Сулҳофарӣ иродаву ҷоннисориву гузашт мехоҳад!

logo_vahdatМо дар ростои таҷлили яке аз бузургтарин ҷашнҳо миллӣ – Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем. Ваҳдати миллӣ саҳифаи нави таърихи тоҷикон ба шумор рафта, барои бунёдкорӣ ва созандагӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа замина гузоштааст.

Ҷойгоҳ ва аҳамияти сулҳу ваҳдати миллӣ барои халқи мо хеле арзишманд аст. Зеро барои расидан ба сулҳ ва Ваҳдати миллӣ дар маҷрои воқеаҳои хунини солҳои 90-уми асри гузашта ҷоннисориҳо ва гузаштҳои зиёде сурат гирифтааст, то ки ин саҳифаи нангини таърихи миллат поён ёбад ва суботу амният таъмин гардад.

Кӯшишҳои сулҳталабона низ кам набуданд. Дар марҳилаи авҷи ҷанги шаҳрвандӣ – соли 1992, тарафҳои даргир барои хотима додан ба низоъ дар шаҳрҳои Бохтар (собиқ Қурғонтеппа), Хоруғ ва Хуҷанд бо ҳам нишаста, кӯшиш намуданд сулҳ кунанд. Вале, дар ҳамаи ҳолатҳо кӯшишҳо самара намедоданд.

Дар ин раванд тарафҳои даргир як факти таърихиро нодида гирифтанд. Яъне, хотима додани ҷанг дар ҷое, ки он оғоз гардидааст. Ҷанги шаҳрвандӣ дар Душанбе – пойтахти Тоҷикистон оғоз гардида, ба ҷануб ва шарқу ғарби Тоҷикистон паҳн шуда буд ва мебоист ташаббуси сулҳгароӣ низ аз Душанбе сарчашма мегирифт.

Пас аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, аввалин иқдоми Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргаштан ба Душанбе ва даъват намудани вакилони Шӯрои Олӣ ва масъулини Ҳукумати Тоҷикистон ба пойтахт буд.

Сарвари давлат ба шароити ногувори кору истироҳат дар қароргоҳи Ҳукумат, ки гурӯҳҳои ҷиноятпеша ғасбу тороҷ намуда буданд, аҳамият надода, шабу рӯз дар фикри амалӣ намудани ваъдаи худ ба халқи Тоҷикистон буданд. Зеро, он кас дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ қайд карда буданд, ки: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Дар он марҳила, мухолифин ин суханон ва кӯшишҳои давлатсозии Сарвари давлатро нодида гирифта, ба амалҳои ғаразноки худ идома медоданд. Нерӯҳои мухолифин дар қисматҳои ҷанубӣ ва шарқу ғарбии Тоҷикистон амалиётҳои ҷангӣ бурда, зери фишору тарс теъдоде аз сокинони маҳалҳои зери идораашон бударо ба хоки Афғонистон гуреза намуданд. Онҳо бо ин амалашон раванди сулҳ ва Ваҳдати миллиро ба қафо кашида, бо истифода аз ин мехостанд ҳадафҳои ғаразнокашонро амалӣ намоянд.

Аммо, азму иродаи қавӣ ва хиради азалии Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ нагузошт, ки роҳбарони мухолифин ин ҳадафи олиро барҳам зананд. Зеро, масъалаи ба раванди музокирот кашида шудани мухолифин суоли вақт буд.

Эмомалӣ Раҳмон ба хубӣ дарк менамуданд, ки барои расидан ба сулҳу Ваҳдати миллӣ, аз буҳрон баровардани иқтисодиёти Тоҷикистон ва ривоҷу равнақи он бояд мутахассисони варзида дар атрофашон ҷамъ омада, зери роҳбариашон кор кунанд. Дар ин раванд агар барои устувории мавқеи худи Сарвари давлат масъулияти роҳбарӣ ва ваъдаи сулҳофариашон асос гардида бошад, барои масъулини давлат ва ҳукумат мавқеи устувор ва шарафу мардонагии Эмомалӣ Раҳмон боис шудааст, ки ба Душанбе оянд ва ба иҷрои вазифа шурӯъ кунанд.

Барои Сарвари давлат новобаста аз вазъи буҳронии соҳаҳои тариқи инертсия пешравандаи хоҷагии халқии ҷумҳурӣ — сулҳ ва Ваҳдати миллӣ афзалият дошт. Зеро, он кас дуруст дарк менамуданд, ки бе истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ ба рушди дигар соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ноил гардидан ғайримумкин буд. Дар ин робита Сарвари давлат қайд намуда буданд, ки: «… сулҳу субот ва тараққиёти моддӣ ҳадафи асосии ҳамаи мо аст. Аввалтар аз ҳама мо бояд ғамро аз дили мардум барем, дили гирифтаю торики ӯро рушан созем. Он гоҳ корҳо бо мароми худ пеш меравад».

Имрӯзҳо дар дохил ва хориҷи кишвар, дар нишасту баромадҳои якҷояву алоҳида ва баёнияву навиштаҳо масъалаи нақши ин ё он нафар, гурӯҳ, ташкилот ва ё давлат дар истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ баррасӣ ва баҳогузорӣ мешавад. Албатта, сулҳ миёни ду ҷониб баста мешавад. Вале, нақши асосӣ ва ҳалкунандаи Пешвои миллат дар истиқрори сулҳи тоҷикон бебаҳс аст. Дар ин росто, шева ва ҳолати ворид шудани ҷонибҳо ба раванди сулҳ набояд нодида гирифта шавад.

Иттиҳоди неруҳои мухолифини Тоҷикистон (ИНОТ), ки қишри таъсиргузорашро аъзоёни Ҳизби наҳзати исломӣ (фаъолияташ манъ карда шудааст) ташкил медоданд, пас аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, Тоҷикистонро бо мақсади Афғонистон, Эрон, Покистон ва дигар кишварҳое, ки хоҷагонашон мақом доштанд тарк намуда буданд. Бо дастури онҳо гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша, ки дар минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ мустақар буданд барои фаъолияти ҳукумати нав монеа эҷод мекарданд.

Роҳбарияти ИНОТ борҳо даъватҳои Сарвари давлатро барои дар Душанбе баргузор намудани вохӯриҳо, бо далели таъмин набудани амнияти шахсиашон рад намуда буданд. Дар ҳоле, ки Сарвари давлат ҷони худро ба хатар гузошта, барои сулҳҷӯӣ ба Хусдеҳи Афғонистон – як мавзеи пурхатар ва ба талаботи протоколӣ ҷавобгӯй набуда, сафар намуданд. Ин вохӯрӣ раванди минбаъдаи музокироти сулҳро ба куллӣ тағйир дода, мавқеи сулҳофарии Сарвари давлатро дар миёни иштирокчиёни раванди сулҳи тоҷикон устувор намуд.

Дар он марҳила вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон низ тағйир ёфта, обруву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бештар гардид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ иқдомҳои Сарвари давлатро дастгирӣ намуда, бо дарназардошти вазъияти баамаломада мавқеашонро дар робита ба дастгирии мухолифин тағйир медоданд.

Илова бар ин, азму иродаи қавӣ, хастагинопазирӣ, ҷоннисорӣ ва хиради азалии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мухолифинро дар ростои расидан ба ҳадафҳояшон ноумед гардонида, водор намуд, ки раванди музокиротро зиёд тӯл надода, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ба имзо расонанд.

Сарвари давлат на танҳо ба сулҳу ваҳдати миллӣ асос гузоштанд, балки онро дар амал татбиқ намуда, ҳокимияти қонуниро ҷорӣ намуданд ва Тоҷикистони воҳид сохтанд.

Самараи сулҳ ва Ваҳдати миллӣ дар рушду равнақи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ баръало намоён аст. Ва муҳимтар аз ҳама сулҳ ва Ваҳдати миллӣ халқи моро ба оянда дилгарм намуда, зери ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фатҳи қуллаҳои мурод ҳавасманд гардонид.

Қодирӣ С.А., корманди мақомоти
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

Семинарҳои омӯзишии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод ва Лахш

Копия Копия Барномаи таълимДар доираи амалисозии банди 11 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои марҳилаи сеюми (солҳои 2019-2020) Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020 рӯзҳои 17-22 июни соли 2019 аз ҷониби мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод ва Лахш барои омӯзгорони фанни “Ҳуқуқи инсон”-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ семинарҳои омӯзишии дурӯза гузаронида шуданд.

Семинарҳои зикршуда аз ҷониби тренероне, ки дорои сертификати дахлдори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, гузаронида шуданд.

Ба семинарҳои омӯзишӣ дар ҳар як ноҳия синафарӣ омӯзгорони фанни “Ҳуқуқи инсон” ҷалб карда шуда, дар рафти семинарҳо онҳо бо маводи конселярӣ ва адабиёти соҳавӣ, ки ба фаъолияти ҳамарӯзаи омӯзгорон мусоидат мекунад, аз ҷумла китоби “Маҷмуаи санадҳои асосии байналмилалӣ ва миллӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон”, “Роҳнамо барои омӯзгорони фанни “Ҳуқуқи инсон”, Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи башар, Эъломияи Куруши Кабир, маҷаллаи “Ахбори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (шумораи №1 с.2019) ва дигар маводи тақсимотӣ ройгон таъмин карда шуданд.

Зимни гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ тренерон аз роҳу усулҳои интерактивӣ, аз ҷумла кор дар зергурӯҳҳоро  истифода бурда, ҷиҳати дар амалия васеъ истифода бурдани онҳо машғулиятҳои амалӣ гузарониданд. Инчунин дар семинарҳо Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Барномаи умумиҷаҳонии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон, Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020, Қайдҳои умумии Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак оид ба таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон (соли 2001), Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи башар, Эъломияи Куруши Кабир ва дигар санадҳои байналмилалӣ ва миллӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон мавриди омӯзиш ва  муҳокимаи иштирокчиён қарор дода шуданд.

Ҳамзамон барои иштирокчиён оид ба фаъолияти мақомоти ВҲИ ҶТ маълумоти муфассал пешниҳод карда шуда, тавсия дода шуд, ки дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ онҳо метавонанд аз сомонаҳои ombudsman.tj, vhk.tj ва khit.tj васеъ истифода баранд. Қайд карда шуд, ки ҳар як шаҳрванд метавонад ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тавассути суроғаҳо, телефонҳо ва почтаҳои электроние, ки дар сомонаҳои зикршуда ҷой дода шудаанд, муроҷиат намояд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ иштирокчиён фикру ақида ва пешниҳодоти худро оид ба масъалаҳои баррасишуда баён намуданд. Аз ҷумла онҳо ба ташкилкунандагони чорабинӣ изҳори миннатдорӣ намуда, иқдоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро оид ба гузаронидани чунин семинарҳо барои омӯзгорони фанни “Ҳуқуқи инсон” дар шаҳру ноҳияҳо ва хусусан дар ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ саривақтӣ ва ба манфиати кор донистанд.

Содиқов А.М.,
корманди мақомоти
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон