Санади тақдирсози миллат

1559296887_unnamedСанаи 6 ноябри соли 1994 барои тамоми мардуми Тоҷикистон, яке аз санаҳои тақдирсози миллат мебошад, зеро маҳз дар хамин рӯз бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, ки имсол мо 25-солагии онро ҷашн мегирем. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол барои мардуми мо санади роҳнамо ва таърихӣ буда, сарнавишти имрӯзу фардои давлатамонро дар худ таҷассум менамояд.

Конститутсия ба сифати қонуни олии кишвар дар шакли муайян таҳия шуда, аз суботу устувории махсус бархӯрдор аст. Он метавонад танҳо бо тартибе, ки худи Конститутсия муқаррар кардааст, таҷдиди назар карда шавад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, тағйиру иловаҳо ба он танҳо бо роҳи раъйпурсӣ ворид карда мешаванд.

Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ аст ва ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад.

 Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба таърихи инкишофи давлатдории шӯравӣ дар Тоҷикистон хотима гузошта, роҳи рушди комилан навро оғоз намуд. Конститутсия аз роҳи таҳкими ҳуқуқии арзишҳои умумидемократӣ ва самтгирии роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии ҷадид Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ амалан пайваст.

Таърих гувоҳи он аст, ки дар Тоҷикистон аз соли 1929 то ба имрӯз, 5-маротиба, яъне дар солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсияҳои гуногун қабул гардида, Конститутсияи нави амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ мекунад ва меъёрҳои он мустақиман амал намуда, ба стандартҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Қобили қайд аст, ки ба Конуститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба (26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016) бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардидааст.

Тибқи Конститутсия халқи Тоҷикистон худро ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон эълон намудааст, ки ин ифодакунандаи бевоситаи узви созмонҳои умумӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Конфронси Исломӣ, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё, Машварат оид ба Ҳамкорӣ ва Тадбирҳои Боварӣ дар Осиё, Бунёди Байналмилалии Наҷоти Арал ва ғайра шомил будани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Аз ин рӯ, Тоҷикистон риояи принсипҳои эътирофшудаи умумӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро ба уҳда гирифта, муносибатҳои дипломатии худро бо давлатҳои хориҷӣ барқарор менамояд, бо онҳо равобити мусолиматомез ва ҳамкориҳои судмандро дар муносибатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бар асоси принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ки дар оинномаҳои санадҳои он созмонҳо муқаррар шудаанд, ба роҳ мемонад.

 Конститутсия фарогири арзишҳои байналмилалӣ ва мутобиқ ба анъанаву суннатҳои мардуми тоҷик буда, ҳамаи меъёрҳои он ифодакунандаи мақсад, вазифа,  ҳадаф ва орзуи деринаи халқамон ба ҳисоб меравад. Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, меъёрҳои он сарчашмаи ташаккул ва такмили қонунгузории кишвар мебошанд.

Бо эътимод метавон изҳор намуд, ки 25–солагии аввалин Конститутсияи   Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи тоза мебахшад.

П. Маҷидов – сармутахассиси шуъбаи
ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки
Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи
 инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон