Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аҳамияти хосса медиҳад

mintrud

Тибқи даъвати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 19 июли  соли 2019 Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи “Равандҳои муҳоҷират дар кишварҳои Осиёи Марказӣ: ҷанбаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии илм ва таҷриба” иштирок намуданд.

Дар кори Конференсия намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, корпусҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, диаспораҳои тоҷикон, олимон, коршиносон, аспирант ва магистрантҳо, инчунин намояндагони  васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Дар бахшҳои алоҳида иштирокчиён дар мавзӯъҳои «Муҳоҷирати меҳнатии байналмилалӣ ва раванди иҷтимоӣ-иқтисодӣ», «Оқибатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии муҳоҷират», «Вазъи муҳоҷирон дар кишварҳои қабулкунанда: имконият ва чолишҳо», «Таъсири муҳоҷират ба оила ва кӯдакон», «Занон ва кӯдакон дар раванди муҳоҷират»,   «Имконияти мутобиқсозии муҳоҷирони баргашта ва бо  кор   таъминкунии ҷавонони бекор»  маърӯзаҳои пешниҳодшударо мавриди баррасӣ ва муҳокимаи ҳамаҷониба қарор доданд.

Аз натиҷаи баррасӣ ва муҳокимаи мавзӯъҳои зикргардида тавсияҳои дахлдор қабул карда шуданд. Аз ҷумла, дар мавриди таъсири раванди муҳоҷират ба кӯдакон қайд карда шуд, ки таҳлилҳо дар самти вазъи кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта ҷузъӣ ва пароканда буда, мувофиқи мақсад аст, ки дар самти мазкур таҳлили амиқ бо фарогирии ҳамаи ҷанбаҳои масъала гузаронида шавад. Аз ин лиҳоз, мувофиқи мақсад шуморида шуд, ки фаъолияти ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор аз ҷониби яке аз вазоратҳои дахлдор ҳамоҳанг сохта шуда, ҷиҳати тақвият додани пешбурди ҳуқуқу озодиҳои занон ва кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта чораҳои муассир андешида шаванд.

Кори Коференсияи байналмилалиро Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода С.С.  ҷамъбаст намуда, аз ҷумла изҳори боварӣ намуданд, ки тавсияҳои Конференсия ҷиҳати андешидани чораҳои мақсаднок ва танзими минбаъдаи равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат менамоянд.

А. Содиқов,
сардори шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор
оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон