Баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи «Вазъи ҳуқуқии шахсони паноҳҷуянда ва гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Круглый стол

Рӯзи 21 июни соли ҷорӣ дар мақомоти  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар мавзӯи «Вазъи ҳуқуқии шахсони паноҳҷуянда ва гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар баргузор гардид.

Чорабинии мазкур дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва адолат» гузаронида шуда, дар он роҳбарият ва кормандони мақомоти  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва намояндагони ТҶ «Инсон ва адолат» ширкат варзиданд.

Мизи мудаварро Умед Бобозода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ифтитоҳ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳануз соли 1994 ба Конвенсияи СММ «Дар бораи мақоми гурезаҳо» аз соли 1951 ва  Протоколи марбут ба он аз соли 1967 ҳамроҳ гардида, қонунгузории миллиро ба онҳо мутобиқ гардонида истодааст ва ҷиҳати таъмини ҳуқуқу озодиҳои ин категорияи шаҳрвандони хориҷӣ шароити дахлдор фароҳам овардааст. Айни ҳол дар кишвар ҳудуди се ҳазор гурезагон ба қайд гирифта шудаанд, ки аксаран шаҳрвандони давлатҳои Афғонистон, Покистон ва дигар давлатҳои минтақа, ки вазъияти ноором доранд, мебошанд.

Круглый стол (1)

Сипас, роҳбари ТҶ «Инсон ва адолат» — Давлатшоев Ш., ҳуқуқшинос – таҳлилгари ташкилот – Қодирқулов Х. дар мавзӯъҳои «Ваколати намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо дар ҶТ», «Санадҳои байналмилалӣ ва миллӣ оид ба вазъи гурезаҳо»,  «Шаклҳои муҳоҷирати байналмиллаӣ», «Тартиби муроҷиат оид ба гирифтани мақоми гуреза дар ҶТ», «Мушкилотҳои ҷойдоштаи ҳуқуқии шахсони паноҳҷуянда ва гурезаҳо» ва дигар мавзӯъҳои марбут ба гурезаҳо маърӯза намуданд.

Ҳамчунин иштирокчиёни мизи мудаввар вобаста ба маърӯзаҳо саволу ҷавоб карда, фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ Умед Бобозода ба иштирокчиён ва хусусан роҳбарияти ТҶ «Инсон ва адолат»  дар баргузорӣ ва иштирок дар мизи мудаввар изҳори миннатдорӣ намуда, қайд намуд, ки ҳамкориҳои минбаъда ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқҳои шахсони паноҳҷуянда ва гурезаҳо тақвият дода мешаванд.

Бояд қайд кард, ки Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва адолат» аз моҳи марти соли 2018 фаъолияти худро оғоз намуда, шарики ҳуқуқии Намояндагии Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Самти асосии фаъолияти он дастгирӣ намудани ҳуқуқҳои инсон, аз он ҷумла ҳимояи ҳуқуқи гурезаҳо ва ашхоси паноҳҷӯянда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар асоси Оинномаи ташкилот мақсади асосии он мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони бешаҳрванд ва гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шуда, вазифаҳои дар пеш истодаро тавассути  гузаронидани тадқиқотҳо, пешкаши ёрии ҳуқуқӣ, намояндагӣ дар суд, расонидан ва  гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ ва омӯзишӣ дар ҳамкорӣ бо дигар ташкилоту муасисаҳои давлатӣ ва байналхалқӣ ба роҳ мондааст.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ