Ҳуқуқи маъюбон

правоинвалидов

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии маъюбон тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017–2020», «Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020» амалӣ карда мешаванд.

22 марти соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон ба имзо расонида шуд. Ҷиҳати омӯзиши масъалаи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи мазкур Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст, ки намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон даро н шомил аст. Ҳамчунин Кумитаи роҳбарикунандаи “Мубаддалгардонии ҳуқуқи одамони имконияташон маҳдуд ба воқеъият”, ки дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад, ҷиҳати мутобиқсозии қонунгузории соҳа ба Конвенсияи мазкур фаъолият менамояд.

Дар 41 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба шаҳрвандоне, ки муваққатан ва ё доимӣ ба хизматрасонии иҷтимоӣ эҳтиёҷ доранд, шахсони яккаву танҳо, пиронсолон, беморон, маъюбоне, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор дошта ба худхизматрасонӣ қодир нестанд шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона таъсис дода шудааст.

Дар баробари дастовардҳо дар самти пешбурди ҳуқуқи маъюбон баъзе мушкилот низ ба назар мерасанд. Муҳайё накардани муҳити дастрас, таъминоти нафақа, ҷойҳои корӣ, хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои техникии тавонбахшӣ, гирифтани роҳхат барои табобат, дастрасӣ ба иттилоот, табъиз ва тамғазании иҷтимоӣ аз ҷумлаи чунин мушкилот мебошанд.

Дар амалия ҳануз ҳам дар баъзе ҳолатҳо меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» оид ба дастрасии маъюбон ба объектҳои инфрасохторӣ риоя намешаванд. Натиҷаи санҷиши масъалаҳои дастрасӣ ва муҳайё сохтани муҳити дастрас ба маъюбон дар шаҳри Исфара ва ноҳияҳои Дӯстию Рашт гуфтаҳои болоро тасдиқ менамояд.

Тибқи маълумоти воридшуда Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмон низ соли 2018 дар ин самт санҷишҳо гузаронида, 61 камбудӣ ошкор намудааст. Оид ба бартараф кардани камбудиҳо аз тарафи Хадамот 17 амрнома дода шуда, нисбати 4 шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷарима таъин гардидааст.

Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки хизматрасонии нақлиётӣ ба эҳтиёҷоти маъюбон ҷавобгӯй набуда, нақлиёти ҷамъиятӣ бо дастқаппак, асбоби болобардор, зинапоя ва дарҳои мувофиқ муҷаҳҳаз нашудаанд. Истгоҳҳо, гузаргоҳҳои пиёдагард ва зеризаминӣ низ ба меъёрҳои пешбинишуда мутобиқ карда нашудаанд.

Бо кор таъмин шудан мушкилоти дигари маъюбон мебошад. Талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” оид ба муқаррар шудани квотаҳо барои маъюбон аз ҷониби корфармоён дар аксари ҳолатҳо риоя карда намешавад.

Соли 2018 аз ҷониби мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вазъи риояи ҳуқуқи бошандагони МД “Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода” ва МД “Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон” мавриди санҷиш қарор дода шуд. Санҷишҳо нишон доданд, ки бо вуҷуди сол то сол беҳтар шудани вазъи нигоҳубини бошандагон дар муассисаҳои номбурда баъзе камбудиҳо низ ҷой доранд. Нигоҳ доштани беморони рӯҳӣ дар ин муассисаҳо, ҷойгир кардани маъюбони беҳаракат дар ошёнаҳои боло, мушкилот дар гирифтани нафақа, таҷҳизонида нашудан бо воситаҳои тавонбахшӣ ва ғайраҳо аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Дар ҷумҳурӣ таъминоти воситаҳои техникии тавонбахшӣ барои маъюбон нокифоя мебошад. Маъюбон аз сифати аробачаҳои маъюбӣ, таҷҳизоти ортопедӣ ва дастрасӣ ба воситаҳои техникии тавонбахшӣ норозигӣ мекунанд.

Ҳуқуқи дастрасии маъюбон ба иттилоот низ тавассути алифбои Брайл, субтитрҳо ва сурдотарҷумонҳо дар сатҳи кофӣ таъмин карда нашудаанд.

Дар афкори ҷомеа шахси маъюб ҳамчун инсони нотавон, эҳтиёҷманд ва нокомил қабул карда мешавад. Барои ҳамин зарур аст, ки тавассути чораҳои иттилоотиву маърифатӣ муносибати ҷомеа нисбат ба маъюбон тағйир дода шавад.

Соли 2018 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Исфара ва ноҳияҳои Дӯстию Рашт дар масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи маъюбон, коҳиш додани ҳодисаҳои таъбиз ва тамғазанӣ нисбат ба онҳо ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар ин самт бо иштироки кормандони мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони ҷамъияти маъюбон мизҳои мудаввар гузаронид.

Дар соли 2018 ба Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз ҷониби маъюбон 8 муроҷиат ворид гардидааст, ки масъалаҳои мусоидат намудан барои бо кор таъмин шудан, ҷойгиркунӣ дар Маркази хизматрасонии тиббӣ, гирифтани хонаи истиқоматӣ, ба таъхир гузоштани пардохти қарзи бонкӣ, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ва расонидани кӯмаки моддиро дар бар мегиранд. Ба муроҷиаткунандагон дар ҳалли масъалаҳои гузоштаашон мусоидат карда шуд.

Маводи мухтасар аз Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018”