Ташрифи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Хатлон

 

20190827_141759

Тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2019 таҳти № 32/10 -2114 ва Барномаи амали Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2019 рӯзҳои аз 26 то 29 уми августи соли 2019 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои кормандони РВД дар вилояти Хатлон дар мавзӯъҳои «Фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ҳуқукҳои дастгиршудагон» семинарҳои омӯзишӣ  гузарониданд.

Чорабиниҳои омӯзишӣ дар ШВКД дар ноҳияҳои Фархор ва Мир Саид Алии Ҳамадонӣ гузаронида шуданд.

Дар семинарҳои мазкур Умед Бобозода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тағоймуродзода Санифа — муовини Раиси Ҳукумати ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Умарова Сафарбӣ — мудири Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷавонони Дастгоҳи Раиси ноҳияи Фархор ва Ҳусниддин Нидоев — муовини Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.

20190827_141659

Дар рафти саволу ҷавоб бештар ба масъалаҳои пешгирии шиканҷа, ҳуқуқҳои дастгиршудагон, аз байн бурдани муносибатҳои ғайриоиномавӣ суҳбатҳо гузаронида шуда, масъалаҳои мазкур ҳамаҷониба мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Инчунин Умед Бобозода дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқҳои дастгиршудагон дар Тавқифгоҳҳои нигоҳдошти муваққатии ШВКД дар ноҳияҳои Фархор ва Мир Саид Алии Ҳамадонӣ боздид ба амал овард.

Дар рафти боздид Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо шароити нигоҳдошти дастгиршудагон шинос гардид.

Ҳамзамон зимни сафар Умед Бобозода аз Қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар ва ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон дидан намуд.

Хадамоти матбуотиии ВҲИ ҶТ

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Sostoyalos-ocherednoe-zasedanie-Pravitelstva-Respubliki-Tadzhikistan29 август таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори маҷлис нахуст Дар бораи ҳисоботи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017 таҳти рақами 89 “Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасои масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020” вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода гузориш дод.

Таъкид гардид, ки бо мақсади паст намудани шиддати паҳншавии сирояти вируси норасоии масунияти одам дар ҷумҳурӣ ва расондани хизматрасониҳои тиббию иҷтимоӣ ба ниёзмандон ин барномаи миллӣ қабул гардидааст.

Ҳадафи асосии Барнома дастрасии баробари аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифат оид ба пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ вобаста ба сирояти вируси норасоии масунияти одам мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки барои иҷрои босифати Барнома чораҳои иловагӣ андешида шавад.

Сипас, аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бучети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ”-ро муҳокима карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карданд.

Дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳо Дар бораи консепсияи рушди соҳаи ангишт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Дар бораи Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024, Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Дар бораи Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023 ва Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии “Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” муҳокима гардида, вобаста ба татбиқи онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар охир Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба иҷрои дастуру супоришҳои маҷлиси навбатӣ ҷалб карданд.

Сарвари давлат дастур доданд, ки аъзои ҳукумат ва роҳбарони сохторҳои давлатӣ ҷиҳати дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои стратегӣ аз тамоми имкониятҳо истифода баранд.

Супориш дода шуд, ки ҷашни умумимиллӣ — 28 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар саросари кишвар ба таври бошукуҳ ва бо дастовардҳои арзанда ҷашн гирифта шавад.

Ҳамчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки барои истиқболи сазовори 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ иншооти таъиноти гуногуни дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба нақша гирифташуда, сари вақт ва бо сифати баланд бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шаванд.

Дастурҳои дигар ба Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вобаста ба омодагии ҳамаи бахшҳо ба маъракаи зимистонгузаронӣ, кишти тирамоҳӣ ва вусъати корҳои ободонӣ, дода шуд.

29.08.2019, шаҳри Душанбе  www.president.tj

Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва таҳкими маърифати ҳуқуқӣ

 

Ба истиқболи 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

9 сентябр

Ба даст овардани Истиқлолият ин неъмати бебаҳо ва деринтизoри мардуми тоҷик аст. Бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ — 6-уми ноябри соли 1994 заминаи ҳуқуқии сохтмони давлати ҳуқуқбунёд гузошта шуд. Ҷум­ҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон карда шуд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир дониста шуданд. Эътироф, риоя ва ҳифз намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд вазифаи давлат ҳисобида шуд.

Тибқи моддаи  5 Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Ин меъёри конститутсионӣ ба зиммаи мақомоти Ваколатдор  оид ба ҳуқуқи инсон вазифаи басо муҳим ва масъулиятнокро вогузор мекунад.

Дар ҳамин радиф зарурияти ташаккулёбии ҳимояи ҳуқуқҳои инсон бо назардошти меъёрҳои ҷахонӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷи­кистон онҳоро эътироф кардааст, ба мисли Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, Паймонхо байналмилалӣ, шартномаҳои байналмилалӣ ва ғайра, ки қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд, ба миён омад.

Арзиши аз ҳама воло эътироф кардани хуқуку озодиҳои инсон ва эълон доштани бунёди давлати ҳуқуқбунёд, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат, зарурияти таҳким ва густариш додани мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро  амри таъхирнопазир гардонид.

Бо Фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20 марти соли 2008 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қабул карда шуд.

Тамоми дастовардҳои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  самараи даврони истиқлолият буда, бо ташаббус ва талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешаванд.

Сарвари давлат доимо таъкид мекунанд, ки фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бояд мисли оина покиза бошад ва бо масъулияти баланд дарк намоянд, ки фаъолияти онҳо ба амалӣ намудани ҳифзу ҳимояи муқаддастарин ва муқаддамтарин арзиш, яъне инсон ва ҳуқуқу озодихои ӯ алоқаманд мебошад. Чун Сарвари давлат ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бовар намудааст, саҳлангорию бемасъулиятӣ дар иҷрои ин рисолат амри норавост.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва кормандони мақомот ин рисолати басо муҳимро, ки ба души онҳо вогузор карда шудааст ба таври амиқ дарк карда, мунтазам заҳмат мекашанд.

Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилоят Суғд низ, барои иҷро намудани ин вази­фаи муҳим ва бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирифтани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода, нақшаи чорабиниҳои муайянро тартиб додааст. Аз ҷониби намояндагӣ мунтазам барои барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд чораҳо андешида шуда, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вохуриҳо гузаронида мешавад ва нашри мақолаву баромадҳо дар васоити ахбори омма ба роҳ монда шудааст.

Шоиста истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳар фарди баномуси кишвар ҳисси миллии баланд ва таҷлили арзандаи онро тақозо менамояд, ки моро ба ояндаи босаодат ва дурахшон наздик мекунад.

 

Н.Ҳамидов,
Роҳбари Намояндагии
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи
инсон дар вилояти Суғд                                                    .

 

Эълон!!! Озмун

ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

барои ишғоли мансаби холии маъмурии хизмати давлатии зерин озмун эълон менамояд

Ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 ҷой, маоши мансабӣ 2635,00 сомонӣ.

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мазкур:

  • таҳсилоти олии касбӣ (ҳуқуқшиносӣ), ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • донистани забонҳои руссӣ ва англисӣ;
  • кор карда тавонистан бо компютер.

 Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда:

  • ариза ба унвони роҳбари мақомот;
  • варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 адад акси 3х4;
  • тарҷумаи ҳол;
  • нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ;
  • нусхаи шиноснома;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
  • маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулкӣ;
  • маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;
  • дигар ҳуҷҷатҳо дар мавридҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

734023,  шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-78, тел.: 221-46-89, 221-47-87

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри эълон.

Дастурамали мансабии Ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саволномаи озмун

Ҳуқуқи маъюбон

правоинвалидов

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии маъюбон тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017–2020», «Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020» амалӣ карда мешаванд.

22 марти соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон ба имзо расонида шуд. Ҷиҳати омӯзиши масъалаи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи мазкур Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст, ки намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон даро н шомил аст. Ҳамчунин Кумитаи роҳбарикунандаи “Мубаддалгардонии ҳуқуқи одамони имконияташон маҳдуд ба воқеъият”, ки дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад, ҷиҳати мутобиқсозии қонунгузории соҳа ба Конвенсияи мазкур фаъолият менамояд.

Дар 41 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба шаҳрвандоне, ки муваққатан ва ё доимӣ ба хизматрасонии иҷтимоӣ эҳтиёҷ доранд, шахсони яккаву танҳо, пиронсолон, беморон, маъюбоне, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор дошта ба худхизматрасонӣ қодир нестанд шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона таъсис дода шудааст.

Дар баробари дастовардҳо дар самти пешбурди ҳуқуқи маъюбон баъзе мушкилот низ ба назар мерасанд. Муҳайё накардани муҳити дастрас, таъминоти нафақа, ҷойҳои корӣ, хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои техникии тавонбахшӣ, гирифтани роҳхат барои табобат, дастрасӣ ба иттилоот, табъиз ва тамғазании иҷтимоӣ аз ҷумлаи чунин мушкилот мебошанд.

Дар амалия ҳануз ҳам дар баъзе ҳолатҳо меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» оид ба дастрасии маъюбон ба объектҳои инфрасохторӣ риоя намешаванд. Натиҷаи санҷиши масъалаҳои дастрасӣ ва муҳайё сохтани муҳити дастрас ба маъюбон дар шаҳри Исфара ва ноҳияҳои Дӯстию Рашт гуфтаҳои болоро тасдиқ менамояд.

Тибқи маълумоти воридшуда Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмон низ соли 2018 дар ин самт санҷишҳо гузаронида, 61 камбудӣ ошкор намудааст. Оид ба бартараф кардани камбудиҳо аз тарафи Хадамот 17 амрнома дода шуда, нисбати 4 шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷарима таъин гардидааст.

Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки хизматрасонии нақлиётӣ ба эҳтиёҷоти маъюбон ҷавобгӯй набуда, нақлиёти ҷамъиятӣ бо дастқаппак, асбоби болобардор, зинапоя ва дарҳои мувофиқ муҷаҳҳаз нашудаанд. Истгоҳҳо, гузаргоҳҳои пиёдагард ва зеризаминӣ низ ба меъёрҳои пешбинишуда мутобиқ карда нашудаанд.

Бо кор таъмин шудан мушкилоти дигари маъюбон мебошад. Талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” оид ба муқаррар шудани квотаҳо барои маъюбон аз ҷониби корфармоён дар аксари ҳолатҳо риоя карда намешавад.

Соли 2018 аз ҷониби мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вазъи риояи ҳуқуқи бошандагони МД “Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода” ва МД “Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон” мавриди санҷиш қарор дода шуд. Санҷишҳо нишон доданд, ки бо вуҷуди сол то сол беҳтар шудани вазъи нигоҳубини бошандагон дар муассисаҳои номбурда баъзе камбудиҳо низ ҷой доранд. Нигоҳ доштани беморони рӯҳӣ дар ин муассисаҳо, ҷойгир кардани маъюбони беҳаракат дар ошёнаҳои боло, мушкилот дар гирифтани нафақа, таҷҳизонида нашудан бо воситаҳои тавонбахшӣ ва ғайраҳо аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Дар ҷумҳурӣ таъминоти воситаҳои техникии тавонбахшӣ барои маъюбон нокифоя мебошад. Маъюбон аз сифати аробачаҳои маъюбӣ, таҷҳизоти ортопедӣ ва дастрасӣ ба воситаҳои техникии тавонбахшӣ норозигӣ мекунанд.

Ҳуқуқи дастрасии маъюбон ба иттилоот низ тавассути алифбои Брайл, субтитрҳо ва сурдотарҷумонҳо дар сатҳи кофӣ таъмин карда нашудаанд.

Дар афкори ҷомеа шахси маъюб ҳамчун инсони нотавон, эҳтиёҷманд ва нокомил қабул карда мешавад. Барои ҳамин зарур аст, ки тавассути чораҳои иттилоотиву маърифатӣ муносибати ҷомеа нисбат ба маъюбон тағйир дода шавад.

Соли 2018 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Исфара ва ноҳияҳои Дӯстию Рашт дар масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи маъюбон, коҳиш додани ҳодисаҳои таъбиз ва тамғазанӣ нисбат ба онҳо ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар ин самт бо иштироки кормандони мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони ҷамъияти маъюбон мизҳои мудаввар гузаронид.

Дар соли 2018 ба Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз ҷониби маъюбон 8 муроҷиат ворид гардидааст, ки масъалаҳои мусоидат намудан барои бо кор таъмин шудан, ҷойгиркунӣ дар Маркази хизматрасонии тиббӣ, гирифтани хонаи истиқоматӣ, ба таъхир гузоштани пардохти қарзи бонкӣ, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ва расонидани кӯмаки моддиро дар бар мегиранд. Ба муроҷиаткунандагон дар ҳалли масъалаҳои гузоштаашон мусоидат карда шуд.

Маводи мухтасар аз Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018”

Дар Тоҷикистон чорабиниҳои иттилоотӣ вобаста ба иҷрои Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон оғоз гардид

ааа izobrazhenie_v

Ҷиҳати иҷрои банди 18 Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Мутаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи унверсалии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017-2020, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июни соли 2017, №АП-901 тасдиқ карда шудааст, 8-уми августи соли 2019 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар якҷоягӣ бо намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ чорабинии иттилоотӣ баргузор намуданд.

Дар чорабинии зикргардида мавзӯҳои мақоми Шарҳи унверсалии даврӣ дар низоми ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар рушди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Шӯро оид ба ҳуқуқи инсони СММ дар ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон ва Нақшаи миллии амалҳо оид ба Шарҳи универсалии даврӣ барои солҳои 2017-2020 (даври дуюм), масоили тероризм ва экстремизм дар ҷомеа, фаъолияти Гурӯҳи кории назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба пешбурди ратификатсияи Протоколи иловагӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа ва нақши ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон ва тавсияҳои Шӯро оид ба ҳуқуқи инсони СММ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар чорабинӣ аз ҳамаи сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абадураҳмони Ҷомӣ намояндагон ширкат варзиданд.

Копия (2) IMG_20190808_101847

Дар охири чорабинӣ байни аъзоёни гурӯҳи корӣ ва иштирокчиёни чорабинӣ саволу ҷавоб сурат гирифта, як қатор тавсияҳою пешниҳодот вобаста ба мавзӯъҳои зикргардида манзур гардиданд. Чунин чорабинӣ дар шаҳрҳои Роғун ва Истаравшан низ дар назар дошта шудааст.

Ёдовар бояд шуд, ки Тоҷикистон дувумин маротиба дар Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон  6 майи соли 2016 дар шаҳри Женева аз расмиёти ШУД гузашт. Дар натиҷа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 71 давлат тавсияҳо пешниҳод намуданд. Дар маҷмӯъ 203 тавсияҳо пешниҳод гардид, ки аз онҳо тавсияҳои қабулгардида – 151 адад, тавсияҳои қисман қабулгардида – 5 адад, тавсияҳои қабулнагардида – 45 адад ва тавсияҳои амалигардида — 2 ададро ташкил медиҳанд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

Тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи “Ҳимояи ҳуқуқи шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният”

 

1 12 2018Рӯзҳои 1-2 августи соли ҷорӣ бо дастгирии Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» дар доираи амалишавии лоиҳаи «Кам намудани монеаҳои вобаста ба ҳуқуқи инсон дар самти расонидани хизматрасонӣ оиди вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тренинги омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ кормандони Дастгоҳи марказии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ дар шаҳрҳои Исфара, Турсунзода ва ноҳияҳои Рашт, Айнӣ, Қубодиён иштирок намуданд.

Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур баланд бардоштани малака ва дониши касбии кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳимояи ҳуқуқи шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошад.

Ба иштирокчиён коршиносони ташкилоти мазкур вобаста ба ҳуқуқи шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният маълумот доданд. Дар рафти тренинг коршиносон аз фаъолияти амалии худ дар ин самт, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли он ибрози ақида намуданд.

Дар охир иштирокчиёни чорабинӣ пешниҳод намуданд, ки баргузор намудани чорабиниҳои омӯзишӣ ба манфиат буда, минбаъд низ идома дода шавад.

Семинар ВНМО

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ