Тероризм ва экстремизм –хатар ба ҳаёти осоишта

скачанные файлы (1)Таърихи инсоният аз он гувоҳӣ медиҳад, ки терроризм ва экстремизм ҳанӯз аз замонҳои қадим вуҷуд дошта, дар шаклу усулҳои гуногун содир мешуд ва оҳиста-оҳиста ба зуҳуроти хатарноки умумиинсонӣ табдил ёфт. Дар ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм зуҳуроти номатлубу зишт ва пурдаҳшату хатарафзо буда, барои ҷомеаи инсонӣ, сулҳу субот, амнияти давлатӣ ва рушди устувори давлатҳо таҳдиди бевосита менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси сатҳи баланди “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” 17 майи соли 2019, қайд намуданд, ки  «имрӯзҳо миллионҳо одамон дар гӯшаҳои гуногуни дунё ба таҳдиди ҷангу даргириҳо ру ба рӯ шудаанд ва терроризму экстремизм ҳамчун зуҳуроти ин падидаҳои харобиовар боиси оқибатҳои ногувори сиёсиву иҷтимоӣ ва ахлоқӣ гардидаанд.

Фаъолияти созмонҳои террористӣ ва дигар ифротгароён дар миқёси глобалӣ хислати фаромарзӣ гирифта, ҳудуди қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро фаро мегирад.

Дар ҳоли ҳозир амалҳои терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ пояҳои амнияти байналмилалиро заиф гардонида, сабабгори ноустувории вазъ дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон ва таҳдидҳо ба шаҳрвандони осоишта мегарданд.

Айни замон, падидаҳои терроризми байналмилалӣ ҳарчи бештар тақвият меёбанд, ки барои сарнавишти ҷаҳон хатари бузург аст.

Бинобар ин, имрӯзҳо муборизаи муштарак ва ҳадафмандонаи давлатҳою халқҳо, ниҳодҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятҳо, пеш аз ҳама, бо решаву сабабҳои зуҳуроти терроризм аҳамияти махсус касб менамояд».

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми намуду шаклҳои маблағгузории терроризм ҷиноят эътироф гардидаанд.

Ҳамзамон ҷиҳати пешгирӣ ва решакан намудани ин амалҳои номатлубу хатарнок бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020» тасдиқ карда шуд. Стратегияи мазкур ҳамчун санади хусусияти барномавидошта мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян менамояд.

Бо мақсади пешгирӣ кардани чунин амалҳо, қонунгузории миллӣ мунтазам такмил дода мешавад, ки мақсади бевоситаи онҳо иборат аз тарғиби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз ҳамроҳшавии онҳо ба гурӯҳҳои экстремистӣ мебошад.

16-17 апрели соли 2019 дар шаҳри Душанбе намояндагони беш аз 50 кишвари олам, коршиносону таҳлилгарони 37 созмони минтақавию байналмилалӣ масалаи мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро баррасӣ намуданд.

Ин ҳамоиши сатҳи баланд дар расонаҳои бонуфузи олам далели таваҷҷуҳи амиқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои башардӯстонаи кишвари мо мебошад. Ташкил ва баргузории Конфронси сатҳи баланд бори дигар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешоҳанг дар муқовимат бо терроризму ифротгароӣ муаррифӣ намуд.

Чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ бо қабули Эъломияи Душанбе ба поён расид. Дар ин ҳуҷҷат, аз ҷумла таъкид мешавад, ки «масъулияти асосӣ дар пешгирӣ, мубориза бо амалҳои террористӣ ва пешгирии суиистифодаи низомҳои молиявӣ барои мақсадҳои террористӣ бар дӯши ҳукуматҳо буда, ҳамаи давлатҳо бояд ҳамкории байналмилалиро мутобиқи уҳдадориҳои худ дар чаҳорчӯби ҳуқуқи байналмилалӣ амалӣ намоянд».

Бояд қайд кард, ки бо дарки вазъи ногувор дар ҷаҳон ва шиддат ёфтани ҷангҳои мусаллаҳона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

Кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон сиёсати хирадмандона ва инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирї намуда, аз ҳама воситаву имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб саҳмгузор бошанд.

Салоҳудинов М.,
корманди мақомоти
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон