Иҷро нашудани қарори судҳо вайронкунии ҳуқуқи инсон ба ҳифзи судӣ мебошад

sud

Мушкилоти амалишавии ҳуқуқи шаҳрвандон ҳангоми иҷро намудани қарорҳои эътибори қонунӣ пайдонамудаи судӣ мунтазам дар маърӯзаҳои ҳарсолаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон қайд карда мешаванд.

Ҳуқуқи инсон ба ҳифзи судӣ танҳо дар он сурат ба пуррагӣ амалӣ мешавад, ки қарори қабулнамудаи суд иҷро карда шавад. Ҳамзамон, баланд бардоштани сифати адолати судӣ, сатҳи ҳифзи судии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон низ аз бисёр ҷиҳат аз баланд бардоштани сатҳи иҷрошавии санадҳои судӣ вобастагии зич дорад.

Тибқи муқаррароти моддаи 11 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон, ҳалнома, ҳукм, таъинот ва қарори суд, судяҳо, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, барои ҳамаи мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ буда, бояд дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бечунучаро ба иҷро расонида шаванд.

Яке аз вазифаҳои истеҳсолоти иҷро тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»  иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии маҷбурии санадҳои судӣ ба шумор меравад.

Ҳаминро бояд қайд кард, ки қабули санади судӣ маънои онро надорад, ки ҳуқуқи вайроншуда барқарор карда шудааст. Раванди адолати судӣ танҳо дар сурати дар амал татбиқ намудани санади судӣ хотима меёбад.

Мушкилоти самти мазкур аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки механизмҳои мавҷудаи иҷрои санадҳои судӣ (кофтукови қарздор тавассути мақомоти корҳои дохилӣ, муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҷавобгарӣ кашидан ва ғайраҳо) нокифоя мебошанд.

Таҳлилҳо дар ин самт нишон медиҳанд, ки сабабҳои асосии иҷро нашудани санадҳои судӣ ин надоштани даромаду молу мулк  ва қобилияти адо кардани қарз,  ғайриқобили адои қарз будани ташкилоти қарздор, муқаррар карда нашудани ҷойи зисти қарздор ва молу мулки ӯ, пинҳонкунии даромад аз ҷониби қарздор, набудани ҷойи кор ё надоштани хоҳиши кор кардан ва дигар омилҳо мебошанд.

Барои ба таври дахлдор иҷро нашудани санадҳои судӣ баъзан беамалии иҷрочиён, ба мисли наандешидани чораҳои саривақтӣ оид ба муайян намудани вазъи молу мулкии қарздор, ҳабс кардани молу мулки қарздор ва ғайраҳо низ сабаб мешаванд. Инчунин барои босифат ва самаранок иҷро шудани санадҳои иҷро сарбории иҷрочиён, зуд-зуд азкорравии онҳо, беасос мавқуф гузоштани амали иҷро, боздоштан ё қатъ намудани истеҳсолоти иҷро, норавшан будани мазмуни санадҳои иҷро, тарз ва тартиби иҷрои онҳо ва ғайраҳо таъсири манфӣ мерасонанд.

Моддаи 91 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» пешбинӣ менамояд, ки барои иҷро накардани ҳуҷҷатҳои иҷро қарздор ба ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноятӣ кашида мешавад.

Тибқи моддаи 530 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷро накардани қарори суд, инчунин иҷро накардани талаботи қонунии иҷрочии суд оид ба иҷрои қарори суд ҷарима таъин карда мешавад.

Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 363 ҷавобгариро барои қасдан иҷро накардани ҳукм, ҳалнома ё санади дигари эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд танҳо нисбати намояндаи ҳокимият, хизматчии давлатӣ ё хизматчии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин хизматчии муассисаи давлатӣ, ташкилотҳои тиҷоратӣ ё дигар ташкилот пешбинӣ намудааст.

Яке аз мақсад ва вазифаҳои Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019–2021, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019, № 1242 тасдиқ шудааст, такмили сохтор ва таҳкими фаъолияти судҳо ҷиҳати назорати иҷрои саривақтии санадҳои судӣ,  таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» дар таҳрири нав ва такмили тартиби иҷрои маҷбурии санадҳои иҷро ба шумор меравад.

Ҳамин тавр, адолати судӣ танҳо дар сурате таъмин карда мешавад, ки санади эътибори ҳуқуқӣ пайдонамудаи судӣ иҷро гардад.

М. Ашӯров,
сардори  шуъбаи  ҳифзи  давлатии
ҳуқуқҳои   шаҳрвандӣ    ва    сиёсии
Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи
инсон   дар   Ҷумҳурии  Тоҷикистон