Вохӯрии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо роҳбари Намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба корҳои гурезагон

uvkb-710x434

Санаи 2 октябри соли 2019 Умед Бобозода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари Намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба корҳои гурезагон ҷаноби Ҷаҳонгир Дуррани мулоқот намуд.

Зимни вохӯрӣ нахуст Умед Бобозода оид ба вазифа, салоҳият, ваколат ва самтҳои афзалиятноки стратегии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маълумоти муфассал дода, қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон пайваста талош мекунад ва дар ин робита саҳми мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон назаррас мебошад.

Аз ҷумла, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон қайд намуд, ки бинобар дар вазъи осебпазир қарор доштани шахсони бешаҳрванд ва гурезагон ба ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои онҳо аҳамияти махсус дода мешавад. Инчунин ҳангоми вохӯрӣ аз ҳамкориҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо ҳамтоёни худ аз дигар кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии дар ин самт фаъолияткунанда сухан рафт.

Саволҳои ҷониби ташриф бештар ба масъалаҳои вазъи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи шахсони бешаҳрванд», ворид намудани масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои герезагон ва шахсони бешаҳрванд ба «Стратегияи ҳифзи ҳуқуқи инсон», тибқи қарори судҳо аз ҳудуди ҷумҳурӣ бароварда шудани гурезагони вазъи расмӣ надоштаи афғонҳо, мусоидати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба гурезагон ва шахсони бешаҳрванд, мазмуни муроҷиатҳои ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон воридгардида ва дигарҳо дахл доштанд.

Дар охири мулоқот роҳбари Намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба корҳои гурезагон ҷаноби Ҷаҳонгир Дуррани аз Умед Бобозода барои пазироии самимӣ, ҷавоб ба саволҳо ва идома додани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд баҳри риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, аз ҷумла гурезагон ва шахсони бешаҳрванд изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ