Ҳамкориҳои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тақвият меёбанд

DSC03777Дар доираи таҳкими ҳамкориҳо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода санаи 30-юми октябри соли ҷорӣ бо Ҳамоҳангсозии доимии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, хонум Пратибҳа Меҳта, Сафири Фавқулода ва Мухтори Финляндия дар Тоҷикистон, ҷаноби Юха Виртане ва ҳайати ҳамроҳонашон дидор ва мулоқот намуданд.

Нахуст Умед Бобозода меҳмононро ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хайрамақдам гуфта, ба ҷаноби Юха Виртане барои оғози фаъолияти дипломатӣ ба ҳайси Сафири Фавқулода ва Мухтори Финляндия дар Тоҷикистон бурдбориҳо таманно намуданд.

Зимни мулоқот У.Бобозода оид ба фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар тули даҳ соли гузашта ва махсусан ҳамкориҳо бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Вазорати корҳои хориҷии Финляндия маълумот дода, қайд намуданд, ки бо дастгирии молиявии Ҳукумати Финляндия тавассути Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати таҳкими иқтидори мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон як қатор корҳои назаррас анҷом дода шудааст.

DSC03759Ҷаноби Юха Виртане низ барои пазироӣ изҳори сипос намуда, қайд намуд, ки ин сафари аввалини ман ба Тоҷикистон аст ва ман аз меҳмоннавозӣ ва муносибати дӯстонаи мардуми Тоҷикистон хеле хушҳол шудам. Таъкид гардид, ки Ҳукумати Финляндия тавассути Вазорати корҳои хориҷии Финляндия шуруъ аз соли 2013 лоиҳаи «Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат»-ро тавассути Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ менамояд, ки он самараи хуб дода истодааст.

Хонум Пратибҳа Меҳта низ зимни суханронӣ аз ҳамкориҳои Барномаи Рушди СММ бо мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ёдоварӣ намуда, онро стратегӣ номид. Қайд карда шуд, ки Барномаи Рушди СММ дар оянда низ ҷиҳати таҳкими иқтидори мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мусоидат хоҳад кард.

Зимни мулоқот У.Бобозода аз баргузории конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва дурнамо», мусоидати Барномаи Рушди СММ ва Вазорати корҳои хориҷии Финляндия ёдовар гашта, барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани он изҳори сипос намуд. Ҳамчунин ба меҳмонон маҷмуаи маводҳои конференсия тақдим карда шуд.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ маросими супоридани кӯмаки техникӣ, ки аз ҷониби Барномаи Рушди СММ бо маблағгузории Ҳукумати Финляндия ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дастрас гардида буд, баргузор гардид. Ҷонибҳо иброз доштанд, ки ин таҷҳизоти техникӣ барои таҳкими иқтидори мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва амалӣ намудани ваколатҳои он мусоидат хоҳад кард.

Дар охир ҷонибҳо ҷиҳати тақвият ва идома додани ҳамкориҳои судманд изҳори омодагӣ намуданд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ