Ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот

Картинки по запросу "доступ к информации"Ҳуқуқи  дастрасӣ ба  иттилоот аз зумраи ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шахсии инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб рафта, дар санадҳои асосии ҳуқуқии байналмилалӣ, хусусан дар моддаи 19 Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва моддаи 19 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, ва сиёсӣ муқаррар гардидаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот ба ҳар шахс, қатъи назар аз вазъи шаҳрвандӣ, мансубияти динӣ ва миллию вазъи иҷтимоӣ аз ҷониби давлат кафолат дода шудааст.

Ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот ин ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд ба ҷӯстуҷӯи озодонаи иттилоот ва ба даст овардани он аз мақомоту ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо, ки иттилоотро мерасонанд. Гуфтан мумкин аст, ки татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон ба дастрасӣ ба иттилоот, таъмини дастрасии озод ба иттилооти дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ва ошкоро будани иттилооти шохаҳои ҳокимияти давлатӣ яке аз шартҳо ва меъёрҳои асосии фаъолияти давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Маҳз татбиқи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот иштироки воқеии шаҳрвандонро дар ҳаёти ҷамъиятию давлатӣ таъмин менамояд.

Аҳамияти махсуси ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоотро низ қайд намудан ба маврид аст. Зеро он ҳамчун унсури пайвасткунандаи тамоми низоми ҳуқуқҳо ва озодиҳои асосӣ амал намуда, бо риоя шудани ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот татбиқи воқеии ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ имконпазир мегардад.

Тибқи моддаи 19 Паймони баайналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрванди ва сиёсӣ ҳар як шаҳрванд ҳуқуқи озод ҷӯстуҷӯ кардан, ба даст овардан, паҳн намудани ҳама гуна маълумот ва андешаро, сарфи назар аз ҳудудҳои давлатӣ, шифоҳӣ, хаттӣ ё тавассути матбуот ё шаклҳои бадеӣ ё дигар воситаҳои изҳори онҳоро бо интихоби худ дорад.

Дар моддаи 25 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххасан қайд шудааст, ки «Мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони мансабдор вазифадоранд ба ҳар кас имконияти пайдо намудан ва шинос шуданро ба ҳуҷҷатҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиати ӯ дахл доранд, таъмин намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун муайян кардааст».

Шахсоне, ки мехоҳанд маълумотҳо ва ҳуҷҷатҳое, ки ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо дахл доранд, аз ҳамаи мақомоту ташкилот дастрас намоянд ва мақомотҳои дахлдор вазифадоранд ба ӯ чунин шароитро фароҳам оваранд. Агар ин ҳуқуқи шахс вайрон карда шавад, ӯ метавонад барои ҳифзи он ба мақомоти болоӣ ё ба суд муроҷиат намояд. Яъне моддаи 25 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доираи субъектҳоеро, ки чунин ӯҳдадориро доранд, муқаррар намуда, дар баробари мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсиро низ барои иҷрои ин ӯҳдадорӣ вазифадор кардааст.

Маҳдуд кардани ҳуқуқи шахс оид ба шинос шудан бо ҳуҷҷатҳое, ки ба ҳуқуқу манфиатҳои ӯ дахл доранд, танҳо дар ҳолатҳои истисноие, ки қонунгузорӣ муайян кардааст, иҷозат дода мешавад.

Бояд қайд намуд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мусоидат ба дастрасӣ ба иттилоот, баррасӣ ва санҷиши муроҷиатҳои шаҳрвандон оид ба ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот яке аз вазифаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба шумор меравад. Дар Стратегияи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2016-2020 яке аз самтҳои афзалиятноки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ин мусоидат ба риояи ҳуқуқ ба иттилоот муайян шудааст. Дар ин самт аз ҷониби мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон як қатор корҳо, аз ҷумла омӯзиши қонунгузорӣ, таҳлили вазъи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот, баромадҳо дар ВАО, мониторинги сомонаҳои мақомоти давлатӣ анҷом дода шудааст.

Новобаста аз он, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷустуҷӯ, дастрас ва паҳн намудани дилхоҳ иттилоот, ки бо қонун муайян гаштааст, тамоми шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ муҳайё карда шудааст. Таҳлили вазъ нишон медиҳанд, ки дар самти дастрасӣ ба иттилоот баъзе мушкилиҳо низ ҷой доранд. Беэътиноии баъзе мақомоти давлатӣ ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлили воситаҳои ахбори омма” ҳолатҳои беасос рад намудани пешниҳоди маълумот аз ҷониби баъзе вазорату идораҳо, норасоии иттилооти дастрас дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ дар сомонаҳои онҳо, мисоли ин мушкилиҳо мебошанд.

Масъалаи дигаре, ки боиси нигаронӣ ва ташвиш дар ин самт аст, ин вақтҳои охир дар фазои интернет мушоҳида шудани ҳолатҳои сӯистифода аз интернет мебошад. Дар баъзе ҳолатҳо бо истифода аз ҳуқуқи озодии сухан баъзе истифодабарандагон ё гурӯҳи муайян шахсони мансабдор ва ё шахсони мушаххасро мавриди танқиду таҳқирҳои беасос ва дур аз воқеият қарор медиҳанд, ки оқибат асос барои дахолати дахлдор аз ҷониби мақомоти танзимкунанда мегардад.

 Маълум аст, ки таблиғгарони баъзе гӯруҳҳои террористӣ барои ҷалби ҷавонон аз ҳама бештар аз сомонаҳои иҷтимоии Фейсбук, Вконтакте, Твиттер, Ютуб, Одноклассники ва Телограм истифода бурда, паёмҳои худро нашр менамоянд. Чораҳои андешидашаванда вобаста ба маҳдудкунӣ хусусияти муваққатӣ дошта, аз ҷониби мақомоти дахлдор пеш аз ҳама баҳри таъмини амнияти ҷамъият ва давлат равона карда шудаанд.

Новобаста аз он, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муддати нисбатан кӯтоҳ заминаҳои кофии меъёрии ҳуқуқӣ дар самти дастрасӣ ба иттилоот фароҳам оварда шудаанд, айни ҳол барои рушди минбаъдаи самти мазкур зарурати такмил додани он вуҷуд дорад.

Лоиқов Ш. сармутахассиси
шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии
Дастгоҳи ВҲИ дар ҶТ

Барои насли наврас Конститутсия бояд китоби рӯйимизӣ бошад

1559296887_unnamedҚонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар худ орзуву омоли чандинасраи халқи худогоҳу хештаншиносро баҳри бунёди ҷомеаи адолатпарвар инъикос намудааст, барои устувории соҳибихтиёрӣ, пойдории ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, суботи сиёсӣ, таъсиси низоми самарабахши мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ба миён омадани рукнҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ,  таҳкими ғояҳои инсондӯстона дар тафаккури ҷомеа, татбиқи асли таҷзияи ҳокимият ва шинохти кишвари азизамон дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ нақши созгору таърихӣ дорад.

Шӯрои  Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон 24  августи соли 1990 Эъломияи Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро қабул намуд. Ҳангоми қабул намудани ин ҳуҷҷати муҳим Тоҷикистон ба ҳайати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои  Шӯравии Сотсиалистӣ дохил мешуд.  Қабули Эъломияи мазкур қадами нахустин  дар ҷодаи омода намудани лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон моҳи августи соли 1990 комиссияи конститутсионӣ таъсис дода шуд, ки он лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро дар давоми як сол тайёр намуд. Аммо бетартибиҳои сиёсии моҳи августи соли 1991 ва пошхӯрии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ сабаби ба таъхир андохтан ва қабул нашудани ин лоиҳаи Конститутсия гардид. Эълон шудани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон боиси ба миён омадан ва таҳияи лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд. Аз ин рӯ, 3 январи соли 1992 бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати комиссияи конститутсионӣ тағйирот дароварда шуд. Баъдан бо фармони Президенти ҳамон вақтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раҳмон Набиев 10 феврали соли 1992 гурӯҳи корӣ дар ҳайати нуҳ нафар таъсис дода шуд. Гурӯҳи кории мазкур лоиҳаи нави Конститутсияро тайёр ва моҳи апрели соли 1992 ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд. Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 апрели соли 1992  лоиҳаи Конститутсияро маъқул дониста, онро ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карданд. Аммо оғози ҷанги шаҳрвандӣ имкон надод, ки лоиҳаи Конститутсия аз тарафи халқ пурра муҳокима гардад. Бинобар ин, кор аз болои лоиҳаи Конститутсия қатъ гардид.

Минбаъд масъалаи аз нав тайёр кардани лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйир додани ҳайати комиссияи конститутсионӣ танҳо дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  26 июни соли 1993 ба миён омад ва бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати комиссияи конститутсионӣ дар ин Иҷлосия тағйир дода шуд ва Раиси комиссияи конститутсионӣ  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон интихоб гардид.

Аввалин маҷлиси комиссияи конститутсионӣ  дар санаи 4 сентябри соли 1993 баргузор гардид, ки дар он ду гурӯҳи кории нав ташкил дода шуд. Моҳи апрели соли 1994 гурӯҳи корӣ ду шакли лоиҳаи Конститутсияро, ки яке аз он лоиҳаи конститутсия  бо шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ, дигаре бо шакли идоракунии ҷумҳурии парлумонӣ буд, ба комиссияи конститутсионӣ пешниҳод намуд. Дар натиҷа, лоиҳаи Конститутсия бо шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ маъқул дониста шуда, бо қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Конститутсия барои интишор ва муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карда шуд. Ҳамин тариқ, лоиҳаи Конститутсия 21-22 апрели соли 1994 дар матбуоти расмӣ интишор гардида,  муҳокимаи он то моҳи июли соли 1994 давом кард. Дар Иҷлосияи нуздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 21–22 июли соли 1994 баргузор шуд, лоиҳаи Конститутсия бо пешниҳоду таклифҳо муҳокима гардида, барои дар раъйпурсии умумихалқӣ 25 сентябр қабул гардиданаш қарори дахлдор ба тасвиб расид. Баъдан бо қарори Иҷлосияи 20-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 1994 муҳлати гузаронидани раъйпурсӣ то 6 ноябри соли 1994 тамдид карда шуд.

Рӯзи 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ бахшида ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 94,4 дарсади шаҳрвандон иштирок намуданд, ки 87,59 дарсади онҳо ба тарафдории қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз доданд. Аз ҳамин ҷост, ки   6 ноябри соли 1994 чун рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ботантана таҷлил карда мешавад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конститутсияи сифатан нав ва қабули он дар ҳаёти ҷумҳурӣ ҳақиқатан воқеаи таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Ин ҳуҷҷати бо роҳи демократӣ қабулшуда ба ҳисоб рафта, Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мустаҳкам менамояд. Дар он шакли идоракунӣ, сохтори давлатӣ ва реҷаи сиёсӣ  муайян карда шуда, давлати иҷтимоӣ будани Тоҷикистон мустаҳкам гардидааст. Хусусияти фарқкунандаи Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) инчунин дар он аст, ки он аввалин маротиба усули таҷзияи ҳокимиятро пешбинӣ карда, волоияти меъёрҳои қонуни асосӣ ва бартарияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро муқаррар намудааст. Дар он  нахустин бор сухан дар бораи вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд меравад, ки барои конститутсияҳои пешина ин мафҳум бегона буд. Қобили зикр аст, ки Қонститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи даҳ конститутсияи ҷаҳон аз ҳама одилонаву демократӣ ва дурандешонаву хайрхоҳона ба ҳисоб меравад, агарчи дар ҷараёни ҷанги шаҳрвандӣ қабул шуда бошад ҳам, самараи онро дар ин бисту панҷ соли Истиқлолияти давлатӣ дида истодаем.

Бояд қайд намуд, ки тайи  25 сол ба Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон се  маротиба бо тариқи раъйпурсӣ дар санаи 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ин тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан барои мустаҳкам намудани ақидаҳои давлати ҳуқуқбунёд, таҷзияи ҳокимият, волоияти худи меъёрҳои Конститутсия, қонунияти ҳуқуқӣ ва конститут­сионӣ, адолати судии конститутсионӣ ва назорати судии конститутсионӣ, дахлнопазир эълон шудани ҳуқуқҳои фитрии инсон ва ғайраҳо равона карда шудааст.

Дар асоси тағйироти номбурда нахустин маротиба дар фазои сиёсии мамлакат Парламенти дупалатагии доимоамалкунанда таъсис ёфта, ба фаъолият оѓоз намуд. Чунин такмили фаъолияти мақомоти ичроия дар сатҳи баланд нигоҳ доштани мустақилияти мақомоти судӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ба ҳайси арзиши олӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид.

Гузашта аз ин, дар давоми чанд соли охир бинобар воқеиятҳо ва ниёзҳои ҷомеа дар мамлакат худуди  ҳазор қонун дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат таҳия ва қабул шуданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба амалкарди Конститутсия чунин ибрози назар кардааст: «Эътирофи соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон ба василаи Конститутсияи он, бешубҳа, аз ҷумлаи арзишҳои гаронбаҳои миллат мебошад, зеро маҳз соҳибихтиёриву истиқлолият барои миллат имконияти интихоби озодонаи роҳи пешрафти мустақилонаро фароҳам оварда, халқро ба ҷаҳониён ҳамчун соҳибдавлату соҳибқудрат муаррифӣ карда истодааст».

Иштироки фаъоли ҷомеаи Тоҷикистон дар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла раъйпурсии умумихалқӣ ба ҷомеаи ҷаҳон маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги волои сиёсию демократии сокинони мамлакатро нишон дода, собит сохт, ки роҳи интихобкардаи Тоҷикистон ба хотири таъмини зиндагии шоиста ва саодати тамоми сокинони кишвар равона гардидааст.

Бо дарки аҳамияти таърихии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навин ва арзиши баланди масъалаҳои он, ки усулҳои конститутсионӣ бояд дар фаҳмиши инсон маърифати баланди ҳуқуқиро доир ба эҳтиром  гузоштан ба ин санади олии ҳуқуқӣ ба миён орад ва насли наврасро дар рӯҳияи эҳтирому риояи арзишҳои конститутсионӣ тарбия ва ба камол расонад, аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар бобати тарғибу ташвиқи васеи меъёрҳои ин санади муҳим тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ шудаанд.

Ба роҳ мондани омӯзиши ҳатмии Конститутсия дар муассисаҳои таълимӣ, ҳамзамон, барои бархӯрдор будани ҷавонон аз таърихи қабули  Конуни асосии кишвар, аҳамияти муҳими арзишҳои конститутсионии дар он инъикосгардида, ташаккули заминаҳои бовар ва эътиқоди насли наврас нисбат ба қонун ва сиёсати ҳуқуқӣ, баланд гардидани ҳисси ватандӯстию хештаншиносии онҳо, аз манфиат холи нест.

Низомов А.Б. – муовини
сардори шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии
Дастгоҳи ВҲИ