Савдои одамон ҷинояти хафнок ва муташаккили фаромиллӣ мебошад  

 

савдои одамон

Савдои одамон тибқи стандартҳои байналмилалӣ ҷинояти хафнок, шакли муосири ғуломдорӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, тиҷорати даромадноки ҷиноятӣ ва вайронкунии ҷиддии ҳуқуқҳои бунёдӣ ва маҷмӯии ҳуқуқи инсон, бахусус ҳуқуқ ба ҳаёт ва озодӣ, ҳуқуқи дар ғуломӣ ё мутеъӣ нигоҳ дошта нашудан, озодӣ аз муносибати бераҳмона ва таҳқиркунандаи шаъну шараф, озодӣ аз зӯроварӣ, ҳуқуқ ба саломатӣ ва дигарҳо ба шумор меравад.

Истисмори шаҳвонӣ, меҳнати маҷбурӣ, асорати қарзӣ, истисмори меҳнати кӯдакон, ғуломии «хонагӣ», гадоӣ, истифодаи маҷбурии одамон дар амалиётҳои ҷангӣ, савдои одамон барои пайвандкунии узви бадан ва бофтаҳо – шаклҳои даҳшатовари як ҷиноят, яъне савдои одамон ба шумор мераванд.

Сабабҳои асосӣ ё мусоидаткунандаи савдои одамон камбизоатӣ, нобаробарӣ, дастрас набудани таҳсилу хизматрасониҳои тиббӣ, табъиз ва зӯроварии гендерӣ, нобаробарии нажодӣ, муҳоҷират ва дигар омилҳо мебошанд.

Раванди савдои одамон аз ҷузъҳои зерин, ба монанди ҷалбкунии қурбонии савдои одамон (фиреб ва сӯистифодаи вазъи оҷизӣ), интиқоли қурбонӣ ва истисмор иборат аст.

Қурбонии савдои одамон метавонанд ҳар як кас, хоҳ мард, хоҳ зан ва хоҳ кӯдакон бошанд. Лекин, одатан дар навбати аввал ба гурӯҳи хатар занону кӯдакон ворид гашта, занони ҷавон, сатҳи таҳсилоти паст дошта, ҷойи кори мунтазам надошта ё манбаи даромад надошта, серфарзандон, занони танҳо, занони дучори зӯроварӣ ва фоҳишагарӣ бештар ба ин кирдор осебпазир мебошанд. Занон асосан бо мақсади истисмори шаҳвонӣ, меҳнат ва никоҳи маҷбурӣ истифода мешаванд.

Дар байни кӯдакон ба савдои одамон кӯдакони оилаҳои носолим, бе волидайн монда, аз хонаҳои кӯдакон, беназоратмонда осебпазир мебошанд.

Ба гурӯҳи хатари баланди қурбонии савдои одамон гурӯҳҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ осебпазир, ба мисли муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони вазъи расмӣ надошта, наврасони синну соли мактабӣ ва баъдимактабӣ, шахсони аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ озодшуда, шахсони ҷойи истиқомат надошта, маъюбон ва калонсолон дохил мешаванд.

Тоҷикистон ба Конвенсияи байналмилалӣ оид ба мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон ва истифодаи онҳо барои фоҳишагарӣ аз тарафи шахсони сеюм (соли 1949), Протоколи иловагӣ ба Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, ки  ба хариду фурӯши кӯдакон, фоҳишагии кӯдакон ва шаҳвонияти кӯдакона (соли 2000) дахл дорад, Конвенсияи СММ зидди ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ(соли 2000), Протокол оид ба пешгирӣ ва аз байн бурдани хариду фурӯши одамон, хусусан занону кӯдакон ва ҷазо барои он ва Протоколи зидди воридкунии ғайриқонунии муҳоҷирон тавассути хушкӣ, баҳр ва ҳаво, ки иловаи Конвенсияи СММ зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ мебошанд (соли 2000), ҳамчунин санадҳои дигари ҳуқуқии байналмилалии самти мазкур ҳамроҳ гардидааст.

15 июни соли 2004 аввалин қонуни соҳавии самти мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон»  ва соли 2014 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» қабул карда шуд. Бо қарори {укумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019 №80 Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардид.

Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки шарти зарурии комёбӣ дар самти пешгирии савдои одамон ва мубориза ба он ин ҳамкориҳои байниидоравӣ мебошанд. Низоми мубориза бар зидди ин ҷиноят набояд бо таъқиби ҷинояткорон маҳдуд гардад. Ба низоми мазкур бояд механизмҳои пешгирикунӣ, расонидани кӯмак ба ҷабрдидагони савдои одамон ва ҳифзи онҳо дохил шаванд. Инчунин мутобиқгардонии фаъолияти идораҳои дар ин самт фаъолияткунанда муҳим аст.

Шаҳрвандон то ҳол дар хусуси мушкилоти савдои одамон ва тарзу воситаҳои муқовимат ба он иттилооти кофӣ надоранд, чунки мавзӯи мазкур дар ВАО бо тарзи фаъол шарҳ дода намешавад.

Мубориза бо савдои одамон мавзӯи муҳим боқӣ монда, таваҷҷӯҳи мунтазам ва муносибати маҷмӯиро аз ҷониби ҳукуматҳо, мақомоти сатҳи гуногун, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон тақозо менамояд. Маҳз аз саъю кӯшиши онҳо самаранокии мубориза бо савдои одамон вобастагӣ дорад.

Муносибати маҷмӯӣ бояд чорабиниҳоро оид ба пешгирӣ намудани савдои одамон, ҷазо додани гунаҳгорон ва ҳифзи қурбониёни савдои одамон, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқҳои онҳоро дарбар гирад.

Оид ба фаъол намудани саъю кӯшишҳо ҷиҳати муқовимат ба савдои одамон тавсияҳои зерин пешниҳод мешаванд:

  1. Мунтазам гузаронидани маъракаи иттилоотӣ дар ВАО дар бораи таҳдид, хавф ва хатари савдои одамон, тарзу роҳҳои муқовимат ба он.
  2. Мутобиқ намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва рушди ҳамкориҳо дар самти муқовимат бо савдои одамон.
  3. Ташаккули фаҳмиши ғайри қобили қабул будани савдои одамон дар шуури ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи иттилоотии шаҳрвандон дар бораи савдои одамон ва тарзу воситаҳои муқовимат бо он.
  4. Тарғибу ташвиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии самти мазкур дар ВАО, чорабиниҳои маърифативу иттилоотӣ.

М. Ашӯров,
сардори  шуъбаи  ҳифзи  давлатии
ҳуқуқҳои   шаҳрвандӣ    ва   сиёсии
Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи
инсон  дар   Ҷумҳурии   Тоҷикистон