Танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила

пепшгирии зуровари

Ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои занон ва дигар аъзои оила, пешгирӣ ва барҳам додани зуроварӣ дар оила, ҳамчунин баҳри иҷрои банди 22 шарҳи хотимавии Кумитаи СММ оид ба бартараф кардани табъиз нисбат ба занон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода шудааст, ки қонуни алоҳида доир ба ин масъала қабул намояд.

Вобаста ба ин масъала Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар Маърӯзаи худ барои солҳои 2009-2010 бо мақсади ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқи занон, аз ҷумла бартараф кардани табъизи онҳо пешниҳод намудааст, ки Қонун «Дар бораи ҳифз аз зӯроварӣ дар оила» қабул карда шавад. Дар асоси ин пешниҳодҳо аз 19 марти соли 2013, № 954 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул гардида, аз 4 боб ва 27 модда иборат мебошад.

Бояд қайд намуд, ки тибқи сархати 25 моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 15 май ҳамчун — Рӯзи байналмилалии оила қайд карда мешавад.

Кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, ақди никоҳи бармаҳал ва фарҳанги оиладорӣ мунтазам чорабиниҳои иттилоотӣ баргузор менамоянд.Чунин чорабиниҳо соли 2018 дар шаҳри Исфара, ноҳияҳои Дӯстӣ ва Рашт баргузор гардиданд. Дар чорабиниҳои мазкур намояндагони сохторҳои маҳаллии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигарон иштирок карданд.

Ҳамчунин моҳи феврали соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фаъолияти нозири пешгирии зӯроварӣ дар оилаи шуъбаи Вазорати корҳои дохилии 2- и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе санҷида шуд. Аз натиҷаи санҷиш ба мақомоти дахлдор баҳри бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда тавсияҳо пешниҳод гардиданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми вохӯриҳо бо аҳолӣ дар ин самт диққати махсус дода, кормандони он кӯшиш менамоянд, ки ҷиҳати пешгирии зӯроварӣ дар оила саҳмгузор бошанд.

Ш. Раҷабов,
сардори шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва
фарҳангии мақомоти ВҲИ ҶТ