Аҳамияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими фаъолияти мақомоти давлатӣ

1559296887_unnamedКонститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст, дар ташаккулу инкишофи низоми давлатӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши муҳим ва ҳалкунанда дорад. Конститутсия соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона будани давлати Тоҷикистонро эълон намуда, заминаҳои конститутсионӣ-ҳуқуқии пойдорӣ ва инкишофи давлати тозабунёди Тоҷикистонро муайян намуд. Ислоҳоти низоми давлатдорӣ, аз ҷумла ташкилу фаъолияти мақомоти давлатии Тоҷикистон ва ислоҳоти ҳуқуқӣ минбаъд дар заминаи меъёрҳо ва талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтанд.

Талаботи меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудаанд, дар раванди ташаккулу инкишофи ҳамаи мақомоти давлатӣ ҳамчун заминаи ҳуқуқӣ истифода шуданд. Чунончи, давлати соҳибихтиёр будани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ташкили мақомоти нави давлатиро бо дарназардошти ҳифзи музаффариятҳои истиқлолияти давлатӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон, ҳимояи манфиатҳои миллии давлат дар шароити вусъати ҷаҳонишавӣ талаб мекунад. Аз ин рӯ, ҳамаи мақомоти давлатӣ ба шарофати соҳибистиқлолии давлати Тоҷикистон, баҳри ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ ва давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон таъсис дода шуда, фаъолият доранд.

Талаботи дигари меъёрӣ-ҳуқуқии моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона будани Ҷумҳурии Тоҷикистон низ заминаи конститутсионии фаъолияти мақомоти давлатиро ташкил медиҳанд. Мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри риоя ва иҷрои Конститутсия ва санадҳои дигари қонунгузории Тоҷикистон дар соҳаи инкишофи сохторҳои демократии ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар бахшҳои таъмини гуногунии сиёсӣ ва мафкуравӣ, фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар чоҳорчӯбаи Конститутсия, роҳандозии интихобот ва раъйпурсӣ дар заминаи қонун, иштироки шаҳрвандон дар идораи давлатӣ, амалӣ гаштани ҳукуқи шаҳрвандон ба муроҷиат ба мақомоти давлатӣ, фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар доираи талаботи Конститутсия ва қонун ҳамарӯза ва бо ҳисси масъулияти баланд фаъолияти барои ҷомеа муҳим ва муфидро анҷом медиҳанд.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд будани Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Дар робита бо пазируфта шудани ѓояи давлати ҳуқуқбунёд дар меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишҳои давлатдории ҳуқуқбунёд эътироф шуданд. Аз ҷумла, арзиши олии инсон ва ҳукуқу озодиҳояш, дахлнопазир будани ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон эътироф шуданд (м. 5), халқи Тоҷикистон баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гашт (қ. 1 м. 6), раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот чун ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ пазируфта шуданд. Дар моддаҳои дигари Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ арзишҳои дигари давлати ҳуқуқбунёд пазируфта шуданд, аз қабили таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба қонунгузор, иҷроия ва судӣ (м. 9), эътибори олии ҳуқуқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мустақиман амал намудани меъёрҳои конститутсионӣ, мувофиқати ҳамаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳукуқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риоя ва иҷрои Конститутсия ва қонунҳо (м. 10).

Арзишҳои давлати ҳуқуқбунёд, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби халқи Тоҷикистон дар раъйпурсӣ ҳангоми қабули Қонуни асосии давлат якдилона пазируфта шуданд, заминаи ҳуқуқии ташаккулу фаъолияти ҳамаи мақомоти давлатиро ташкил медиҳанд ва дар фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо риоя мешаванд. Дар байни арзишҳо ва талаботи давлати ҳуқуқбунёд мавқеи муҳимро ҳуқуқҳои инсон ҳисоб менамоянд. Дар шароити ташаккулу инкишофи давлати ҳуқуқбунёд ҳуқуқҳои инсон заминаи ҳуқуқӣ ва маҳаки меъёрии фаъолияти мақомоти давлатиро ташкил медиҳанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мисли санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, арзиши баланди иҷтимоии инсонро дар ҷомеа эътироф мекунад. Якҷоя бо шахсияти инсон ҳамчунин ҳуқуқу озодиҳои ӯ низ арзиши баланди ҳуқуқиро соҳиб мешаванд. Аз ин хотир, қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои татбиқи ҳуқуқ, аз он ҷумла, санадҳои мақомоти давлатӣ бояд бо дарназардошти арзиши баланди инсон ва аввалиндараҷа будани ҳуқуқу озодиҳояш қабул ва амалӣ гарданд.

Тибқи қисми 2-и моддаи 10-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд». Волоияти Конститутсия ва қонун нишонаи муҳими давлати ҳукуқбунёд мебошад. Аз ин хотир, риоя ва иҷрои ҳатмии Конститутсия ва қонун вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо мебошад.

П. Шарофов
Сармутахассиси шуъбаи
ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои
шаҳрвандӣ ва сиёсӣ