Баррасии Гузориши сеюми даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷроиши Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ

photo_46189

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти риоя, пешрафт ва ҳифзи  ҳуқуқи инсон корҳои зиёдеро амалӣ кардааст. Аксарияти санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба тасвиб расонида шуда,  вобаста ба онҳо маърузаҳои дахлдор дар вақтҳои муқарраргардида пешниҳод мешаванд.

Рӯзҳои 2-3 июли соли ҷорӣ дар шуъбаи Женевагии СММ иҷлосияи 126 Кумита оид ба ҳуқуқи инсони СММ баргузор гардид, ки дар он  Гузориши даврии сеюми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳайати ҳаштнафара аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор таҳти роҳбарии Юсуф Раҳмон – Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намуданд.

Дар иҷлосияи зикршуда Умед Бобозода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон низ иштирок намуд.

Ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон дар гузориши худ дар бораи иҷрои Паймони мазкур қайд намуд, ки дар муддати чанд соли охир корҳои зиёде барои беҳтар шудани вазъи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ анҷом дода шудаанд.

Ҳамзамон аз ҷониби аъзои Кумитаи ҳуқуқи инсон як қатор саволҳо дар самтҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқи инсон пешниҳод шуданд.

Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аз соли 1966 аз ҷониби Кумита оид ба ҳуқуқи инсони СММ қабул гардида, соли 1976 қувваи қонунӣ пайдо намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон онро соли 1998 ба тасвиб расонида, солҳои 2004 ва 2011 вобаста ба иҷроиши он Гузоришҳои даврии якум ва дуюми худро пешниҳод карда буд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ