Инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд

ЁвонДар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бо ҷалби кормандони сохторҳои давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва қишрҳои гуногуни аҳолӣ  чорабинии иттилоотӣ-омӯзишӣ оид ба ҳуқуқи инсон баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ и.в.Раиси ноҳия Саидзода Ҷ.Ҳ., Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Бобозода Умед ва муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон — Бобохонов Сайдалӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар суханронии и.в.Раиси ноҳия муҳтарам Саидзода Ҷ.Ҳ. зикр гардид, ки ҳуқуқ ва озодии инсон аз ҷумлаи арзишҳои олие ҳастанд, ки риоя ва таъмини онҳо ҳадафи асоситарини давлати мутамаддин, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои бунёд ёфтани давлати навини миллӣ шароит ва заминаи мусоид фароҳам овард ва давлату Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ин давра барои мустаҳкам намудани рукнҳои муҳимтарини ҳокимият, баҳри эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини шароити мусоиди ҳаёт ба дастовардҳои зиёде ноил гардиданд.

Мутаасифона, дар баъзе мавридҳо, иддае аз ҳамдиёрони мо, бинобар сабаби надонистани ҳуқуқҳои худ мушкилоташонро ҳал карда наметавонанд. Аз ҳамин ҷиҳат, баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин маҳсуб меёбад.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Бобозода Умед ва муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон — Бобохонов Сайдалӣ доир ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд суҳбати пурмуҳтаво ороста, ба пурсишҳои аҳли нишаст посухҳо доданд.

Тавре дар анҷоми чорабинӣ гуфта шуд, чунин чорабиниҳо барои такмил ва таҳкими донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ нақши бориз мегузоранд.

www.yovon.tj