Фаъолияти Гурӯҳи мониторингии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ombudsman_logo_2011-06-03Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гаштани худ ҳуқуқи инсонро ҳамчун арзиши муҳими ҷомеаи демократӣ қабул карда, тамоми санадҳои асосии байналмилалии ҳуқуқи инсонро ба тасвиб расонида, баҳри амалишавии онҳо корҳои зиёдеро ба иҷро расонид.

Дар тӯли солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шарафи инсон як қатор тадбирҳои пайгирона анҷом додааст. Тадбирҳои мазкур дар соҳаи қонунгузорӣ, институтсионалӣ ва амалия татбиқ мегарданд.

Бо мақсади ба Конвенсияи зидди шиканҷа мувофиқ намудани Кодекси ҷиноятӣ, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012 ба Кодекси мазкур моддаи нави 1431 бо номи «Шиканҷа» ворид карда шудааст.

Соли 2011 ва соли 2016 ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Чумҳурии Тоҷикистон тағйиротҳо ворид карда шуданд, ки тибқи онҳо ба Ваколатдор оид ба ҳуқуки инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи гузаронидани санҷишҳои шикоятҳо, инчунин бидуни иҷозати махсус ташриф овардан ба муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дода шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадориҳои байналмилалии худро оид ба ҳуқуқи инсон бемайлон иҷро менамояд. Мунтазам аз иҷрои ин уҳдадориҳо ҳисоботҳо пешниҳод карда шуда, Маърузачиёни махсуси СММ оид ба ҷанбаҳои гуногуни ҳуқуқи инсон ба ҷумҳурӣ даъват карда мешаванд.

Вобаста ба иҷрои уҳдадориҳо тибқи Конвенсияи зидди шиканҷа, Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба ба Кумитаи зидди шиканҷаи СММ маърӯзаи миллӣ пешниҳод намуд.

Моҳи майи соли 2012 ва моҳи феврали соли 2014 бо даъвати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маърузачии махсуси СММ оид ба масъалаҳои шиканҷа, ҷаноби Хуан Мендез ба ҷумҳурӣ ташриф овард. Ҷаноби Хуан Мендез дар Ҷаласаи саввуми Маҷмаи Умумии СММ аз натиҷаҳои сафари худ ба Тоҷикистон гузориш дода, аз мусоидати Ҳукумати кишвар ҷиҳати анҷом додани тадбирҳо оид ба пешгирии шиканҷа, аз ҷумла ворид намудани тағйиротҳо оид ба пешгирии шиканҷа ба қонунгузории миллӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.

Дар баробари ин, Комитети зидди шиканҷа ва Маърӯзачии махсус оид ба масъалаҳои шиканҷа як қатор тавсияҳои худро ба Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти заминаҳои ҳуқуқӣ ва амалияи муқовимат бо шиканҷа пешниҳод намуданд.

Барои амалӣ намудани тавсияҳои сохторҳои мазкур Нақшаи ҷарабиниҳо доир ба мубориза бар зидди шиқанҷа аз ҷониби Комиссияи назди Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон тасдиқ карда шуд. Нақша чорабиниҳо доир ба мубориза бар зидди шиканҷа тибқи тавсияҳои Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа ва маърузачии вежаи СММ оид ба шиканҷа Хуан Мендез аз 15 августи соли 2013 тасдиқ карда шудааст.

Ҳамзамон соли 2019 Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022 қабул гардид.

Қобили зикр аст, ки аз ҷониби сохторҳои мазкури СММ дар қатори дигар тавсияҳо ба тасвиб расонидани Протоколи иловагии Конвенсияи зидди шиканҷа низ тавсия дода шуд.

Ҷиҳати татбиқи тавсияи мазкур дар Нақшаҳои зикргардида бандҳои алоҳида оид ба омӯзиши имконияти ба тасвиб расонидани Протоколи иловагӣ пешбинӣ шуд.

Омузиши масъалаи ба тавсиб расонидани Протоколи иловагии Конвенсияи зидди шиканҷа дар Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2012 ва 7 июни соли 2017 доир ба Нақшаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи тавсияҳои давлатҳои аъзои Шурои СММ оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба Шарҳи умумии даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пешбинӣ шуданд.

Бо мақсади амалӣ намудани Нақшаи мазкур моҳи декабри соли 2012 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси гурӯҳи кории муштарак оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ ҳамчун модели «Омбудсмен +» бо Эътилофи Ташкилотҳои ҷамъиятӣ бар зидди шиканҷа бо ташаббус баромад намуд.

Бо Фармони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз 6 августи соли 2013 Гурӯҳи корӣ оид ба пешбурд ва батасвибрасонии Протоколи иловагии Конвенсияи зидди шиканҷа, ки аз намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парламент, прокуратура ва мақомоти судӣ, инчунин доираҳои академӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аъзои гурӯҳи Эътилофи зидди шиканҷаро дар бар мегирад, таъсис дода шуд.

Дар моҳи июл-августи соли 2013 Эътилоф дар якҷоягӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон лоиҳаи Низомнома дар бораи фаъолияти гурӯҳи мониторингиро таҳия намуда, моҳи ноябри соли 2013 мавриди муҳокимаи якҷоя қарор дода шуд. Низомнома ва барномаҳои корӣ 31 декабри соли 2013 бо Фармони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тасдиқ карда шуданд.

Гурӯҳи мониторингӣ қисми таркибии Гурӯҳи корӣ оид ба боздид ва гузаронидани мониторинг дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ буда, фаъолияти он ба боздид ва мониторинги ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ, гузарониданги семинарҳо ва тренингҳо барои кормандони муассисаҳои мазкур оид ба омузонидани меъёрҳои байналмилалӣ ва миллии муносибат бо шахсони аз озодӣ маҳрумшуда ва ҳамчунин таҳия ва пешниҳоди тавсияҳо оид ба имконияти ба тавсиб расонидани Протоколи иловагии Конвенсияи зидди шиканҷа равона карда шудааст.

Аз моҳи феврали соли 2014 то имрӯз аз тарафи Гурӯҳи мониторингӣ дар 24 изоляторҳои нигоҳдошти муваққатии ВКД, 9 муассисаҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, 7 муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида барои ноболиғон, 4 изоляторҳои нигоҳдошти муваққатии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 беморхонаи руҳӣ, 2 муассисаи наркологӣ, 3 Хона-интернат барои калонсолон ва маъюбон ва 20 қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон умуман 85 мониторинг гузаронида шуд.

Ҳамчунин аз соли 2016 мониторингҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак низ бо иштироки намояндагони Гурӯҳи мониторингӣ сурат мегиранд.

Соли 2014 ба Тоҷикистон узви Зеркумита оид ба пешгирии шиканҷа аз Швейтсария ҷаноби Ҳанс Йёрг Банварт ташриф овард. Коршинос зимни ташриф ташаббуси мусбати кори якҷояи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро қайд намуда, новобаста аз он, ки Тоҷикистон ҳоло Протоколи иловагӣ ба Конвенсияро ба тасвиб нарасондааст тавсия дод, ки кори муштаракро оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрум кардан аз озодиро идома диҳанд.

Бояд қайд намуд, ки аз ибтидои соли 2015 ташрифҳо ба муассисаҳо бе огоҳии қаблии роҳбарияти муассисаҳои маҳруми аз озодӣ гузаронда шуда, тамоми суҳбатҳо бо шахсони дар ҷойҳои маҳрум кардан аз озодӣ нигоҳдошташаванда дар асоси маҳрамият гузаронида мешаванд.

Мониторинг бо усулҳои (методҳои) пурсиши шахсони дар муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида ҷойгир карда шуда ва сарбозон, инчунин афсарон, кормандони муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида, мушоҳида ва шиносшавӣ бо шароити ҳаррӯзаи буду боши онҳо гузаронида шуд.

Дар рафти мониторингҳои гузаронидашуда бо 1381 нафар пурсиш гузаронида шуд. Аз ҷумла 406 нафар шахсони дар муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида ҷойгиршуда, 350 нафар сарбозон, инчунин 665 нафар кормандон. Дар раванди сӯҳбат шахсони бегона, ба истиснои намояндаҳои гурӯҳи мониторингӣ, иштирок надоштанд.

Гурӯҳи мониторингӣ зимни мониторингҳо аз шароити будубош, муносибати кормандони муассиса нисбат ба шахсони дар муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида ҷойгиршуда ва муносибат байни шахсони аз озодӣ маҳрумшуда шинос мешаванд.

Аз натиҷаи мониторингҳои гузаронидашуда ҳар семоҳа Гурӯҳи мониторингӣ дар назди Гурӯҳи корӣ ҳисобот медиҳад. Инчунин аз натиҷаҳои мониторинг дар муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида, ҳамасола мизҳои мудаввар баргузор мегардад, ки барои намояндагони мақомотҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, Ташкилотҳои ҷвмъиятӣ ва васоити ахбори омма ахборот дода мешавад. Натиҷаҳои мониторинг дар шакли китоб бо 3 забон чоп ва ба таври ройгон дастрас карда шуда, инчунин дар сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон низ ҷой дода мешаванд.

Бояд қайд кард, ки фаъолияти Гурӯҳи мониторингӣ то ҳол барои пешрафти ҳуқуқи инсон дар муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида мусоидат менамояд. Аз ҷумла, Гурӯҳи мониторингӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шахсони аз озодӣ маҳрумшуда оид ба ҳуқуқҳои онҳо, баланд бардоштани малакаи касбии кормандони муассисаҳои мазкур дар масъалаи омӯзиши стандартҳои байналмилалӣ ва миллии муносибат бо шахсони аз озодӣ маҳрумшуда мусоидат намуд. Тавсияҳои Гурӯҳи мониторингӣ боиси беҳтар гаштани шароити будубоши маҳкумшудагон дар муассисаҳои маҳрумӣ ва маҳдудкунии озодӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ дар қисмҳои ҳарбӣ гашт.

Умуман таҳлили фаъолияти Гурӯҳи мониторингии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон нишон дод, ки он метавонад замина барои ҷорӣ кардани Механизми миллии пешгирии шиканҷа мувофиқи Протоколи иловагии Конвенсияи зидди шиканҷа гардад, ки механизми мониторинги доимии ҷойҳои маҳрум кардан аз озодӣ ё маҳдуд кардани озодиро бо мақсади пешгирии шиканҷа пешбинӣ менамояд.

Ҳ.Нидоев,
муовини сардори шуъбаи
ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки
Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи
инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон