Натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар нуҳ моҳи соли 2019

20191010_140912Рӯзи 10 октябри соли ҷорӣ дар мақомоти  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба натиҷаҳои фаъолият дар нуҳ моҳи соли 2019  маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор  гардид.

Нахуст У.Бобозода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомот дар ин давра сухан ронда, қайд намуд, ки нишондиҳандаҳои фаъолияти мақомот дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2018 беҳтар гардидааст. Чунин раванд бояд идома дода шуда, дар самти амалисозии нақшаҳои дар мақомот амалишаванда чораандешӣ карда шавад. Инчунин дар масалаи қабули муроҷиатҳо, баррасии муроҷиатҳо, муросилоти аз дигар мақомот воридгардида, баррасии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, иштироки кормандон  дар гурӯҳҳои корӣ, иштирок дар семинару конференсия ва мизҳои мудаввар, гузаронидани мониторингу санҷишҳо, баромад дар ВАО ва оид ба дигар масъалаҳо кормандони шуъбаҳои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон баромад намуданд

Ҳамчунин аз рӯи барнома ҳисоботи роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомот оид ба қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, такмили қонунгузорӣ, баргузории санҷишу мониторингҳо, иштирок дар семинару машваратҳо, иҷрои нақшаҳои корӣ ва дигар масъалаҳо шунида шуд.

Қайд карда шуд, ки шумораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки мусбат ҳал гардидаанд, рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

Сипас  фаъолияти  воҳидҳои  сохтории  мақомот ва кормандони он  мавриди таҳлил ва муҳокима  қарор гирифта, аз ҷониби роҳбарият  ҷиҳати тақвият додани корҳо ва иҷрои пурраи барномаи амали мақомот барои  соли 2019 дастурҳои  мушаххас дода шуд.

Бо дарназардошти баррасии ҳисоботҳо фаъолияти мақомот дар нуҳ моҳи соли 2019 қаноатбахш ҳисобида шуд.

 Хадамоти матбуотии  ВҲИ ҶТ

Муҳоҷират ва ҳуқуқи инсон

article14008

Раванди муҳоҷират дар даврони ҷаҳонишавӣ ба як падидаи муқаррарӣ табдил ёфтааст. Тибқи иттилои бадастомада имрӯзҳо  тақрибан 258 миллион нафар одамон, ки мутаносибан 3% аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд дар хориҷи кишвар, яъне берун аз ватанашон зиндагонӣ мекунанд.

Новобаста аз он, ки қисме аз муҳоҷирон ихтиёран ватанашонро тарк кардаанд, аксарият маҷбур шудаанд бо якчанд сабабҳо, аз ҷумла, сатҳи пасти зиндагӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, маориф, таъминот бо оби тозаи ошомиданӣ, хӯрокворӣ, манзил ва бад будани вазъи экологии маҳалли зисташон, ҳамчунин зери таъкиб гирифтор шуданашон аз тарафи давлат ва муноқишаҳои дохилӣ ҷои зисти доимии худро тарк кунанд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки муҳоҷирон ба қисми осебпазири аҳолӣ мансуб набошанд ҳам, дар бисёр ҳолатҳо ҳуқуқҳои онҳо поймол мегардад. Аз ҷумла, ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии онҳо, дастгиркунии худсарона, мавриди шиканҷа қарор гирифтан ва ҳамчунин халалдор шудани ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии онҳо аз ҷумла, ҳуқуқ ба саломатӣ, манзил, таҳсил ва ғайраҳо. Таъмин нагардидани ҳуқуқи муҳоҷирон дар бисёр ҳолатҳо ба зери табъиз қарор дода шуданашон вобастагӣ дорад.

Ин дар ҳолест, ки дар кишварҳои пешрафта давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, ножод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат дода аст.

Аксарияти муҳоҷирон дар вазъи ногувори зиндагӣ қарор дошта, бо сабаби табъиз шуданашон ба ҳеҷ куҷо шикоят намекунанд ва аз ҳуқуқуқу озодиҳояшон бархурдор нестанд.

Бояд қайд намуд, ки масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди таваҷҷӯҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар ин самт бо мақсади беҳтар намудани шароити будубош ва фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар пайваста тадбирҳо андешида мешавад.

Аз ҷумла, моҳи апрели соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия сафари расмӣ анҷом дода, пеш аз оғози барномаи сафарӣ бо роҳбарону намояндагони диаспор, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷуёни тоҷик дар Федератсияи Россия мулоқот намуданд. Дар мулоқот қайд карда шуд, ки дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ дар самти муҳаё кардани ҷойҳои нави корӣ дар дохили кишвар соли 2018 назар ба соли 2013 шумораи шаҳрвандони мо, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтанд, қариб 50 фоиз кам гардида, тибқи омори расмӣ 484 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Бинобар ин зарур аст, ки дар байни муҳоҷирон корҳои иттилоотонӣ ва маърифатӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, бо ҷалби намояндагиҳои давлатӣ дар хориҷи кишвар, ташкилотҳои байналмилалӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо тадбирҳо андешида шаванд.

Раҷабов Ш.,
Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва
фарҳангии Дастгоҳи ВҲИ ҶТ

Муколамаи намояндагони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо аҳолӣ дар шаҳри Хоруғ

IMG_20191008_111823Санаи 8 октябри соли ҷорӣ муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон-Бобохонов С.С. ва мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ, таҳлилӣ ва иттилоотии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон-Мирзоев Ҳ.Л. тибқи Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ бо аҳолӣ ва намояндагони мақомоти давлатии дар шаҳри Хоруғ фаъолияткунанда вохӯрӣ ва муколама баргузор намуданд.

Дар рафти чорабинӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ Мирзоев Ҳ.Л. дар бораи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва фаъолияти он суханронӣ намуда, баъдан Бобохонов С.С. дар масъалаи риояи ҳуқуқи инсон, санадҳои миллӣ ва байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсон, оид ба вазъи муҳити дастрас ба маъюбон, пешгирии зуроварӣ дар оила, оид ба ҳуқуқи дастраси ба қитъаи замини назди ҳавлигӣ, гирифтани шаҳодатномаи таваллуди кӯдакон, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, пешгирии омилҳои коррупсиони дошта ва дигар масъалаҳои ҳуқуқӣ маърӯза намуданд.

Дар қисмати муҳокимавӣ аз ҷониби иштирокчиён оид ба мушкилоти ҷойдашта дар самти ҳуқуқи инсон саволҳо дода шуда, тавсияҳо пешниҳод карда шуд. Аз ҷумла вобаста ба:

— ҳуқуқ ба гирифтани кумакпулии камбиозоатӣ;

-мушкилот оид ба мавҷуд набудани боғчаи бачагон;

-дохил гаштан ё нагаштани ҷалби кӯдакон ба шанбегиҳо барои ободонӣ ҳамчун меҳнати маҷбурӣ;

-оид ба бақайд гузоштани наварусон дар қайди манзили шавҳар ё волидайни он;

-оид ба тарзи муроҷиат ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон;

-оид ба будубоши кӯдакони падару модарашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда ва дигар масъалаҳо.

Аз ҷониби кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба саволҳои аз ҷониби иштирокчиён додашуда ҷавобҳои мушаххас додашуда хотиррасон карда шуд, ки онҳо метавонанд оид ба дилхоҳ вайроншавии ҳуқуқҳояшон дар қатори дигар мақомот ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон низ муроҷиат намоянд.

Хадамоти матбуотии  ВҲИ ҶТ