Дар Тоҷикистон чорабиниҳои иттилоотӣ вобаста ба иҷрои Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон оғоз гардид

ааа izobrazhenie_v

Ҷиҳати иҷрои банди 18 Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Мутаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи унверсалии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017-2020, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июни соли 2017, №АП-901 тасдиқ карда шудааст, 8-уми августи соли 2019 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар якҷоягӣ бо намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ чорабинии иттилоотӣ баргузор намуданд.

Дар чорабинии зикргардида мавзӯҳои мақоми Шарҳи унверсалии даврӣ дар низоми ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар рушди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Шӯро оид ба ҳуқуқи инсони СММ дар ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон ва Нақшаи миллии амалҳо оид ба Шарҳи универсалии даврӣ барои солҳои 2017-2020 (даври дуюм), масоили тероризм ва экстремизм дар ҷомеа, фаъолияти Гурӯҳи кории назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба пешбурди ратификатсияи Протоколи иловагӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа ва нақши ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон ва тавсияҳои Шӯро оид ба ҳуқуқи инсони СММ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар чорабинӣ аз ҳамаи сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абадураҳмони Ҷомӣ намояндагон ширкат варзиданд.

Копия (2) IMG_20190808_101847

Дар охири чорабинӣ байни аъзоёни гурӯҳи корӣ ва иштирокчиёни чорабинӣ саволу ҷавоб сурат гирифта, як қатор тавсияҳою пешниҳодот вобаста ба мавзӯъҳои зикргардида манзур гардиданд. Чунин чорабинӣ дар шаҳрҳои Роғун ва Истаравшан низ дар назар дошта шудааст.

Ёдовар бояд шуд, ки Тоҷикистон дувумин маротиба дар Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон  6 майи соли 2016 дар шаҳри Женева аз расмиёти ШУД гузашт. Дар натиҷа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 71 давлат тавсияҳо пешниҳод намуданд. Дар маҷмӯъ 203 тавсияҳо пешниҳод гардид, ки аз онҳо тавсияҳои қабулгардида – 151 адад, тавсияҳои қисман қабулгардида – 5 адад, тавсияҳои қабулнагардида – 45 адад ва тавсияҳои амалигардида — 2 ададро ташкил медиҳанд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ