳаятт” интихоб карда шуд;
  • дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз ҳисоби намояндагони Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гурўҳи тадорукотӣ таъсис дода шуд;
  • ҷиҳати мусоидат дар баргузории конференсия бо шарикони рушд вохўриҳо анҷом дода шуд;
  • тарҳи пешакии барнома, рамз, маводи тақсимотӣ, баннерҳо ва рўйхати иштирокчиёни конференсия омода карда шуд.

Айни ҳол, роҳбарон ва намояндагони ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсони Федератсияи Россия, Озорбойҷон, Қазоқистон, Ўзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон иштироки худро тасдиқ намуданд.

Ҳамчунин дар кори конференсия намояндагони Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон, Барномаи Рушди СММ, вазорати корҳои хориҷии Финляндия, корпусҳои дипломатии муқими Душанбе ва мақомоту муассисаҳои давлатӣ иштирок менамоянд.

Итминон дорем, ки конференсия дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардида, барои ташвиқу тарғиби дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон ва боз ҳам боло бурдани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.

С.Қодирӣ