Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

20190626_100334

Имрӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба 22-юмин солгарди баимзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ва «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» мизи мудаввар баргузор гардид.

Чорабинӣ бо иштироки У. Бобозода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони мақомот зери унвони «Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ» гузаронида шуд.

Умед Бобозода ба кори мизи мудавваро ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо расидан ба Ваҳдати миллӣ тавонист сулҳу суботро пойдор намояд ва барои эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона кӯшишҳои пайгирона карда, ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олӣ эҳтиром, эътироф ва ҳифз намуда, миёни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мақому манзалати худро пайдо намояд.

Сипас   Қодирӣ С.— сардори шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ» маърӯза намуд. Дар маърӯза нақши созанда ва хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди сулҳ ва таҳкими минбаъдаи он, ба тасвиб расидани “Созишономаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” ва зарурияти ташвиқу тарғиб ва ҳифзи Ваҳдати миллӣ махсусан қайд карда шуд.

Инчунин зикр карда шуд, ки «Самараи сулҳ ва Ваҳдати миллӣ дар рушду равнақи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ баръало намоён аст. Ва муҳимтар аз ҳама сулҳ ва Ваҳдати миллӣ халқи моро ба оянда дилгарм намуда, зери ҳидояти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фатҳи қуллаҳои мурод ҳавасманд гардонид.»

Дар қисмати муҳокимаи маърӯза иштирокчиёни мизи мудаввар нақши тақдирсози Ваҳдати миллиро дар рушди минбаъдаи Тоҷикистон ва махсусан таҳкими Истиқлолияти давлатӣ муҳим арзёбӣ намуда, вобаста ба маърӯза саволу ҷавоб карда, фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Дар охир У.Бобозода кори мизи мудавварро ҷамъбаст намуда, ҳозиринро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик ва таҳният гуфта, ҳамагонро барои расидан ба қадри сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ даъват намуд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ