Таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон – яке аз роҳҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ  

Копия Копия Барномаи таълим«Рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад»

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсонро арзиши олӣ эътироф намуда, бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро ҳадафи худ қарор додааст.

Ташаккули давлати демократӣ, ҳуҳуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маданияти баланди ҳуқуқиро талаб менамояд ва аз сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вобастагии зиёд дорад. Масъалаи мазкур мавриди таваҷҷуҳи махсуси Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин самт пайваста дастуру супоришҳои дахлдор медиҳанд. Аз ҷумла, зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ 22 декабри соли 2016 таъкид намуданд, ки «Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вазоратҳои адлия, маориф ва илм, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Академияи илмҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва тамоми мақомоти давлатиро зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ густариш диҳанд».

Бояд зикр намуд, ки мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар боари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз вазифаҳои асосии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ин мусоидат намудан дар баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, шаклҳо ва воситаҳои ҳифзи он мебошад.

Бинобар ин ҷаҳати амалигардонии принсипҳо, мақсаду вазифаҳои марҳилаи дуюми Барномаи умумиҷаҳонии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2010-2014 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020» — ро таҳия ва амалӣ намуда истодааст, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012, №678 тасдиқ шудааст.

Барнома ба тавсеа ва такмили марҳилавии низоми иттилоотӣ, маърифатӣ ва таълимӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, гузаштан ба сатҳи сифатан нави тайёр кардани кадрҳо мутобиқи талаботи қонунгузории миллӣ ва стандартҳои байналмилалӣ равона гаштааст.

Мақсадҳои асосии татбиқи Барнома ин мусоидат намудан ба баланд бардоштани маданияти ҳуқуқи инсон, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳамкории байни мақомоти давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҷорӣ намудани омӯзиши фанни  ҳуқуқи инсон дар низоми маориф, барномаҳои таълимии судяҳо ва низоми хизмати давлатӣ, муттаҳид ва равона намудани саъю кӯшишҳои якҷоя барои амалӣ кардани  сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, таҳия ва татбиқи барномаҳои таълимӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои дурнамои дарозмуҳлат ва тайёр кардани кадрҳо барои ҷорӣ намудани низоми таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон мебошад.

Доираи амали Барномаи мазкур таълими соҳаи ҳуқуқи инсон дар низоми маориф, курсҳои омӯзишӣ ва азнавтайёркунии омӯзгорон, судяҳо, хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳарбиро фаро мегирад.

Татбиқшавии Барнома аз се марҳила иборат буда, марҳилаи якум солҳои 2013-2014, марҳилаи дуюм солҳои 2015-2018 ва марҳилаи сеюм солҳои 2019-2020-ро дар бар мегирад. Бинобар ба итмом расидани марҳилаҳои якуму дуюми Барнома моҳи марти соли ҷорӣ Нақшаи чорабиниҳо барои марҳилаи сеюм тасдиқ гардида, амалӣ шуда истодааст.

Ҷиҳати татбиқ ва ҳамоҳангсозии умумии фаъолияти иҷрокунандагони  Барнома дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои таълимӣ ва дигар ташкилотҳои дахлдор Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ таъсис дода шудааст.

Бо мақсади таҳия ва тасдиқи барномаҳои мақсаднок, дастурҳои методӣ оид ба иҷрои самтҳои асосии Барнома ва барои амалисозии дигар чорабиниҳои пешбинишуда бо қарори Шӯро шаш гурӯҳи корӣ дар самтҳои зерин таъсис дода шуданд:

— таълими хизматчиёни давлатӣ;

— таълими кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;

— таълими хизматчиёни ҳарбӣ;

— таълими судяҳо ва кормандони мақомоти судӣ;

— таълим дар муассисаҳои миёнаи махсус ва олӣ;

— таълим дар муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ.

Аз ҷониби гурӯҳҳои кории мазкур 17 барномаҳои мақсаднок аз фанни «Ҳуқуқи инсон» таҳия гардида, дар вазорату идораҳои дахлдор мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Инчунин дар доираи амалигардонии Барнома зиёда аз 70 маводҳои иттилоотӣ (китоб, маҷмуа, буклет, брошура ва ғ.) таҳия ва нашр гардидаанд, аз ҷумла: «Маҷмуаи санадҳои асосии байналмилалӣ ва миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон (нашрҳои I — II)», «Маҷмӯи санадҳои асосии байналмилалӣ ва миллӣ оид ба адолати судӣ нисбати ноболиғон», «Маҷмӯи маводҳо барои дарсҳои ҳуқуқи инсон барои синфҳои 10 ва 11», «Роҳнамо барои омӯзиши ҳуқуқи инсон», «Роҳнамо аз фанни ҳуқуқи инсон барои ихтисосҳои ғайриҳуқуқшиносӣ», маҷаллаи «Ахбори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайраҳо.

Маводҳои мазкур зимни баргузории чорабиниҳои иттилоотӣ ва вохӯрию мулоқотҳо ба аҳолӣ дастрас карда мешаванд.

Мутобиқи банди 7 Барнома (Чорабиниҳои иттилоотӣ) барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сатҳи гуногуни аҳолӣ Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ба тариқи доимӣ барномаҳои телевизионӣ ва радиошунавониро оид ба ҳуқуқи инсон амалӣ менамоянд.

Бо ин мақсад аз ҷониби роҳбарият ва кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма, тули солҳои 2013-2018 тавассути телевизион, радио, матбуоти чопӣ ва электронӣ 3681 баромад вобаста ба масъалаҳои гуногунӣ ҳуқуқӣ ташкил ва баргузор карда шудааст.

Инчунин дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон се сомонаи расмӣ – www.ombudsman.tjwww.khit.tj ва www.vhk.tj  амал мекунад, ки вобаста ба самтҳои гуногуни масъалаҳои ҳуқуқӣ маълумот пешниҳод менамоянд. Мазмун ва муҳтавои сомонаҳо пайваста таҷдид карда шуда, танҳо соли 2018 зиёда аз 300 мавод ҷойгир карда шудаанд.

Ҳамзамон аз ҷониби мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон пайваста чорабиниҳои маърифатӣ ва иттилоотӣ (конференсия, мизи мудаввар, семинар, тренинг, вохӯрӣ бо аҳолӣ ва ғ.) гузаронида мешавад.

Дар доираи татбиқи Барнома дар ҳамкорӣ бо намояндагии САҲА дар Душанбе «Мактаби ҳуқуқи инсон» таъсис дода шудааст, ки дар заминаи он бо мақсади омода намудани тренерон дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои 15 нафар намояндагони вазорату идораҳои дахлдор як қатор тренингҳои омӯзишӣ ташкил ва гузаронида шуд. Гузаронидани чунин тренингҳо барои омода намудани ҳайати нави тренерон давоми солҳои 2019-2020 ба нақша гирифта шуда, моҳи апрели соли ҷорӣ алакай як тренинг баргузор гардид.

Тибқи нақша тренерони омодашуда дар навбати худ ба кормандони мақомоту идораҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони соҳаи маориф ва дигар гурӯҳҳои мақсаднок дар мавзӯъҳои мухталифи ҳуқуқи инсон  семинарҳои омӯзишӣ мегузаронанд. Аз ҷумла, соли 2018 чунин семинарҳо дар Маркази таълимии судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва филиалҳои он дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва Хуҷанд гузаронида шуданд.

Бино ба анҷом расидани марҳилаи дуюми амалисозии Барнома моҳи марти соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ доир гардид. Дар ҷаласа натиҷаҳои амалигардонии марҳилаи дуюми Барнома муҳокима шуда, Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои марҳилаи сеюм таҳия ва тасдиқ гардид, ки дар он гузаронидани чорабиниҳои зерин дар назар дошта шудааст, аз ҷумла: гузаронидани тренингҳои мақсадноки 5-рӯза барои шахсони тамоси вазорату идораҳо, ҷорӣ намудани курси таълимӣ оид ба ҳуқуқи инсон барои омӯзгорони фанни «Ҳуқуқи инсон» дар сохтори такмили ихтисоси омӯзгорон, гузаронидани 7 семинари омӯзишӣ дар алоқамандӣ бо 7 санади байналмилалӣ дар донишкадаҳои такмили ихтисои вазорату идораҳо, гузаронидани 16 семинарҳои омӯзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо барои омӯзгорони фанни “Ҳуқуқи инсон”-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳия, тарҷума ва нашри маводи иттилоотӣ, омода намудани омӯзгорони фанни “Ҳуқуқи инсон”-и муассисаҳои таълимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои ҳарбӣ, дигар муассисаҳои таълимӣ ва такмили ихтисос, таҳияи лоиҳаи Барномаи нави таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2021-2030 ва ғ.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар маърӯзаи ҳарсола ва дар сомонаи расмии худ оид ба рафти татбиқи Барномаи мазкур маълумот пешниҳод менамояд.

Итминон дорем, ки татбиқ гардидани Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва  бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мусоидат хоҳад кард.

С.Раҳимов,
сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ,
иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аҳамияти хосса медиҳад

mintrud

Тибқи даъвати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 19 июли  соли 2019 Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи “Равандҳои муҳоҷират дар кишварҳои Осиёи Марказӣ: ҷанбаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии илм ва таҷриба” иштирок намуданд.

Дар кори Конференсия намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, корпусҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, диаспораҳои тоҷикон, олимон, коршиносон, аспирант ва магистрантҳо, инчунин намояндагони  васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Дар бахшҳои алоҳида иштирокчиён дар мавзӯъҳои «Муҳоҷирати меҳнатии байналмилалӣ ва раванди иҷтимоӣ-иқтисодӣ», «Оқибатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии муҳоҷират», «Вазъи муҳоҷирон дар кишварҳои қабулкунанда: имконият ва чолишҳо», «Таъсири муҳоҷират ба оила ва кӯдакон», «Занон ва кӯдакон дар раванди муҳоҷират»,   «Имконияти мутобиқсозии муҳоҷирони баргашта ва бо  кор   таъминкунии ҷавонони бекор»  маърӯзаҳои пешниҳодшударо мавриди баррасӣ ва муҳокимаи ҳамаҷониба қарор доданд.

Аз натиҷаи баррасӣ ва муҳокимаи мавзӯъҳои зикргардида тавсияҳои дахлдор қабул карда шуданд. Аз ҷумла, дар мавриди таъсири раванди муҳоҷират ба кӯдакон қайд карда шуд, ки таҳлилҳо дар самти вазъи кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта ҷузъӣ ва пароканда буда, мувофиқи мақсад аст, ки дар самти мазкур таҳлили амиқ бо фарогирии ҳамаи ҷанбаҳои масъала гузаронида шавад. Аз ин лиҳоз, мувофиқи мақсад шуморида шуд, ки фаъолияти ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор аз ҷониби яке аз вазоратҳои дахлдор ҳамоҳанг сохта шуда, ҷиҳати тақвият додани пешбурди ҳуқуқу озодиҳои занон ва кӯдакони зери таъсири муҳоҷират қарордошта чораҳои муассир андешида шаванд.

Кори Коференсияи байналмилалиро Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода С.С.  ҷамъбаст намуда, аз ҷумла изҳори боварӣ намуданд, ки тавсияҳои Конференсия ҷиҳати андешидани чораҳои мақсаднок ва танзими минбаъдаи равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат менамоянд.

А. Содиқов,
сардори шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор
оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон