Муколамаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо аҳолӣ
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода тибқи Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2019 ҷиҳати вохӯрӣ ва муколама бо аҳолӣ аз 23 то 27 сентябри соли ҷорӣ ба ноҳияҳои Спитамен, Деваштич ва Б.Ғафурови вилояти Суғд сафар намуданд. Дар ин сафар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон — Бобохонов С.С. ва муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон — Нидоев Ҳ.Н. ҳамроҳӣ намуданд.
Дар вохӯрииҳо намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон ва фаъолони маҳаллӣ иштирок намуданд.
Умед Бобозода дар рафти чорабинӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар бораи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва фаъолияти он маълумот пешниҳод намуда, дар масъалаи риояи ҳуқуқи инсон ва дар бораи санадҳои миллӣ ва байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсон суханрони намуд.
Муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ — Бобохонов С.С. дар масъалаи вазъи муҳити дастрас ба шахсони дорои маъюбият, санадҳои миллӣ ва байналмилалии танзимкунандаи ҳуқуқҳои шахсони дорои маъюбият ва пешгирии зуроварӣ дар оила маърӯза намуд.
Муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак — Нидоев Ҳ.Н. аз натиҷаи фаъолияти Гурӯҳи мониторингии назди мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар масъалаи пешгирии шиканҷа ва санадҳои танзимкунандаи он маърӯза намуд.
Дар қисмати муҳокимавӣ аз ҷониби иштирокчиён оид ба мушкилоти ҷойдашта дар самти ҳуқуқи инсон саволҳо дода шуд, аз ҷумла вобаста ба ҳуқуқҳои меҳнатии шахсони дорои маъюбият, мушкилоти ба таҳсил фаро гирифтани кӯдакон баъд аз адои ҷазо дар муассисаҳои ислоҳии кудакона, дохил гаштан ё нагаштани ҷалби кӯдакон ба шанбегиҳо барои ободонӣ ҳамчун меҳнати маҷбурӣ, ба мушкилӣ дучор шудани шахсони баъд аз адои ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ ҳангоми ба кор даромадан, мушкилоти гирифтани шаҳрвандӣ аз ҷониби шахсоне, ки аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ оила барпо намудаанд ва ғайраҳо.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас дода, хотиррасон намуданд, ки онҳо метавонанд оид ба вайроншавии ҳуқуқҳояшон ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиат намоянд.
Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ