Бедаракшавии маҷбурӣ вайронкунии ҳуқуқи инсон ва ҷиноят аст

потеряшкиКонвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳимояи ҳамаи шахсон аз бедаракшавии маҷбурӣ аввалин шартномаи универсалие ба шумор меравад, ки бедаракшавии маҷбуриро ҳамчун вайронкунии ҳуқуқи инсон ва ҷиноят эътироф намудааст. Конвенсияи мазкур соли 2006 қабул ва соли 2010 эътибори ҳуқуқӣ пайдо намудааст.

 Мақсади асосии конвенсия ҳифзи инсон аз бедаракшавии маҷбурӣ буда, дар он бедаракшавии маҷбурӣ ҳамчун баҳабсгирӣ, боздошт намудан, одамрабоӣ ё аз озодӣ маҳрум намудани инсон дар ҳар шакл аз ҷониби намояндаи давлат ё шахсон ё гуруҳи одамон, ки бо иҷозат, дастгирӣ ё розигии давлат амал менамоянд ва минбаъд рад карда шудани ҳолати аз озодӣ маҳрум намудан ё пинҳон намудани маълумот дар бораи тақдир ё ҷойи буду боши  шахси бедаракшуда, ки дар натиҷаи он шахс бе ҳифзи қонун мондааст,  муайян карда шудааст.

Ҳар як давлати  иштирокчии конвенсия вазифадор шудаанд, ки бедаракшавии маҷбуриро ҳамчун ҷиноят банду баст намоянд ва шахсони гунаҳгор ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Эъломия дар бораи ҳифзи ҳамаи шахсон аз бедаракшавии маҷбурӣ (аз 18 декабри соли 1992) аз ҳамаи давлатҳо даъват менамояд, ки бо мақсади пешгирӣ кардан, барҳам задан ва ҷазо додани амалҳои бедаракшавии маҷбурӣ ҳамаи чораҳои самараноки қонунгузорӣ, маъмурӣ, судӣ ва дигар чораҳоро андешанд.

Дар моддаи 7 Эъломияи мазкур омадааст, ки «Ҳеҷ як ҳолат чӣ хеле, ки набошад, хоҳ таҳдиди ҷанг, вазъи ҷангӣ, ноустуворӣ ё ҳар гуна дигар вазъи фавқулодда наметавонанд ҳамчун далели сафедкунандаи бедаракшавии маҷбурӣ бошанд».

Моддаи 2 қарори Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид  47/133 аз 18 феврали соли 1992 аз ҳамаи давлатҳои иштирокчӣ – аъзои СММ талаб менамояд, ки ягон давлат набояд бедаракшавии маҷбуриро ба кор барад, иҷозат диҳад ё роҳ диҳад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 5 муайян намудааст, ки «инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд». Дар ҳақиқат дар давлате, ки дар Конститутсияи он «инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ» эълон карда шудааст, одамон набоянд бедарак шаванд.

Қобили тазаккур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол ба  Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳимояи ҳамаи шахсон аз бедаракшавии маҷбурӣ ҳамроҳ нагардидааст. Дар қонунгузори миллӣ низ мафҳуми «бедаракшавии маҷбурӣ» оварда нашудааст.

Ба Тоҷикистон аз ҷониби давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар доираи Шарҳи универсалии даврӣ (даври дуюм) баррасии масъалаи ҳамроҳ шудан ба Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳимояи ҳамаи шахсон аз бедаракшавии маҷбурӣ тавсия шудааст.

Новобаста аз он, ки Тоҷикистон ба Конвенсияи зикргардида ҳамроҳ нашудааст, дар қонунгузории миллӣ ҷавобгарӣ барои бедаракшавии маҷбурӣ дар ҳамон намуде, ки дар Конвенсия муайян карда шудааст, пешбинӣ шудаанд. Масалан, дар моддаҳои 130 (Одамрабоӣ), 130 (1) (Савдои одамон), 131 (Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ), 167 (Савдои кӯдакон), 316 (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ), 317 (Соҳибӣ кардани ваколати шахси мансабдор), 358 (Ғайриқонунӣ дастгир ё ҳабс намудан) –и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани кирдорҳои зикргардида ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудаанд.

Ҳар як инсон ба ҳифзи давлатии  ҳуқуқҳои бунёдии инсонии худ – ҳуқуқ ба ҳаёт ва дахлнопазирии шахсӣ ба пуррагӣ ҳуқуқ дорад. Бедаракшавии маҷбурӣ бечуну чаро барои хешовандону наздикон ва ҷомеа фоҷиа ба шумор меравад.

Аз ин рӯ ҳалли мушкилоти бедаракшавии маҷбурӣ ҳамкориҳои мутақобилаи низоми давлатии ҳифзи ҳуқуқ, созмонҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатии ҳимояи ҳуқуқро тақозо менамоянд.

Дар сохтори Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон таъсис додани гуруҳи корӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектони оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ ҳангоми тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба ҳолатҳои бедаракшавии маҷбурӣ аз манфиат холӣ нест.

М. Ашӯров,
сардори шуъбаи ҳифзи давлатии 
ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии
Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи
инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон