Ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот

Картинки по запросу "доступ к информации"Ҳуқуқи  дастрасӣ ба  иттилоот аз зумраи ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шахсии инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб рафта, дар санадҳои асосии ҳуқуқии байналмилалӣ, хусусан дар моддаи 19 Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва моддаи 19 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, ва сиёсӣ муқаррар гардидаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот ба ҳар шахс, қатъи назар аз вазъи шаҳрвандӣ, мансубияти динӣ ва миллию вазъи иҷтимоӣ аз ҷониби давлат кафолат дода шудааст.

Ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот ин ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд ба ҷӯстуҷӯи озодонаи иттилоот ва ба даст овардани он аз мақомоту ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо, ки иттилоотро мерасонанд. Гуфтан мумкин аст, ки татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон ба дастрасӣ ба иттилоот, таъмини дастрасии озод ба иттилооти дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ва ошкоро будани иттилооти шохаҳои ҳокимияти давлатӣ яке аз шартҳо ва меъёрҳои асосии фаъолияти давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Маҳз татбиқи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот иштироки воқеии шаҳрвандонро дар ҳаёти ҷамъиятию давлатӣ таъмин менамояд.

Аҳамияти махсуси ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоотро низ қайд намудан ба маврид аст. Зеро он ҳамчун унсури пайвасткунандаи тамоми низоми ҳуқуқҳо ва озодиҳои асосӣ амал намуда, бо риоя шудани ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот татбиқи воқеии ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ имконпазир мегардад.

Тибқи моддаи 19 Паймони баайналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрванди ва сиёсӣ ҳар як шаҳрванд ҳуқуқи озод ҷӯстуҷӯ кардан, ба даст овардан, паҳн намудани ҳама гуна маълумот ва андешаро, сарфи назар аз ҳудудҳои давлатӣ, шифоҳӣ, хаттӣ ё тавассути матбуот ё шаклҳои бадеӣ ё дигар воситаҳои изҳори онҳоро бо интихоби худ дорад.

Дар моддаи 25 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххасан қайд шудааст, ки «Мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони мансабдор вазифадоранд ба ҳар кас имконияти пайдо намудан ва шинос шуданро ба ҳуҷҷатҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиати ӯ дахл доранд, таъмин намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун муайян кардааст».

Шахсоне, ки мехоҳанд маълумотҳо ва ҳуҷҷатҳое, ки ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо дахл доранд, аз ҳамаи мақомоту ташкилот дастрас намоянд ва мақомотҳои дахлдор вазифадоранд ба ӯ чунин шароитро фароҳам оваранд. Агар ин ҳуқуқи шахс вайрон карда шавад, ӯ метавонад барои ҳифзи он ба мақомоти болоӣ ё ба суд муроҷиат намояд. Яъне моддаи 25 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доираи субъектҳоеро, ки чунин ӯҳдадориро доранд, муқаррар намуда, дар баробари мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсиро низ барои иҷрои ин ӯҳдадорӣ вазифадор кардааст.

Маҳдуд кардани ҳуқуқи шахс оид ба шинос шудан бо ҳуҷҷатҳое, ки ба ҳуқуқу манфиатҳои ӯ дахл доранд, танҳо дар ҳолатҳои истисноие, ки қонунгузорӣ муайян кардааст, иҷозат дода мешавад.

Бояд қайд намуд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мусоидат ба дастрасӣ ба иттилоот, баррасӣ ва санҷиши муроҷиатҳои шаҳрвандон оид ба ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот яке аз вазифаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба шумор меравад. Дар Стратегияи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2016-2020 яке аз самтҳои афзалиятноки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ин мусоидат ба риояи ҳуқуқ ба иттилоот муайян шудааст. Дар ин самт аз ҷониби мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон як қатор корҳо, аз ҷумла омӯзиши қонунгузорӣ, таҳлили вазъи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот, баромадҳо дар ВАО, мониторинги сомонаҳои мақомоти давлатӣ анҷом дода шудааст.

Новобаста аз он, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷустуҷӯ, дастрас ва паҳн намудани дилхоҳ иттилоот, ки бо қонун муайян гаштааст, тамоми шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ муҳайё карда шудааст. Таҳлили вазъ нишон медиҳанд, ки дар самти дастрасӣ ба иттилоот баъзе мушкилиҳо низ ҷой доранд. Беэътиноии баъзе мақомоти давлатӣ ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлили воситаҳои ахбори омма” ҳолатҳои беасос рад намудани пешниҳоди маълумот аз ҷониби баъзе вазорату идораҳо, норасоии иттилооти дастрас дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ дар сомонаҳои онҳо, мисоли ин мушкилиҳо мебошанд.

Масъалаи дигаре, ки боиси нигаронӣ ва ташвиш дар ин самт аст, ин вақтҳои охир дар фазои интернет мушоҳида шудани ҳолатҳои сӯистифода аз интернет мебошад. Дар баъзе ҳолатҳо бо истифода аз ҳуқуқи озодии сухан баъзе истифодабарандагон ё гурӯҳи муайян шахсони мансабдор ва ё шахсони мушаххасро мавриди танқиду таҳқирҳои беасос ва дур аз воқеият қарор медиҳанд, ки оқибат асос барои дахолати дахлдор аз ҷониби мақомоти танзимкунанда мегардад.

 Маълум аст, ки таблиғгарони баъзе гӯруҳҳои террористӣ барои ҷалби ҷавонон аз ҳама бештар аз сомонаҳои иҷтимоии Фейсбук, Вконтакте, Твиттер, Ютуб, Одноклассники ва Телограм истифода бурда, паёмҳои худро нашр менамоянд. Чораҳои андешидашаванда вобаста ба маҳдудкунӣ хусусияти муваққатӣ дошта, аз ҷониби мақомоти дахлдор пеш аз ҳама баҳри таъмини амнияти ҷамъият ва давлат равона карда шудаанд.

Новобаста аз он, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муддати нисбатан кӯтоҳ заминаҳои кофии меъёрии ҳуқуқӣ дар самти дастрасӣ ба иттилоот фароҳам оварда шудаанд, айни ҳол барои рушди минбаъдаи самти мазкур зарурати такмил додани он вуҷуд дорад.

Лоиқов Ш. сармутахассиси
шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии
Дастгоҳи ВҲИ дар ҶТ