Баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат” дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

20190705_141951

Тавре маълум аст, дар саросари кишвар бо мақсади таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарфёти «Ҷоми Пешвои миллат» ҷиҳати рушди шоҳмот дар кишвар, барои ҷалби бештари наврасон ба ин намуди интелектуалии варзиш баргузор гардида истодааст.

Санаи 5-уми июли соли ҷорӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даври аввали мусобиқа оид ба шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» доир гардид.

Мусобиқа бо иштироки  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Умед Бобозода, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардовари мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба «Ҷоми Пешвои миллат» Юнусов И. ва кормандони мақомот  баргузор гардид.

Дар мусобиқа 8 нафар кормандони мақомот тибқи қуръапартоӣ байни ҳам бозӣ намуда, Роҳбари Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимиён Сафаралӣ соҳиби ҷойи аввал гардид.

Дар фарҷоми мусобиқа Умед Бобозода ғолибро бо туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида, ба роҳбарият ва намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш барои мусоидат дар баргузории мусобиқа изҳори миннатдорӣ намуд.

Мусобиқаи мазкур 4 марҳиларо дар бар гирифта маҳилаи интихобии якуми чорабинӣ аз 10 июн то 8 июли соли 2019 дар сатҳи маҳал, деҳа, шаҳрак, вазорату идораҳо, ташкилоти муассисаҳо, муассисаҳои олӣ, миёнаи умумӣ ва махсус баргузор мегардад.

Марҳилаи интихобии дуюм аз 10 июл то 25 августи соли 2019 дар сатҳи шаҳр, ноҳия, бо иштироки дастаҳои ғолиби марҳилаи интихобии якум ва марҳилаи сеюм аз 5 то 25 сентябри соли ҷорӣ бо иштироки дастаҳои ғолиби марҳилаи дуюм ва марҳилаи чорум аз 1 то 5 октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки Ҷоизаи умумӣ 100 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст. барои ҷойи якуми даставӣ 30000, ҷойи дуюми даставӣ 25000, ҷойи сеюми даставӣ 20000 ва барои намудҳои инфиродӣ аз рӯи се синну сол 25000 сомонӣ пешниҳод мегардад.

20190705_140904

20190705_142015

20190705_151740

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ