Натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар нимсолаи якуми соли 2019

Мачлиси самохаи якуми 2019

Рӯзи 9 июли соли ҷорӣ дар мақомоти  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2019  маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор  гардид.

Нахӯст У.Бобозода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомот дар ин давра сухан ронда, қайд намуд, ки нишондиҳандаҳои фаъолияти мақомот дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2018 беҳтар гардидааст. Чунин раванд бояд идома дода шуда, дар самти амалисозии нақшаҳои дар мақомот амалишаванда чораандешӣ карда шавад.

Ҳамчунин аз рӯи барнома ҳисоботи роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомот оид ба қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, такмили қонунгузорӣ, баргузории санҷишу мониторингҳо, иштирок дар семинару машваратҳо, иҷрои нақшаҳои корӣ ва дигар масъалаҳо шунида шуд.

Қайд карда шуд, ки шумораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки мусбат ҳал гардидаанд, рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

Сипас  фаъолияти  воҳидҳои  сохтории  мақомот ва кормандони он  мавриди таҳлил ва муҳокима  қарор гирифта, аз ҷониби роҳбарият  ҷиҳати тақвият додани корҳо ва иҷрои пурраи барномаи амали мақомот барои  соли 2019 дастурҳои  мушаххас дода шуд.

Бо дарназардошти баррасии ҳисоботҳо фаъолияти мақомот дар нимсолаи якуми соли 2019 қаноатбахш ҳисобида шуд.

Хадамоти матбуотии  ВҲИ ҶТ

Вохӯрӣ бо мушовири махсуси Дафтари Барномаи СММ оид ба ВНМО/БПМН (UNAIDS) барои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ профессор Мишел Казачкин

Вохури бо ЮНАИДС

Рӯзи 4 июли соли ҷорӣ Раҷабов Шарафҷон — сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мушовири махсуси Дафтари Барномаи СММ оид ба ВНМО/БПМН (UNAIDS) барои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ профессор Мишел Казачкин мулоқот намуд.

Дар мулоқот М. Казачкинро Роҳбари намояндаи UNAIDS дар Тоҷикистон хонум Мария Болтаева ва мушовири М. Казачкин хонум Раминта Стуикуте ҳамроҳӣ намуданд. М. Казачкин оид ба вазъи пешгирии бемориҳои ВНМО/БПМН ва корҳои анҷомдодаи ташкилоти мазкур дар ин самт маълумот дод. Ҳамчунин дар вохӯрӣ оид ба дастовардҳо ва мушкилоти соҳа муҳокимарониҳо сурат гирифтанд.

Раҷабов Ш. қайд намуд, ки дар ҷумҳурӣ тамоми ҳуқуқ ва озодиҳои шахсони аз вируси норасоии масунияти одам сироятёфтаю мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният ва аъзои оилаи онҳо, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя карда мешавад.  Ба шахсони аз вируси норасоии масунияти одам сироятёфтаю мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният ва аъзои оилаи онҳо кумаки ройгони босифат ва аз ҷиҳати илмӣ асосноки тахассусии тиббӣ ва иҷтимоию равоншиносӣ расонида мешавад.

Азназаргузаронии тиббӣ барои ошкор намудани сирояти вируси норасоии масунияти одам дастрас аст ва Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020 қабул карда шуда, амал менамояд.

Дар ин самт ҳамкориҳои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ хуб ба роҳ монда шудааст.

М. Казачкин вазъи риояи ҳуқуқи беморони вируси норасоии масъунияти одам ва дигар беморони сироятиро дар Тоҷикистон хуб арёбӣ намуд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

 

 

Вохӯрӣ бо ҳайати гурӯҳи кории СММ оид ба нопадидшавии иҷборӣ ва беихтиёрӣ

image1170x530croppedСанаи 2 июли соли 2019 муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибулозода Роҳбар – Гузоришгари Гурӯҳи корӣ оид ба нопадидшавии иҷборӣ ва беихтиёрӣ ҷаноби Бернард Дуҳайм ва ҳайати ҳамроҳонашро қабул ва мулоқот намуд.

Зимни вохӯрӣ нахуст Ҳабибулозода Р. оид ба вазифа, салоҳият, ваколат ва самтҳои афзалиятноки стратегии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак маълумоти муфассал дода, қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон пайваста талош мекунад ва дар ин робита саҳми мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак назаррас мебошад.

Саволҳои ҷониби ташриф бештар ба масъалаҳои вазифа ва салоҳияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, тартиби ба вазифа таъйин намудани ӯ, мазмуни муроҷиатҳои ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон воридгардида, ҷойи санадҳои байналмилалӣ дар низоми ҳуқуқии кишвар ва тадбирҳои дар самти батасвибрасонии Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳимояи ҳамаи шахсон аз ғайбзании иҷборӣ андешидашаванда дахл доштанд.

Аз ҷумла қайд гардид, ки омӯзиши масъалаи ҳамроҳшавӣ ба Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳимояи ҳамаи шахсон аз ғайбзании иҷборӣ дар доираи Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шўрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017-2020 ба инобат гирифта шудааст.

Дар охири мулоқот Роҳбар – Гузоришгари Гурӯҳи корӣ оид ба нопадидшавии иҷборӣ ва беихтиёрӣ ҷаноби Бернард Дуҳайм ва ҳайати ҳамроҳонаш аз Раҷабмо Ҳабибулозода барои пазироии самимӣ, ҷавоб ба саволҳо ва идома додани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд баҳри риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

Баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат” дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

20190705_141951

Тавре маълум аст, дар саросари кишвар бо мақсади таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарфёти «Ҷоми Пешвои миллат» ҷиҳати рушди шоҳмот дар кишвар, барои ҷалби бештари наврасон ба ин намуди интелектуалии варзиш баргузор гардида истодааст.

Санаи 5-уми июли соли ҷорӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даври аввали мусобиқа оид ба шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» доир гардид.

Мусобиқа бо иштироки  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Умед Бобозода, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардовари мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба «Ҷоми Пешвои миллат» Юнусов И. ва кормандони мақомот  баргузор гардид.

Дар мусобиқа 8 нафар кормандони мақомот тибқи қуръапартоӣ байни ҳам бозӣ намуда, Роҳбари Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимиён Сафаралӣ соҳиби ҷойи аввал гардид.

Дар фарҷоми мусобиқа Умед Бобозода ғолибро бо туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида, ба роҳбарият ва намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш барои мусоидат дар баргузории мусобиқа изҳори миннатдорӣ намуд.

Мусобиқаи мазкур 4 марҳиларо дар бар гирифта маҳилаи интихобии якуми чорабинӣ аз 10 июн то 8 июли соли 2019 дар сатҳи маҳал, деҳа, шаҳрак, вазорату идораҳо, ташкилоти муассисаҳо, муассисаҳои олӣ, миёнаи умумӣ ва махсус баргузор мегардад.

Марҳилаи интихобии дуюм аз 10 июл то 25 августи соли 2019 дар сатҳи шаҳр, ноҳия, бо иштироки дастаҳои ғолиби марҳилаи интихобии якум ва марҳилаи сеюм аз 5 то 25 сентябри соли ҷорӣ бо иштироки дастаҳои ғолиби марҳилаи дуюм ва марҳилаи чорум аз 1 то 5 октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки Ҷоизаи умумӣ 100 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст. барои ҷойи якуми даставӣ 30000, ҷойи дуюми даставӣ 25000, ҷойи сеюми даставӣ 20000 ва барои намудҳои инфиродӣ аз рӯи се синну сол 25000 сомонӣ пешниҳод мегардад.

20190705_140904

20190705_142015

20190705_151740

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

Баррасии Гузориши сеюми даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷроиши Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ

photo_46189

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти риоя, пешрафт ва ҳифзи  ҳуқуқи инсон корҳои зиёдеро амалӣ кардааст. Аксарияти санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба тасвиб расонида шуда,  вобаста ба онҳо маърузаҳои дахлдор дар вақтҳои муқарраргардида пешниҳод мешаванд.

Рӯзҳои 2-3 июли соли ҷорӣ дар шуъбаи Женевагии СММ иҷлосияи 126 Кумита оид ба ҳуқуқи инсони СММ баргузор гардид, ки дар он  Гузориши даврии сеюми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳайати ҳаштнафара аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор таҳти роҳбарии Юсуф Раҳмон – Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намуданд.

Дар иҷлосияи зикршуда Умед Бобозода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон низ иштирок намуд.

Ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон дар гузориши худ дар бораи иҷрои Паймони мазкур қайд намуд, ки дар муддати чанд соли охир корҳои зиёде барои беҳтар шудани вазъи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ анҷом дода шудаанд.

Ҳамзамон аз ҷониби аъзои Кумитаи ҳуқуқи инсон як қатор саволҳо дар самтҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқи инсон пешниҳод шуданд.

Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аз соли 1966 аз ҷониби Кумита оид ба ҳуқуқи инсони СММ қабул гардида, соли 1976 қувваи қонунӣ пайдо намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон онро соли 1998 ба тасвиб расонида, солҳои 2004 ва 2011 вобаста ба иҷроиши он Гузоришҳои даврии якум ва дуюми худро пешниҳод карда буд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ