Конститутсия ва қонунгузории Тоҷикистон шиканҷа ва дигар намудҳои муносибатҳои бераҳмонаро манъ менамоянд

Ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф ҳуқуқи мутлақ ва дахлнопазири инсон буда, амалияи истифодаи мунтазами он ҳамчун ҷинояти хусусияти байналмилалӣ, зидди инсоният ва вайронкунии ҷиддии ҳуқуқи инсон эътироф шудааст.

Мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва қонунгузории Тоҷикистон шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф манъ карда шудааст.

Моддаи 5 Эъломияи ҳуқуқи инсон эълон медорад, ки ҳеҷ кас набояд таҳти шиканҷа ё муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шарафи ӯ қарор дода шавад. Чунин манъкунӣ арзиши асосии xомеаи демократӣ ба ҳисоб рафта, дар давлати ҳуқуқбунёд ба дур шудан аз ин меъёр набояд роҳ дода шавад.

Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, Конвенсияи Аврупоии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, Конвенсияи Аврупоӣ оид ба пешгирии шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф низ  истифодаи ин амалҳоро манъ менамоянд.

Яке аз воситаҳои пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои  шиканҷа ин ҳамроҳ шудан ба Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф ба шумор меравад. Бо ин мақсад Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ 21 июли соли 1994 Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шарафро, ки ба ҳамаи шаҳрвандон ҳуқуқи муносибат намудан бо онҳоро тибқи стандартҳои байналмилалӣ  пешбинӣ менамояд, тасдиқ намуд.

Ҳуқуқи мазкур ба дахлнопазирии шахсӣ ва шаъну шарафи инсонии фардӣ алоқамандии зич дорад.

Ин аст, ки Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун нахустин қонуни асосии давлат дар заминаи принсипҳои бунёдии давлати ҳуқуқбунёд таҳия ва қабул шудааст, ки яке аз онҳо манъи шиканҷа мебошад. Дар банди 3 моддаи 18 он омадааст, ки «ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад».

Дар тули солҳои охир дар ҷумҳурӣ дар самти пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои  шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шарафи инсон заминаҳои дахлдори ҳуқуқӣ омода шудаанд. Аз ҷумла, ба Кодекси ҷиноятӣ моддаи нави 143 (1) бо номи «Шиканҷа» ворид карда шуда, манъи шиканҷа дар Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ,  Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароитҳои дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» пешбинӣ шудаанд.

Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ истифодаи зӯроварӣ ва шиканҷаро нисбати иштирокчиёни мурофиа манъ намуда (қисми 2 моддаи 10), далелҳои бо роҳи шиканӣа ё муносибати бераімона ва ё усулҳои дигари ғайриқонунй ба даст овардашударо ғайри қобили қабул мешуморад (қисми 3 моддаи 88 (1).

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» (аз 28 июни соли 2011) дар моддаи 24 пешбинӣ менамояд, ки дар сурати бад шудани саломатӣ ё ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда, онҳоро кормандони тиббии ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан бетаъхир ташхису муоина мекунанд ва натиҷаи ташхису муоинаи тиббӣ қайд карда шуда, ба маълумоти гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда расонида мешавад. Инчунин ташхису муоина бо дархости худи гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда ё ин, ки бо талаби ҳимоятгари онҳо аз ҷониби кормандони муассисаҳои тиббии дигар гузаронида мешавад. Дар ҳолати рад кардани гузаронидани чунин ташхису муоина ба прокурори назораткунанда шикоят кардан мумкин аст.

Дар қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 25 июни соли 2012, №1 «Дар бораи татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа» хусусияти татбиқи қонунгузории мазкур, аз ҷумла баррасии арзу шикоятҳоро оид ба шиканҷа дар рафти таҳқиқу тафтиш ва муҳокимаи судӣ, банду басти кирдорҳои шахсони гунаҳгор ва ғайра шарҳу тафсир дода шудааст.

Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ аз 14 майи соли 2016, № 1306 тағйиротҳо ворид карда шудаанд, ки кафолатҳои пешгирии шиканҷаро тақвият мебахшанд. Аз ҷумла, оғози мӯҳлати дастгиршавии шахс лаҳзаи воқеан дастгир кардани ӯ ҳисоб карда шуда, дар ҷои дастгиркунии воқеӣ ба таври шифоҳӣ эълон карда мешавад, ки барои кадом ҷиноят дастгир шудааст, ҳуқуқи ӯро ба занги телефонӣ ё хабар додан ба адвокат ё хешовандони наздик, доштани ҳимоятгар ва даст кашидан аз додани нишондодро фаҳмонида, огоҳ карда мешавад, ки нишондодҳои ӯ метавонанд ба сифати далел дар парвандаи ҷиноятӣ муқобили ӯ истифода бурда шаванд. Дар протоколи дастгиркунӣ, аз ҷумла, насаб, ном ва номи падар, вазифа ва рутбаи кормандони мақомоти таъқиби ҷиноятӣ, ки дар дастгиркунӣ иштирок карданд, имзои онҳо дар протокол қайд карда мешаванд, инчунин муоинаи тиббии дастгиршуда гузаронида мешавад.

Таҳлили мутобиқати қонунгузории миллӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа  ва тағйироту иловаҳои воридкардашуда ба он аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки қонунгузорӣ дар умум ба муқаррароти Конвенсияи мазкур мутобиқат мекунад.

 Ашӯров М., сардори шуъбаи ҳифзи
 давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва
 сиёсии Дастгоҳи ВҲИ дар ҶТ