Ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»

25.10.2019 17:19, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» имзо гузоштанд.

Қонуни мазкур дар асоси принсипи инсондӯстӣ ва ба муносибати ҷашни 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 16 октябри соли ҷорӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд.

Қонун «Дар бораи авф» ба зиёда аз 20 ҳазор шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд, татбиқ мегардад. Аз ҷумла, нисбат ба ноболиғон, занон, маъюбон, шаҳрвандони хориҷӣ ва дигар шаҳрвандон татбиқ карда мешавад.

Мақомоти дахлдор бояд дар мӯҳлати ду моҳ қонунро пурра татбиқ намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи муфассал пешниҳод намоянд.

Матни пурраи қонун 

www.president.tj

Мизи мудаввар бахшида ба 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

20191025_101305Имрӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба 25-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассумгари ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванд»мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон- Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак Р.Ҳабибулозода, Ҷамшед Шарифзод — Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ намояндагони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, роҳбарият ва кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иштирок намуданд.

Чорабиниро Р.Ҳабибулозода оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуданд. Р.Ҳабибулозода зимни суханрониаш қайд намуд, ки халқи тоҷик ҳамчун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ иродаи худро бевосита тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ифода намуда, 25 сол муқаддам ҳамин Конститутсияро қабул намуд ва таърихи навтарини Тоҷикистони соҳибистиқлол собит менамояд, ки халқи куҳанбунёд ва соҳибтамаддуни тоҷик дар интихоби роҳи ҳаёти худ ва давлатдории навини тоҷикон хато накардааст.

Зимнан баргузории  чорабинӣ дар мавзӯҳои «Ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсиноии инсон ва шаҳрванд дар қарорҳои Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Конститутсия  таҳкурсии асосии кафолати ҳуқуқу озодиҳо», Конститутсия ва қонунгузории Тоҷикистон шиканҷа ва дигар муносибати бераҳмонаро манъ менамояд», « Масоили паноҳгоҳ тибқи Конститутсияи ҶТ», «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассумгари соҳибихтиёрии халқ ва давлат» ва «Конститутсия таҳкимбахши ҳуқуқу озодиҳои инсон» маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ Р.Ҳабибулозода  меҳмонон ва кормандони мақомотро бори дигар бо фарорасии 25-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, қайд намуд, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол барои мардуми мо санади роҳнамо ва таърихӣ буда, сарнавишти имрӯзу фардои давлатамонро дар худ таҷассум менамояд.

 Хадамоти матбуотии  ВҲИ