Санади тақдирсози миллат

1559296887_unnamedСанаи 6 ноябри соли 1994 барои тамоми мардуми Тоҷикистон, яке аз санаҳои тақдирсози миллат мебошад, зеро маҳз дар хамин рӯз бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, ки имсол мо 25-солагии онро ҷашн мегирем. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол барои мардуми мо санади роҳнамо ва таърихӣ буда, сарнавишти имрӯзу фардои давлатамонро дар худ таҷассум менамояд.

Конститутсия ба сифати қонуни олии кишвар дар шакли муайян таҳия шуда, аз суботу устувории махсус бархӯрдор аст. Он метавонад танҳо бо тартибе, ки худи Конститутсия муқаррар кардааст, таҷдиди назар карда шавад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, тағйиру иловаҳо ба он танҳо бо роҳи раъйпурсӣ ворид карда мешаванд.

Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ аст ва ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад.

 Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба таърихи инкишофи давлатдории шӯравӣ дар Тоҷикистон хотима гузошта, роҳи рушди комилан навро оғоз намуд. Конститутсия аз роҳи таҳкими ҳуқуқии арзишҳои умумидемократӣ ва самтгирии роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии ҷадид Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ амалан пайваст.

Таърих гувоҳи он аст, ки дар Тоҷикистон аз соли 1929 то ба имрӯз, 5-маротиба, яъне дар солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсияҳои гуногун қабул гардида, Конститутсияи нави амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ мекунад ва меъёрҳои он мустақиман амал намуда, ба стандартҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Қобили қайд аст, ки ба Конуститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба (26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016) бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардидааст.

Тибқи Конститутсия халқи Тоҷикистон худро ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон эълон намудааст, ки ин ифодакунандаи бевоситаи узви созмонҳои умумӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Конфронси Исломӣ, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё, Машварат оид ба Ҳамкорӣ ва Тадбирҳои Боварӣ дар Осиё, Бунёди Байналмилалии Наҷоти Арал ва ғайра шомил будани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Аз ин рӯ, Тоҷикистон риояи принсипҳои эътирофшудаи умумӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро ба уҳда гирифта, муносибатҳои дипломатии худро бо давлатҳои хориҷӣ барқарор менамояд, бо онҳо равобити мусолиматомез ва ҳамкориҳои судмандро дар муносибатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бар асоси принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ки дар оинномаҳои санадҳои он созмонҳо муқаррар шудаанд, ба роҳ мемонад.

 Конститутсия фарогири арзишҳои байналмилалӣ ва мутобиқ ба анъанаву суннатҳои мардуми тоҷик буда, ҳамаи меъёрҳои он ифодакунандаи мақсад, вазифа,  ҳадаф ва орзуи деринаи халқамон ба ҳисоб меравад. Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, меъёрҳои он сарчашмаи ташаккул ва такмили қонунгузории кишвар мебошанд.

Бо эътимод метавон изҳор намуд, ки 25–солагии аввалин Конститутсияи   Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи тоза мебахшад.

П. Маҷидов – сармутахассиси шуъбаи
ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки
Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи
 инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  

Вохӯрии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Умед Бобозода бо муовини нави сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Гинкел ва ҳайати ҳамроҳонаш

11Санаи 16 октябри соли 2019 тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умед Бобозода бо муовини нави сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Гинкел мулоқот намуд.

Зимни мулоқот, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умед Бобозода ташрифи нахусти ҷаноби Ҷон Гинкелро ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хайра мақдам гуфта, таъини ўро ба вазифаи муовини роҳбари намояндагии дипломатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод кард ва муваффақиятҳоро дар фаъолияти ояндаи миссия таманно дошт.

Дар рафти мулоқот Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умед Бобозода доир ба таъсис дода шудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки заминаи ҳуқуқиро гузошт, маълумоти муфассал дод. У. Бобозода ҳамчунин, доир ба самтҳои афзалиятноки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, қабули Барномаи таълим ва Стратегияи фаъолияти мақомот барои солҳои 2016-2020 қайд намуд ва дар ин робита саҳми назарраси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини эҳтиром ва риояи  ҳуқуқу озодиҳои инсон таъкид намуд.

Ҷаноби Ҷон Гинкел, низ аз ҷониби худ қабули эҳтиромонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умед Бобозодаро хуб пазируфта, сипосгузории худро байён кард ва пешниҳодоти У. Бобозодаро доир ба идома додани ҳамкориҳо дар самтҳои мухталифи ҳуқуқи инсон ҷонибдорӣ кард. Ҷаноби Ҷон Гинкел, ҳамчунин, такшил кардани ҳамкориҳо доир ба масъалаҳои вазъи умумии ҳуқуқи инсон, масоили савдои одамон, озодии виҷдон ва дин, озодии дастрасӣ ба ВАО-ро пешниҳод намуд.

Дар охири мулоқот ҷаноби Ҷон Гинкел ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пазироии самимӣ ва идома додани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд баҳри риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва тақвият додани иқтидори минбаъдаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, изҳори миннатдорӣ намуд.

 Хадамоти матбуотии  ВҲИ ҶТ

Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарони соҳаи саноати ҷумҳурӣ

48896746041_5e954c159d_wСанаи 14 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарони соҳаи саноати ҷумҳурӣ мулоқот  намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мақсад аз баргузории  мулоқот таҳлили вазъи воқеии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус бахши саноат, баррасии масъалаҳои ҳалталаби соҳа, дарёфти роҳҳои рушди он тавассути воридоти технологияҳои навтарин, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, тақвияти иқтидори содиротии мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва мусоидат кардан ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегии кишвар — саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлилҳои амиқи вазъи соҳаи саноат дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, дар амал ҷорӣ кардани ислоҳоти соҳаҳо, барномаҳои давлатӣ ва сармоягузорӣ ба иқтисоди миллӣ суханронӣ карда, барои рушду пешрафти кишвар, таъсиси корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ватании ивазкунандаи воридот, ба шуғл фаро гирифтани сокинон ба Ҳукумати кишвар, вазорати саноат ва технологияҳои нав, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳои марбута дастуру супоришҳо доданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ташкили низоми ҳуқуқиву иқтисодии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, соддагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ, ба танзим даровардани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, низоми иҷозатдиҳӣ, иҷозатномадиҳӣ, андозбандӣ, соддагардонии савдои хориҷӣ, эълони мораторий ба санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар рушди саноати кишвар нақши муҳим доранд.

Дар “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2016-2020” бо мақсади баланд бардоштани қобилияти рақобати маҳсулоти ватанӣ, ворид намудани технологияҳои муосир, тақвияти нерӯи кадрӣ дар ин самт ва такмили минбаъдаи заминаҳои меъёрии ҳуқуқии бахши саноат чораҳои мушаххас пешбинӣ гардидаанд.

 Барои пешгирӣ кардани таназзулёбии истеҳсолоти саноатӣ зарурат пеш омад, ки бо роҳи ҷалби сармояи хориҷӣ ва ҳавасманд кардани фаъолияти истеҳсолӣ саноати кишвар инкишоф дода шуда, пастравии ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ боз дошта шавад.

Бо ин мақсад якчанд барномаи давлатии соҳавӣ таҳия ва амалӣ гардида, бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ инфрасохтори зарурии истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ бунёду азнавсозӣ ва фазои мусоиди сармоягузорӣ фароҳам оварда шуд, ки ин ҳама ба рушди саноати кишвар заминаҳои зарурӣ гузошт.

Тайи 25 соли охир беш аз 80 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ барои бунёди инфрасохтори зарурӣ дар ҳаҷми беш аз 42 миллиард сомонӣ амалӣ гардид.

Ҳукумати кишвар дар замони истиқлоли давлатӣ барои соҳибкорону сармоягузорон беш аз 100 намуди имтиёзҳо ва сабукиҳоро ҷорӣ намудааст, ки нисфи онҳо барои дастгирии соҳаҳои истеҳсолӣ пешбинӣ шудаанд.

Дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти соҳаи саноат, дар навбати аввал, аз масъулони соҳа ва соҳибкорон вобаста мебошад. “Бинобар ин, зарур аст, ки барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ тарзу усули корбарӣ ва роҳҳои амалигардонии сиёсати саноатии кишвар дигар карда шаванд”-таъкид доштанд Президенти мамлакат.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки лоиҳаи қарорро дар бораи таъсиси Комиссияи давлатии амалисозии сиёсати саноатикунонии босуръати кишвар таҳти роҳбарии Сарвазири Тоҷикистон ва барномаи махсуси саноатикунонии босуръати кишварро барои солҳои 2020-2030 таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.

Бояд қайд намоем, ки баргузории чунин мулоқотҳо саривақтӣ ва судманд буда, баёнгари сиёсати хирадмандона ва инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат мебошанд. Дар натиҷа мо кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазъи воқеии соҳаҳои иқтисоди миллӣ воқиф гашта, барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои соҳибкорони ватанӣ талош намуда, кўшиш менамоем, ки дар амалӣ гардидани ҳадафи чоруми стратегии кишвар — саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми худро гузорем.

Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои
иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ