Иштирок дар машваратҳои сеюми минтақавии ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсони Осиёи Марказӣ

GANHRI

Рӯзҳои 24-25 июни соли 2019 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Машваратҳои сеюми минтақавии ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсони Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулозода Р.Ҳ., муовини сардори шуъбаи ташкилӣ, таҳлилӣ ва иттилоотӣ – Бобохонов С. ва ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Солиев А. иштирок намуданд.

Дар кори Машваратҳои сеюми минтақавии ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсони Осиёи Марказӣ лоиҳаи “Харитаи роҳ оид ба ҳамкории ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсони Осиёи марказӣ” мавриди баррасӣ қарор дода шуда, сипас, санади мазкур аз ҷониби Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсони давлатҳои Ӯзбекистон, Қазоқизстон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон якдилона қабул гардид, ки барои ҳамкориҳои минбаъда дар сатми ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон байни ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсони Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.

Мувофиқи санади мазкур муколамаи доимӣ ва пайваста байни ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсони Осиёи марказӣ ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои минбаъда дар самти ҳуқуқи инсон дар назар аст.

Дар рафти машваратҳо Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсони Осиёи Марказӣ оид ба вазъи мавҷудаи ҳифзи ҳуқуқи инсон ва нақши ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон маърӯза намуданд.

Рӯзи 25 июн намояндагони ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсони Осиёи Марказӣ дар семинар дар мавзӯи “Ҳуқуқи инсон ба хотири рушди устувор”, ки аз ҷониби Дафтарҳои минтақавии Барномаи рушди СММ ва Раёсати Комиссари Олии ҳуқуқи инсон ташкил карда шуд, иштирок намуданд.

Мутобиқи барнома дар семинар масъалаҳои рӯзномаи СММ дар самти Ҳадафҳои Рушди Устувор то соли 2030 (ҲРУ) ва ҳуқуқи инсон, нишондодҳо дар самти ҳуқуқи инсон тибқи ҲРУ, муносибати ба ҳуқуқи инсон асосёфта, муносибати СММ мутобиқи низоми умумии принсипи “Ҳеҷ касро дар ақиб намегузорем” фаъолияти ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсони Осиёи Марказӣ дар самти ҲРУ ва равонасозии кӯшишҳо баҳри дар амал татбиқ намудани ҲРУ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Инчунин дар рафти семинар ширкаткунандагон ба гурӯҳҳо тақсим шуда, нақшаи фаъолияти минбаъдаи худро дар асоси ҲРУ муаррифӣ намуданд.

Дар охири чорабинӣ ташкилкунандагон, тренерон ва иштирокчиёни семинар тадбирҳои банақшагирифтаи намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти ҲРУ хуб арзёбӣ намуданд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ