Дар шаҳри Роғун чорабинии иттилоотӣ вобаста ба «Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи унверсалии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017-2020» баргузор гардид.

Рогун (1)

Ҷиҳати иҷрои банди 18 Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Мутаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи унверсалии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017-2020, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июни соли 2017, №АП-901 тасдиқ карда шудааст, 13-уми сентябри соли 2019 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар якҷоягӣ бо намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» дар шаҳри Роғун чорабинии иттилоотӣ баргузор намуданд.

Дар чорабинии мазкур мавзӯҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд: маълумот дар бораи Шарҳи унверсалии даврӣ ва мавқеи он дар низоми ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: Ниҳоди миллӣ дар татбиқи рушди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯро оид ба ҳуқуқи инсони СММ ва ниҳодҳои он дар ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон, Нақшаи миллии амалҳо оид ба Шарҳи универсалии даврӣ барои солҳои 2017-2020 (даври дуюм): маълумоти умумӣ, Масоили тероризм ва экстремизм ва оқибатҳои манфии он ба ҷавонон, Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои маҳкумшудагон дар муассисаҳои ислоҳӣ, фаъолияти Гурӯҳи кории назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба пешбурди ратификатсияи Протоколи иловагӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа ва нақши ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон ва тавсияҳои Шӯро оид ба ҳуқуқи инсони СММ.

Дар чорабинии мазкур намояндагони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ширкат варзиданд.

Рогун

Дар қисми муҳокимавии чорабинӣ аз ҷониби иштирокчиён ба аъзоёни гурўҳи корӣ саволу ҷавоб сурат гирифта, як қатор тавсияҳою пешниҳодот вобаста ба мавзӯъҳои зикргардида манзур гардиданд. Баргузирии чунин чорабинӣ дар шаҳри Истаравшан низ дар назар дошта шудааст.

Ёдовар бояд шуд, ки Тоҷикистон дувумин маротиба дар Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон  6 майи соли 2016 дар шаҳри Женева аз расмиёти ШУД гузашт. Дар натиҷа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 71 давлат тавсияҳо пешниҳод намуданд. Дар маҷмӯъ 203 тавсияҳо пешниҳод гардид, ки аз онҳо тавсияҳои қабулгардида – 151 адад, тавсияҳои қисман қабулгардида – 5 адад, тавсияҳои қабулнагардида – 45 адад ва тавсияҳои амалигардида — 2 ададро ташкил медиҳанд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

Иштироки кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Конференсияи дуюми минтақавӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқ ба фардият ва пешгирии бешаҳрвандӣ дар шаҳри  Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон

Казахстан

Тибқи супориши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 5-6 сентябри соли 2019 сардор ва сармутахассиси Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқов А.М. ва Маҷидов П.Б. дар Конференсияи дуюми минтақавӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқ ба фардият ва пешгирии бешаҳрвандӣ дар мавзӯи “Ҳеҷ кас набояд ҳангоми таваллуд фаромӯш шавад” дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуданд.

Дар чорабинии мазкур намояндагони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна аз ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон, сохторҳои САҲШ, вазоратҳои корҳои дохилӣ, омори давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин намояндагони Дафтарҳои минтақавии Комиссариати Олии СММ оид ба ҳуқуқи гурезагон (УВКПБ), Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ дар Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) иштирок доштанд.

Конференсияи дуюми минтақавӣ дар доираи амалисозии Нақшаи глобалии амалҳо оид ба барҳам додани бешаҳрвандӣ барои солҳои 2015-2024 баргузор гардида, натиҷаҳои ба дастомадаи ҷумҳуриҳои минтақаи Осиёи Миёна дар давраи миёнамуҳлат мавриди баррасӣ ва муҳокимаи иштирокчиёни чорабинӣ қарор дода шуд.

Дар Конференсия аз ҷумла намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маърӯза намуда, оид ба дастовардҳои ҷумҳурӣ дар самти мазкур маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Дар доираи кори Конференсия вохӯрии алоҳидаи роҳбарияти Дафтарҳои минтақавии Раёсати Комиссариати Олии СММ оид ба ҳуқуқи гурезагон (УВКПБ) ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ дар Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) бо ҳайати  намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ оид ба омода будани Дафтарҳои мазкур ҷиҳати мусоидат ба Тоҷикистон ҷиҳати пешбурди ҳуқуқ ба фардият ва барҳам додани бешаҳрвандӣ, вазъи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва омодагии Тоҷикистон ба Чорабинии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои мазкур, ки 7 октябри соли 2019 дар Женева баргузор мегардад, мубодилаи афкор доир гардид. Ба ҳамкорони рушд аз ҷониби роҳбари ҳайати намояндагони Тоҷикистон Ш. Нодирӣ маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Дар интиҳо кори Конференсия аз ҷониби Директори Маркази миллии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳуқуқи инсон С. Осланов ва  Директори Дафтари РКОҲГ барои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором Индрика Ратватте ҷамъбаст карда шуда, иштирокчиён бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои баёншуда Хулосаҳои Конференсияи дуюми минтақавиро қабул намуданд.

Содиқов А.,
Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор
оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

Копия IMG-d95db306949f048260ff7a677dcd08c7-V

Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихору шарафмандӣ кулли мардуми азизи Тоҷикистонро ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният менамояд.

Самараи сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки халқи тоҷик соҳибдавлат гардида, бо таъриху тамаддуни оламшумули хеш мавқеи хосро дар ҷаҳон пайдо кард.

Дар ин рӯзҳои гуворо ба мардуми кишвари азизамон сиҳатмандӣ, барори кору хушиҳои зиндагӣ, бахту иқболи нек, дар хонадонашон файзу баракат ва дар амалӣ гардидани мақсаду мароме, ки баҳри беҳбудии кишвари азизамон доранд, комёбиҳои беназир орзумандем.

 

 

 

Рушди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият

9 сентябр

Мо дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ки пас аз чанд рӯз 28 солагии онро бо ифтихор  қайд менамоем. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  неъмати арзишманде мебошад, ки дар фазои он метавонем ҳамаи ормону мароми худро бароварда намоем ва аз ояндаи фарзандони худ дилпур бошем.  Бо шарофати Истиқлолият, ки  маънои    соҳибихтиёрӣ, мустақилият ва дахлнопазирии давлату  аз ҷиҳати сиёсию иқтисодӣ  озод будани кишварро   дорад  имконият фароҳам омадааст,  ки мо созандаи ҳаёти худ ва саҳмгузори ободию шукуфоии Ватани зебоманзарамон бошем.

Миллати шарафманду соҳибтамаддун ва куҳанбунёди тоҷик аз азал ба истиқлолият эҳтироми шоиста дошт ва дар гузашта ормони истиқлолхоҳиро як ҷузъи асолати ватандорӣ ва ҳувияти миллии хеш медонист.  Ин хусусияти барҷастаи ташаккули миллати тоҷикро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле ҳақиқатнигорона маънидод кардаанд: “Дар ниҳоди миллати мо омилҳои бунёдии эҳёи тадриҷии истиқлолият ҳамеша вуҷуд доштанд: асолат ва ҳувуяти устувор ва амалан шикастнопазири таърихӣ, суннатҳои беш аз сеҳазорсолаи давлатдорӣ, арзишҳои бузург ва созандаи иҷтимоӣ, фарҳанг ва маданияти дурахшон, ки ҳамаи онҳо дар асл шоҳсутунҳои фаъол ва таърихии мо буданд”.

Дар тули таърих собит шудааст, ки  ҳар қадар шаҳрвандон  дар ҷомеа озоду дахлнопазир  бошанд, ҳуқуқу озодиҳои онҳо ҳамчун рукни асосии давлатдорӣ таъмину риоя карда шаванд, ҳамон қадар онҳо  сарзаминеро, ки дар он ба сар мебаранд аз они худ медонанд ва барои рушду пешрафти он  саъйю талош меварзанд. Мо аз он ифтихор мекунем, ки аввалин  санади соҳаи ҳуқуқи инсон  бо номи Эъломияи шоҳ Куруши Кабир ҳануз  соли 539 пеш аз мелод  аз ҷониби аҷдодони мо қабул шудааст, ки аз  табиати мардуми фарҳангофар ва озодихоҳи мо далолат менамояд.  Баъдтар ҳуҷҷатҳои дигари таърихии барои ҳуқуқи инсон муҳим, аз қабили Хартияи бузурги озодихоҳӣ (Британияи Кабир, соли 1215), Конститутсияи ИМА (соли 1787), Эъломияи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд (Франсия, соли 1789), Билл оид ба ҳуқуқҳои ИМА (соли 1791) ва Конвенсияи Женева (соли 1864) қабул гардиданд.

Ҳамаи ҳуҷҷатҳои номбаршуда ва   конститутсияҳои то нимаи аввали асри гузашта амалкунандаи давлатҳои ҷаҳон, китобҳои маъмули динӣ, аз қабили «Забур», «Таврот», «Инҷил» ва «Қуръон» дар матни Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ба инобат гирифта шудаанд ва ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, ки онро конститутсияи конститутсияҳо низ ном мебаранд 10 декабри соли 1948 қабул гардид. Ҳамин тариқ риоя ва таъмини ҳукуку озодиҳои инсон вазифаи ҳамаи халқҳо ва давлатҳо дониста шуданд, ки тавассути  санадҳои дахлдори ҳуқуқи  байналмилалӣ ва миллӣ амалӣ карда мешаванд.

Дар даврони истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқтатбиқнамоӣ тадбирҳое андешида мешаванд, ба таъмин ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон нигаронида шудаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид (аз 2 марти соли 1992)  аксари санадҳои асосии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсонро, ки асосан аз 2 Паймон ва 6 конвенсия иборатанд ба тасвиб расонидааст. Аз соли 2000 — ум сар карда оид ба иҷрои ин санадҳои байналмилалӣ  Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳои миллии худро дар сохторҳои дахлдори СММ пешниҳод ва ҳимоя мекунад ва барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта тавсияҳо мегирад. Аз ҷумла, солҳои 2012 ва 2016 Ҷумҳурии Тоҷикистон аз расмиёти Шарҳи умумии даврӣ гузашт, ки дар доираи он  аз рӯи ҳамаи ҳуқуқҳои инсон ба Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон ҳисобот дод  ва тавсияҳои дахлдор гирифт.  Аз рӯи ҳамаи  расмиётҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсон  дар солҳои 2010-2018 ба Тоҷикистон беш аз ҳазор тавсия пешниҳод карда шуд. Бо мақсади  иҷрои онҳо  дар ҷумҳурӣ 13 нақшаҳои миллии амал таҳия ва тасдиқ карда шудаанд ва барои амалӣ шудани  онҳо вазорату идораҳои дахлдор, масъулину иҷрокунандагони мушаххас   муваззаф гардидаанд.

Бо қабули  Конститутсияи соли 1994  ҳуқуқу озодиҳои инсон ба сифати арзиши олӣ эътироф гардида, ба вазифаи муҳими ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва мақомоти судӣ табдил ёфт.

Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаолияти мақомоти давлатӣ дар ин самт  Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон (соли 2002),  Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак (соли 2001),  Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон (соли 2005) таъсис дода шуданд.

Инчунин, бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ниҳодҳои махсуси соҳаи ҳуқуқи инсон  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон соли 2009 ва   Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак соли 2016 таъсис дода шуданд, ки механизми миллии ҳифзи ҳуқуқи инсонро пурра гардонида, барои беҳтар гардидани корҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон мусоидат карда истодаанд.

Ниҳодҳои   мазкур фаъолияти худро дар самти  қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, такмили қонунгузорӣ, гузаронидани санҷишу мониторингҳо, баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон дар соҳаи ҳуқуқи инсон  сол аз сол тақвият бахшида истодаанд.

Масалан, аз давраи таъсисёбӣ то 1 январи соли 2019 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (ВҲИ)  ҳар сол ба ҳисоби миёна зиёда аз 2400 муроҷиат ва дар маҷмӯъ 24184 муроҷиат ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 4807 адад муроҷиати хаттӣ ва 19377 адад муроҷиати шифоҳӣ мебошанд.  (Аз ҷумла, дар ҳамин давра дар  Дастгоҳи марказии мақомот ба ҳисоби миёна соле 240 муроҷиати хаттӣ ва 370 муроҷиати шифоҳӣ ва дар маҷмӯъ 6139 адад (2405 — хаттӣ ва 3734 — шифоҳӣ) қабул ва баррасӣ гардида, ба муроҷиаткунандагон дар ҳалли масъалаҳои гузошташудашон мусоидат карда шуданд.)

Бо мақсади мусоидат намудан дар такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон   дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар тули даҳ сол  617 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро мавриди омӯзиш қарор дода шуда, нисбати онҳо хулосаву пешниҳодҳо таҳия гардидааст.

Дар ин давра   мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  ва гурӯҳи мониторингии назди он дар муассисаҳои пӯшидаю қисман пӯшида ва дигар ташкилотҳо зиёда аз 350 санҷишу мониторингҳо гузаронидаанд, ки   натиҷаи онҳо  ҷиҳати чораҷӯӣ ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор расонида шуданд. (Аз ҷумла, аз ҷониби  Гурӯҳи мониторингӣ дар 24 Тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққатии шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ, 2 Тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққатии Агентии назорати маводи мухаддир, 9 Муассисаи ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, 15 беморхонаҳои руҳӣ, 3 хона-интернат, 6 муассисаи кӯдакона, 2 маркази наркологӣ ва 20 қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа мониторинг гузаронида шудаааст.)

Ҷиҳати баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон дар тули даҳ соли фаъолият роҳбарият ва кормандони мақомоти ВҲИ  тариқи телевизион 339 баромад, радио 549 баромад карда, дар  интернет 636 мавод ва дар матбуоти даврӣ 185  мақола нашр намуданд.

Дар мақомоти ВҲИ аз соли 2012 инҷониб нашри маҷаллаи «Ахбори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон» бо забони тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст, ки  ҳар семоҳа як маротиба чоп мешавад. Ҳамчунин дар ин давра 86 номгӯй китобу брошураҳо бо теъдоди 57 604 нусха ба нашр расонида шудааст. Ин маводҳо ба мақомоти дахлдори давлатӣ ва иштирокчиёни конфронсҳо, семинару мизҳои мудаввар ба таври ройгон дастрас гардонида шудаанд.

Барои огаҳии ҷомеа аз навгониҳои соҳаи ҳуқуқи инсон,  инчунин 2 сомона- Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва китобхона бо хазинаи  наздик ба 3 ҳазор китобу адабиётҳои соҳаи  ҳуқуқи инсон фаъолияти самарабахш доранд.

Ҷиҳати пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурӣ ва амалисозии ваколатҳои худ мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои илмӣ-таълимӣ ва васоити ахбори омма ҳамкориҳои судманд  дорад.

Дар доираи ин ҳамкориҳо бахшида ба паҳлуҳои гуногун ва муҳими соҳаи ҳуқуқи инсон 4 (чор) конференсияи сатҳи байналмилаливу минтақавӣ гузаронида шуданд. Аз ҷумла 21-22 майи соли ҷорӣ Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи “Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва дурнамо” дар сатҳи баланд бо иштироки ваколатдорони ҳуқуқи инсон аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Озорбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон доир карда шуд.

Ҳамчунин бо дастгирии мақомоти давлатии дахлдор ва шарикони рушд Дар Дастгоҳи марказии мақомот шуъбаи иттилоотӣ – таҳлилӣ (Ҳукумати Шоҳигарии Нидерландия), шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак (Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ),  дар маркази ВМКБ ва вилоятҳо намояндагиҳо (Ниҳоди Даниягии ҳуқуқи инсон) ва дар шаҳру ноҳияҳо  қабулгоҳҳои ҷамъиятии ВҲИ  ташкил карда шуданд.

Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 3 намояндагӣ ва 6 қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 13 нафар мутахассисон кор мекунанд. Намояндагиҳо ва қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар баробари  баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин ба расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба ҳамаи табақаҳои аҳолӣ ва пеш аз ҳама ба табақаҳои осебпазири он ва ташкили машваратҳои ҳуқуқии сайёр дар маҳалҳо мусоидат менамоянд.

Онҳо аз соли 2011 инҷониб дар маҷмӯъ зиёда аз 1200 машваратҳои ҳуқуқии сайёр гузарониданд, ки дар онҳо бештар аз 80 000 нафар иштирок намуданд.

Бояд қайд кард, ки  мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ   яке аз аввалинҳо шуда дар Осиёи Марказӣ соли 2012 ба гирифтани мақоми “В”, ки аз ҷониби Кумитаи байналмилалии ҳамоҳангсозии муассисаҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон дода мешаванд, ноил гардидааст ва алҳол  барои  гирифтани мақоми “А”   саъю талош дорад.

Бо ин мақсад ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд. Тибқи онҳо ваколатҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  дар масъалаҳои  мусоидат ба тасдиқ кардан ё ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон (соли 2016), дастрасӣ ба иттилоот (2014), инчунин гузаронидани санҷиши муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида (2016) васеътар гардонида шуданд.

Ҳамаи ин тадбирҳо имкон медиҳанд сатҳу сифати корҳои мо дар оянда боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шаванд ва  боварии комил  дорем, ки мақомоти ВҲИ  ва кормандони он  аз иҷрои вазифаҳои дар наздашон истода, аз ҷумла  вазифаҳое, ки аз Стратегияи мақомот барои солҳои 2016-2020 дар  самти  таҳкими институтсионалии мақомоти ВҲИ, мусоидат ба пешбурди озодӣ аз шиканҷа, дастрасӣ ба иттилоот, ҳуқуқҳои шахсони имконияташон маҳдуд, ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, дастрасӣ ба таҳсил, баробарии гендерӣ ва дигарҳо бармеоянд,  бо сарбаландӣ мебароянд.

Ҳакимиён С. Ҳ.,
Роҳбари Дастгоҳи Ваколатдор оид ба
ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввари мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Мизи муд 04.09.2019 1

Имрӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон  мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Кароматулло Олимов – Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Акмал Неъматов – муовини Саркотиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва кормандони мақомот иштирок намуданд.

Умед Бобозода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба кори мизи мудаввар ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ин санаи муборак, муҳим ва таърихӣ самимона табрик намуд. Зимни суханронӣ У.Бобозода аз паҳлуҳои таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии Истиқлолияти давлатӣ, дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва тақвияти сулҳу суботи ҷомеа, ёддовар шуд.

Сипас меҳмонон оид ба ин санаи муҳим суханронӣ намуда, аз таърихи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, мушкилиҳо ва дастовардҳои он ёддовар шуданд. Қайд гардид, ки дар таҳкими минбаъдаи Истиқлолият ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши Асосгузори сулҳу ваҳлати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир мебошад.

Тибқи рӯзномаи чорабинӣ дар назди ҳозирин Сафаралӣ Ҳакимиён – Роҳбари Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар мавзӯи «Ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият»   баромад намуд. Қайд карда шуд, ки «Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон низоми комили ҳифзи ҳуқуқи инсон ташкил карда шуд. Дар сатҳи Конститутсия муқаррар карда шуд, ки инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ эътироф шуданд. Давлат ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахс, озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор, ҳуқуқи муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайраро кафолат медиҳад».

Сипас иштирокчиёни мизи мудаввар оид ба мазмун ва муҳтавои маърӯза суханрониҳо намуданд.

Дар охир У.Бобозода ҳозиринро бо ин санаи муҳими таърихӣ табрик ва таҳният гуфта, онҳоро ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, худшиносии миллӣ, қадршиносӣ аз сулҳу субот ва кушиш намудан баҳри тинҷиву амонии кишвари азизамон — Тоҷикистон даъват намуданд.

Мизи муд 04.09.2019 2

Хадамоти матбуотии ВҲИҶТ