Арзёбии амалишавии Лоиҳаи «Ҳамкории наздисарҳадӣ ба хотири сулҳ ва рушди устувор»

TojikistonАз моҳи сентябри соли 2018 мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои амалисозии Лоиҳаи нави «Ҳамкории наздисарҳадӣ ба хотири сулҳ ва рушди устувор», ки аз ҷониби Барномаи Рушди СММ маблағгузорӣ мешавад, ҷалб гардидааст.

Мақомот барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, таҳкими ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба пешрафт ва ҳифзи ҳуқуқи инсон мусоидат мекунад.

Дар ин самт масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ; ҳалли якҷояи мушкилоти иҷтимоӣ ва истифодаи сарватҳои табиӣ; баланд бардоштани таҳаммулпазирии ҷавонони синни 19-35 сола; қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ; иштироки фаъоли занон дар ҳалли мушкилоти наздисарҳадӣ; роҳандозии иқдомоти соҳибкорӣ ҷиҳати беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ; дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокӣ ва полезӣ; дастарсии аҳолӣ ба чарогоҳ; истифодаи оқилонаи инфрасохторҳои баҳснок ва дигар масъалаҳо мавриди арзёбӣ қарор дода шуданд.

Бо назардошти номуайян будани хати сарҳад дар қисматҳои бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳади ҷамоатҳои Лаккон, Ворух, Сурх ва Чоркуҳи шаҳри Исфара ва ҷамоатҳои Хистеварзу Овчӣ-қалъачаи ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилоти муайян ҷой дорад, ки махсусан дар фасли баҳор ташвишовар мегардад.

Ҳарчанд қисми зиёди мушкилоти ҷойдошта ба муайян ва аломатгузорӣ шудани хати сарҳад вобастагӣ дорад, аммо дар маҷмӯъ метавон барои пешгирии ҳолатҳои низоъгароёна бо истифода аз унсурҳои ҳамкорӣ ва миёнаравии шарикони рушд барои зиндагии осоиштаи аҳолӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо мусоидат намуд.

Яке аз мушкилоти асосӣ ба раванди қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дахл дорад, ки бинобар такрорӣ буданашон дар ҳолатҳои алоҳида қабул ва баррасӣ карда намешаванд, ки хилофи талаботи қонунгузорӣ мебошад.

Ба масъулини мақомоти давлатӣ вобаста ба асосҳои ҳуқуқӣ ва амалияи қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ, талаботи Конститутсия ва қонунгузорӣ, пешравӣ ва мушкилоти мавҷуда дар ин самт ва нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар амалисозии Лоиҳаи мазкур маърӯза карда шуд.

Қайд карда шуд, ки муроҷиат намудан ба мақомоти давлатӣ ҳуқуқи конститутсионии шаҳрванд ба ҳисоб рафта, масъалаи мазкур яке аз самтҳои меҳварии сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар ин робита дар ҷумҳурӣ санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд, ки механизми қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро муқаррар намудааст.

Қабул ва баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар минтақаҳои наздисарҳадии баҳснок истиқомат ва фаъолият менамоянд, метавонад мушкилоти эҳтимолиро пешгирӣ намояд.

Зимни баррасии маърӯза масъалаи ҳамкории мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақомоту идораҳои дахлдор ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолии минтақаҳои баҳсноки наздисарҳадӣ махсусан таъкид карда шуд.

Дар рафти вохуриҳо намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва худидоракунии шаҳраку деҳот оид ба қабул ва баррасии муроҷиатҳои сокинони минтақаҳои баҳсноки наздисарҳадӣ ибрози назар намуданд.  Қайд карда шуд, ки бинобар хусусияти давомнок ва ё мавсимӣ доштани мушкилот сокинони минтақаҳои баҳсноки наздисарҳадӣ оид ба ин ё он масъала муроҷиатҳои такрорӣ мекунанд, ки ҳалли онҳо пеш аз ҳама аз аниқ муайян шудани марз вобастагӣ дорад.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва махсусан ҷузъу томҳои Қушунҳои сарҳадӣ дар минтақаҳои баҳсноки наздисарҳадӣ фаъолияти самаранок ва мунтазам дошта, пайваста бо сокинон вохӯриву мулоқотҳо баргузор менамоянд.

Ҳамчунин зимни арзёбии натиҷаҳои Лоиҳаи мазкур ба масъулин тавсия дода шуд, ки ҳангоми қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ талаботи зеринро ба инобат гиранд:

  • муҳлати баррасии муроҷиат риоя карда шавад;
  • ҳама гуна муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бояд ба қайд гирифта шаванд;
  • муроҷиатҳои такрорӣ бояд ба муроҷиатҳои қаблан бақайдгирифташуда ҳамроҳ карда шаванд;
  • оид ба баррасии муроҷиатҳо шаҳрвандон дар муҳлати 3 рӯзи корӣ огоҳонида шаванд;
  • муроҷиатҳое, ки ба вайроншавии ҳуқуқи инсон, хавф ба ҳаёт, саломатӣ ва моликияти шаҳрвандон асос ёфтаанд оҷилона баррасӣ карда шаванд;
  • ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳолатҳои эҳтимолии низоъгароёна ва кӯшишҳои худсарона ҳал намудани мушкилоти наздисарҳадӣ дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.

С.Қодирӣ,
корманди мақомоти
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон