Фаъолияти Гурӯҳи мониторингии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тақвият меёбад

ШиканчаАз ҷониби Тоҷикистон тасдиқ гардидани Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф зарурати таъсис додани механизми мустақили пешгирикунандаи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф, инчунин гузаронидани мониторинги муассисаҳои пӯшида ва қисман нимпӯшидаро пеш овард.

Бо ин мақсад соли 2014 дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  монанд ба механизми мустақили пешгирикунанда Гурӯҳи мониторингӣ оид ба гузаронидани мониторинг дар муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида аз ҳисоби намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  ва ташкилотҳои ҳуқуқҳимоякунанда – аъзои  Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Гурӯҳи мониторингӣ айни ҳол аз 29 нафар иборат буда, 6 нафари онро намояндагони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  ва 23 нафари онро намояндагони ташкилотҳои ҳуқуқҳимоякунанда – аъзои  Эътилофи зидди шиканҷа ташкил мекунанд.

Гурӯҳи мониторингӣ тибқи таъиноти худ аз муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида (муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ,  тавқифгоҳҳои тафтишотӣ, тавқифгоҳҳои нигоҳдошти муваққатӣ, муассисаҳои табобати маҷбурӣ, қисмҳои ҳарбӣ ва дигар муассисаҳои дахлдор) боздид намуда, бо кормандони муассисаҳои зикргардида семинару мизҳои мудаввар доир мешаванд.

Гурӯҳи мониторингӣ аз оғози фаъолияти худ то имрӯз дар 62 муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида ва 20 қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар умум 82 мониторинг гузаронид.

Тибқи барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  барои соли 2019 мониторинги 15 муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида, аз ҷумла 3 муассисаҳои ислоҳӣ, 4 беморхонаи руҳӣ, 5 тавқифгоҳҳои нигоҳдошти муваққатии шуъбаҳои  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 3 тавқифгоҳҳои нигоҳдошти муваққатии Агенти назорати маводи нашъаовари назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Ба ғайр аз ин Гурӯҳи мониторингӣ нақша дорад, ки дар 4 шуъбаҳои  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва 5 қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯъҳои «Санадҳои байналмилалӣ ва миллӣ дар самти риояи ҳуқуқҳои инсон ҳангоми дастгиршавӣ, тафтишоти пешакӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ», «Муҳокима ва иҷрои тавсияҳои сохторҳои марбутаи Созмони Милали Муттаҳид», «Стандартҳои байналмилалии муносибат бо шахсони аз озодӣ маҳрумшуда», «Муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар қисмҳои ҳарбӣ», «Ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ», «Пешгирии терроризм ва экстремизм» ва дигар мавзӯъҳо мизҳои мудаввар гузаронад.

Дар семоҳаи якуми соли 2019 аз ҷониби Гурӯҳи мониторингӣ дар Маркази бемориҳои руҳӣ ва ёрии норкологии ноҳияи Б. Ғафуров ва Маркази руҳшиносии ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, Беморхонаи руҳии ноҳияи Роштқалъа ва ҷойи нигоҳдории  дасгиршудагон дар Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғи ВМКБ мониторинг гузаронида шуда, ба масъулини муассисаҳои мазкур оид ба рафъи камбудиҳои ошкоршуда ва беҳтар намудани вазъи риояи бошандагон тавсияҳои дахлдор дода шуданд.

Ашӯров М.,
сардори шуъбаи ҳифзи
давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ
ва сиёсии Дастгоҳи ВҲИ ҶТ

Иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар пешвозгирии 84 нафар ноболиғи баргардонидашуда аз Бағдод

081DF8E3-A691-414C-A08D-8D2B08B97655_w650_r0_sСанаи 30 апрели соли 2019 Раҷабмо Ҳабибулозода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти давлатӣ дар пешвозгирии 84 нафар ноболиғи аз Бағдод ба Тоҷикистон баргардонидашуда иштирок намуд.

Қобили қайд аст, ки баргардонии ноболиғон бо ҷаҳду талош ва дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир гардид.

Шаби 30-юми апрел, зимни пешвозгирии кӯдакон дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар суҳбат бо гурӯҳи калони хабарнигорон қайд намуд, ки ба кӯдакон кӯмаки зарурии тиббиву равонӣ расонида мешавад. Баъдан агар хешовандон майл дошта бошанд, кӯдакон ба тарбия ва парастории хешовандон супорида мешаванд. Кӯдакони бесаробонмонда мавриди ғамории ҳамаҷонибаи давлат қарор мегиранд.

Ҳамчунин ба хабарнигорон бори дигар таъкид карда шуд, ки ҳангоми пахши хабару маводҳо вобаста ба кӯдакони ба Ватан баргардондашуда ҳуқуқи онҳо ба дахлнопазирии шахсӣ эҳтиром карда шавад.

Ногуфта намонад, ки масъалаи ҳарчи зудтар ба Ватан баргардонидани ҳамаи кудакон – шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамроҳ бо волидон ва оилаҳои гумроҳшудаи худ ҷиҳати пайвастан ба сафи ДИИШ ва дигар нерӯҳои террористию экстремистӣ вориди сарзамини Ироқ шудаанд, мавриди пайгирии ҷиддии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт қарор дорад.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ